Чорабинии идона бахшида ба муносибати иди Рӯзи забони давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон.

Санаи 5-октябри соли равон дар толори  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ  ҷамъомади тантанавӣ  бо иштироки аҳли коллективи кормандони Хадамот баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  Маҳмадзода С.М.,   ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи кормандонро бо ин  ҷашни фархунда ва бошукӯҳ табрику таҳният намуда, дар бораи рисолати бузурги забони тоҷикӣ дар ҷомеаи башарӣ ҳамчун забони тамаддунофарӣ изҳори ақида намуд.

Дар хақиқат забон нишонаи асосии миллат буда, дар баробари нишону парчам ва суруди миллӣ, шумораи аҳолӣ ва марзу бум яке аз рукнҳои асосии давлат ба шумор меравад.

Дар ин бора Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ишора намудааст: «Забон хишти аввалини Кохи миллат аст. Агар забони миллат аз даст равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».

Арҷгузорӣ ва муносибати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ намунаи олии ватандорӣ маҳсуб ёфта , боиси пайравии ҳар як соҳибватан гаштааст. Роҳбари давлати тоҷикон бо муносибати эҳтиромонаи худ нисбат ба забони тоҷикӣ ба мо нишон медиҳанд, ки ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ рисолати ҳар фарди бонангу номус аст. Дар ҳақиқат, бузургтарин вазифаи ҳар тоҷики худшиносу ватанпарвар, ки бо фарҳангу забони худ арҷ мегузорад, поку мусаффо нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик ба мерос гузоштани ин сарвати миллӣ мебошад.

Дар суханрониҳо бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ аз ҷониби кормандон Раҷабзода Ш. сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва назорат ва Ормониён Б. мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ қайд гардид, ки забон аз рукнҳои асосӣ дар шинохти миллат ва давлат, ифодакунандаи тафаккур, ақида, ҳуввияту ормонҳо ва ҳастии миллат мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Дар фарҷоми ҷамъомад  Сардори Хадамот бори дигар тамоми кормандонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, ба ҳозирин бурдборӣ, хонаободӣ ва тавфиқу комгориҳоро таманно намуд.

                                  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

                                  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика