ҲУҚУҚИ КОРМАНДОНИ ДАР ДУ (ЯКЧАНД) ҶОЙ КОРКУНАНДА БА РУХСАТИИ МЕҲНАТӢ
Қонунгузории меҳнат, ки муносибатҳои меҳнатӣ, шарикии иҷтимоӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро байни корманд ва корфармо ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои корманд ва корфармо, муқаррар намудани кафолату имтиёзҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат равона карда шудааст. Таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ бевосита бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дарбаргирандаи меъёри ҳуқуқи меҳнат мебошанд, ба танзим дароварда мешаванд. Мавҷудияту мутобиқати қонунгузории меҳнат барои муқаррар намудани камтарин кафолату имтиёзҳои давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои кормандон ва корфармоён, фароҳам овардани шароити мусоиди кор ва муҳофизат аз бекорӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо зарур аст. Барои амалӣ намудани самтҳои ин фаъолият назорати саривақтии риояи қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат ва ба роҳ мондани семинару машварт ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ зарур аст.
Дар баробар ин, мушкилоти қонунгузории меҳнат дар самти ҳуқуқи кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунанда ба рухсатии меҳнатӣ ба назар мерасад, ки метавонад ҳуқуқу манфиатҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ махсусан кормандонро халалдор намояд.
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаҳои асосии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷумла дар самти дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ва хусусияти танзими меҳнати онҳо ба шумор рафта, бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи меҳнат муқаррар мекунад ва ба таъмини риояи манфиатҳои қонунии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ва давлат равона шудааст.
Дар таҳрири нав қабул шудани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳоеро, ки ба таври васеъ ва фаррохтар ба танзим даровард, ин муқаррар намудани меъёр дар самти ҳуқуқи кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунанда ба рухсатии меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари Кодекси меҳнати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие амал мекунанд, ки масъалаи таъмини ҳуқуқҳои кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаро ба рухсатии меҳнатӣ ба танзим медароранд. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, №122 “Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбаъӣ ва дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Номгӯйи касбу вазифаҳо дар ташкилоту муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки кор дар онҳо ба рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда ҳуқуқ медиҳад», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, №451 тасдиқ шудааст, мебошад.
Дар сархати 20, моддаи 1-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми “Дар ду (якчанд) ҷой кор кардан – тибқи шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд дар баробари кори асосӣ ва ё берун аз он иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии музднок” пешбинӣ шудааст.
Дар сархати 1 моддаи 230-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки корманд ба ғайр аз ҷойи кори асосиаш, ки аллакай бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, ҳуқуқ дорад бо якчанд корфармо оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан шартномаи меҳнатӣ бандад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки корманд ҳуқуқ дорад ба ғайр аз ҷойи кори асосиаш, ки алакаи дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад, бо ду (якчанд) корфармои дигар шартномаи меҳнатӣ баста, дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор гирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян намудааст.
Дар моддаҳои 91 ва 92-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки кормандон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар кодекси меҳнат пешбинишуда ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. Кормандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд.
Корманде, ки ба ғайр аз ҷойи кори асосиаш дар ду (якчанд) ҷой кор карда, бо корфармоён дар муносибати меҳнатӣ қарор дорад, баробари кормандони асосӣ ҳуқуқи баромадан ба рухсатии меҳнатӣ ва рухсатии иҷтимоиро дорад.
Сархати 53 моддаи 1-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст, ки рухсатӣ – вақте, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти нигоҳ доштани ҷойи кору мансаб аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро бо хоҳиши худ барои фароғат, барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ ва қонеъ гардонидани дигар талабот истифода менамояд.
Корманд ҳуқуқ дорад ҳангоми баромадан ба рухсатии меҳнатӣ аз ҷойи кори асосӣ ҳамчунин ба ҷойи кори ду (якчанд) расман муроҷиат намуда, маълумотномаи ҷойи кори асосиашро оиди дар давраи рухсатии меҳнатӣ қарор доштанаш пешниҳод намояд.
Корфармо бошад уҳдадор аст, ки ҳуқуқи ду (якчанд) ҷой корро ба рухсатии меҳнатӣ таъмин намояд. Чунки агар корфармо ҳуқуқи корманди ду (якчанд) ҷой коркунандаро ба рухсатии меҳнатӣ таъмин накунад, рухсатии меҳнатӣ моҳияти худро аз даст медиҳад.
Тибқи талаботи қисми 2, сархати 5-и моддаи 104-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба итмом расидани 11 моҳи корӣ корфармо уҳдадор аст бо хоҳиши корманд ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асосӣ дар давраи то 11 моҳи корӣ аз рӯи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд, рухсатии меҳнатӣ диҳад.
Ҳамчунин, тибқи талаботи қисми 3, сахати 2 моддаи 107 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муайян намудани вақт ва навбати пешниҳоди рухсатӣ, ҳуқуқҳои кормандони зерине, ки барои гирифтани рухсатӣ имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд, дар давраи муайян ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд — дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асосӣ.
Корфармоёнро зарур аст, ки ҳангоми таъмин намудани ҳуқуқҳои кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунанда ба рухсатии меҳнатӣ меъёрҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба меҳнат дар мади аввал ба инобат гиранд.
Мудири бахши дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатӣ дар
соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,
МИРЗОЗОДА ШАҲРИЁР МУНАВАР