СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ДАР МАВЗӮИ «БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ СУБЪЕКТҲОИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ», ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ГУРӮХОИ ЭКСТРИМИСТӢ ВА ТЕРЕРОИСТӢ ВА ҶАЛБИ ҶАВОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №72 НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СОЛИ 2024 – СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
Дар таърихи 19 апрели соли 2024 дар асоси нақшаи кори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо ҳамкории устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номӣ С.Айнӣ Маҳмудов Давлатшо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 ноҳияи Фирдавсӣ семинари машваратӣ бахшида ба эълон гаштани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар мавзуъи баланд бардоштани марифати ҳуқукӣ, шомилшавии ҷавон ба гурӯҳои экстремистӣ ва терористӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазур устоди Донинишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Маҳмудов Давлатшо, сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шарифзода Одил Раҳмон ва мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат Кабиров Файзалӣ Ганҷалович — иштирок ва суханронӣ намуданд.
Инчунин дар семнари мазкур ҳайати омӯзгорон ва кормандони техникӣ ва хонандагони муассисаи болозкир иштирок намудаанд.
Сараввал роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 ноҳияи Фирдавсӣ ба сухан намуда, ҳозиринро аз моҳият ва аҳамияти чорабинии мазкур огоҳ намуд.
Дар ҳамин замина аз ҷониби устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номӣ С.Айнӣ Маҳмудов Давлатшо вобаста ба масъалаҳои дар назардошта шарҳу тавзеҳ ва таклифу пешниҳодҳои мушаххасро баён намуд.
Сипас сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат Шарифзода Одил Раҳмон ва мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат Кабиров Файзалӣ Ганҷалович оид ба масъалаҳои гуногун, аз қабили моҳият ва аҳамамияти бастани шартномаи меҳнатӣ ва шартномаи колективӣ дар ташкилоту муассисаҳо, тартиби дурусти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҳангоми ба кор қабул шудан, пешниҳоди рухсатиҳои меҳнатӣ тартиби пардохти ҷубронпулӣ ҳангоми аз вазифа озод шудан ва ба инобатгирии вақти корӣ, баромад намудаанд.
Семенари мазкур дар фазои озод баргузор гардида, иштирокчиён озодона дар рафти музокироти масъалаҳои матраҳшаванда саволу ҷавоб намуда ба саволҳои онҳо пусухҳои мушаххас дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷамъбасти чорабинӣ дар мавзъуи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ таваҷҷуҳ зиёд гардид, ки мавзӯи мазкур дар семинар ба яке аз мавзӯъҳои асосӣ табдил ёфта, роҳҳои пурзӯр намудани талошҳо барои пешгирии чунин зуҳурортҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷмӯъ семинар ба як бархурди муҳим дар мавзуъи дониш ва таҷриба дар соҳаи қонунгузории меҳнат ва мубориза бо ифротгароӣ гардид. Аз ҷониби иштирокчиён оиди баргузории семенари мазкур сипосгузории худро баён намуда ба сатҳ ва самаранокии он баҳои баланд дода, ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳоро дар оянда изҳори назар намудаанд.
Хадамоти назорати давлатӣ
дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ