Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

Ҳарчанд дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об ва ташаббусу ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале мутобиқи маълумоти соли 2017 дар миқёси ҷаҳон тақрибан аз 750 миллион то 1 милиаррд нафар ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Тибқи таҳлилҳо ва арзёбии коршиносони байналмилалии соҳа соли 2030 ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди хатарнок, яъне камтар 1,7 ҳазор метрии мукааб дар як сол мерасад. Дар муқоиса бояд қайд намоем, ки ин нишондиҳанда дар солҳои 60-уми асри гузашта ба 60 ҳазор метри мукааб баробар буд.

Дар баробари пешрафти назаррас дар татбиқи дастёбӣ ба Ҳадафҳои марбутаи рушди ҳазорсола тавассути Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 хатарҳои наве чун тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ба ин восита зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ ҷомеаи ҷаҳонро ба он водор намуд, ки бо анҷом ёфтани даҳсолаи мазкур ба ҳамкорӣ дар масъалаи об хотима нагузошта, ташаббусҳои наверо дар ҳалли мушкилоти об пешниҳод намоянд. Бо назардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси чоруми худро таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор», солҳои 2018-2028 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд. Ташаббуси мазкур нахустин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об, 12-уми апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамовозии беш аз 190 давлати ҷаҳон бо қатъномаи махсус қабул шудааст. Тибқи Қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор», солҳои 2018-2028 дар рӯзи байналмилали захираҳои об, яъне 22-юми марти соли 2018 оғоз гардида, то 22-юми марти соли 2028 давом хоҳад кард. Мақсади асосии Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор», солҳои 2018-2028 муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар қисмати об ва дигар ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардидаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, Қатънома талаб менамояд, ки кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдот ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироянаи захираҳои об баҳри густариши ҳамкориву иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои соҳаи об кӯшиш ба харҷ диҳанд. Бо назардошти ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани Қатъномаи мазкур як платформаи муҳим ва арзишмандро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи мақсаду вазифаҳои марбут ба оби Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат менамояд. Ҳамчунин, Қатномаи мазкур захираҳои молиявӣ, кӯмакҳои гуногуни техникиро муттаҳид гардонида, истифодаи самароники захираҳои молиявии мавҷударо барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои рушди устувор густариш дода, барои ҷалби бештари маблағҳои сармоягузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун шароит фароҳам меовард. Бояд таъкид кард, ки сармоя ва маблағгузорӣ дар соҳаи об хусусан барои рушди инфрасохтори об яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои соҳаи об мебошад ва интизор меравад, ки қабул гардидани даҳсолаи нав, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба ин раванд такони ҷиддӣ ва нерӯи тоза мебахшад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика