ШАРТОМАИ МЕҲНАТӢ-АСОС ВА ТАҚВИЯТБАХШИ НМУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ

 

Дар раванди таъмин намудани шуғли пурмаҳсули кормандони тамоми соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, муассир гардонидани нақши шартномаи меҳнатӣ дар байни тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ ба мадди аввал мебарояд. Ин бесабаб нест, зеро заминаи асосии шуғли пурмаҳсул, дар навбати аввал қатъиян риоя гардидани муқаррароти қонунгузории марбути муносибатҳои ҷонибҳои раванди фаъолияти меҳнатӣ башумор меравад. Муносибатҳои меҳнатии байни корманд ва корфармо бошанд, дар асоси ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣба вуҷуд меоянд ва ба тадриҷ тақвият меёбанд.

Дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, моҳияти мафҳуми шартномаи меҳнатӣ чунин тавзеҳ ёфтааст: «шартномаи меҳнатӣ – созиши байни корфармо ва корманд, ки тибқи он корманд уҳдадораст корҳоро аз рӯи як касб, як чанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, уҳдадораст барои ҳамин кор ба корманд пурра ва сари вақт музди меҳнат диҳад ва шароити меҳнатеро, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад».

Ҳамзамон, авомили зайл, аз қабили:

— интихоб шудан ба вазифа (мансаб);

— интихоб шудан дар асоси озмун ба вазифа (мансаб);

— ба вазифа (мансаб) таъйин ё тасдиқ шудан;

— фиристодан ба кор аз ҷониби мақомоти ваколатдор аз ҳисоби квотаи муқарраршуда ё роҳхат;

— санади судӣ дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ, метавонанд барои бастани шартномаи меҳнатӣ асос гарданд.

Дар баробари ин, корфармо дар доираи квотаи муқарраргардида бо шахсе, ки барои бо кор таъмин намудан фиристода шудааст ва тахассуси ӯ ба талаботи корфармо ҷавобгӯ мебошад, бояд шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонад.

Ҷоизи таъкидаст, ки роҷеъ ба синну соли шаҳрвандоне, ки бо онҳо корфармо метавонад шартномаи меҳнатӣ бандад, баъзан дар байни аҳолӣ баҳсу мунозираҳо ва нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Аз ин лиҳоз, метавон ба муқаррароти моддаи 21 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Тавре ки дар сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи номбурда омадааст, шаҳрванди ба сини понздаҳсола расида, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад.Дар ҳолатиистисноботаълимгирандагоне, кибасинничордаҳрасидаанд, инчунин таълим гирандагоне, ки ба синни чордаҳ нарасидаанд ва дар театрҳо, ташкилотҳои ба наворгирии кино, консертҳо, сиркҳо ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ, безараррасонидан ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон иштирок менамоянд, бо мувофиқаи падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда бехалалдор кардани раванди таълим метавонанд шартномаи меҳнатӣ банданд.

Масъалаи дигари мубрами рӯз, ки аз таҳлили мазмуни баъзе шартномаҳои байни кормандон ва корфармоёни алоҳида ба имзорасида бармеояд, ин дар матни шартномаҳои меҳнатӣ қайд нагардидани як қатор нишондиҳандаҳои мазмуни шартномаи меҳнатӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ҷоизи таъкиди махсус медонем, ки зимни таҳия намудан ва ба имзо расонидани ҳар як шартномаи меҳнатӣ дар матни он бояд ҳатман нишон дода шаванд:

— ном ва суроғаи корфармо, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад;

— насаб, ном ва номи падар, рақам ва ҷойи додашудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда;

— насаб, ном ва номи падар, рақам ва ҷойи додашудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда, агар корфармо шахси воқеӣ бошад;

— ҷойи кор (ташкилот ва ё воҳиди муайян);

— вазифаи (мансаби) ишғол намудаи корманд;

— хусусияти шароити меҳнат, кафолат ва имтиёзҳо, агар кори иҷрошаванда ба корҳои вазнин ва ё дар шароити зарарнок ё хатарнок мансуб бошад;

— санаи оғози кор;

— муҳлати шартномаи меҳнатӣ;

— низом ва реҷаи вақти корӣ;

— вақти истироҳат ва давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи корманд;

— андозаи музди меҳнат ва дигар шартҳои пардохти муздимеҳнат;

— ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо;

— ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд;

— тартиби тағйир додан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ;

— кафолат, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо;

— шартҳои суғуртакунонӣ;

— ҷавобгарии тарафҳо;

— санаи бастан ва рақами тартибии шартномаи меҳнатӣ.

Инчунин, бояд қайд намуд, ки бо ризоияти тарафҳо дар шартномаи меҳнатӣ метавонанд дигар шартҳое, ки ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, пешбинӣ карда шаванд. Шартҳо бошанд, танҳо бо розигии тарафҳо дар шакли хаттӣтағйир дода мешаванд.

Зимнан, ҳангомиба имзо расонидани шартномаи меҳнатии муҳлатнок, дар он муҳлати амал ва ҳолатҳое (сабабҳое) нишон дода шаванд, ки барои бастани чунин шартнома асос гардидаанд.

Дар марҳалаи ҳозираи рушди шуғли пурмаҳсул шартномаи меҳнатӣ воқеан ҳам ба омили асосии тақвиятбахши муносибатҳои меҳнатӣ табдил ёфтааст. Инро метавон аз мазмун ва раванди иҷрои муқаррароти шартномаҳои меҳнатӣ дарёфт. Таҳлили мазмун ва шартҳои шартномаҳои меҳнатӣ дар байни кормандон ва корфармоёни соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат ва рафти иҷрои пурра ва саривақтии онҳо собит месозад, ки дар айни замон аз ҷониби корфармо иҷрои чунин шартҳои шартномаҳои меҳнатӣ, аз қабили таъмини шароити мусоиди корӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, иттилоотонии кормандоноид ба шароити меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат,  сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт намудани музди меҳнати кормандон, пардохти музди меҳнат ҳангоми бекористӣ, истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рӯзҳои истироҳати ҳар ҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва пардохт нашаванда, рӯзҳои кӯтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад, рӯёнидани ҷуброни зарари ба саломатии корманд расонидашуда бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ, бо суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ ва кумакпулиҳо аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ фарогирии кормандон ва таъмини ширкати намояндагони кормандон дар раванди баррасӣ ва ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатӣ тибқи муқаррароти шартномаҳои меҳнатӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар баробари ин, корфармо набояд як нуктаи басо муҳими қонунгузории марбути муносибатҳои меҳнатиро аз мадди назар дур созад. Дар қонунгузории самти меҳнат ҳатман ба корманд дастрас намудани нусхаи дуюми шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин муқаррарот ба хотири таъмин гардидани ҳуқуқу кафолатҳои муқарраргардидаи қонунгузорӣ ва иттилоотонии корманд аз шарту шароитҳои кори интихоб намудааш мебошад.

Ба андешаи мо, самарабахшии шартномаи меҳнатӣ дар самти тақвият бахшидани муносибатҳои меҳнатии байни корманд ва корфармо бештар мегардид, агар дар ҷараёни амалӣ намудани муқаррароти он тадбирҳои зерин пайваста ва собитқадамона мавриди татбиқ қарор мегирифтанд:

— бо санҷиши пешакӣ  басташудани шартномаи меҳнатӣ;

— дар шартномаи меҳнатӣ қайд карда шудани гузаштани давраи санҷиш;

— ба имзо расондани шартномаи шогирдӣ бо шахсони корҷӯ оид ба таълими касбӣ;

—  тибқи шартнома муқаррар намудани музди меҳнат ҳангоми омӯзиш;

—  аз ҷониби корфармо қонеъ гардонида шудани хоҳиши корманд бо сабабҳои узрнок оид ба муваққатан ба кори дигар гузаронидани ӯ.

Боиси қаноатмандист, ки ташкил ва баргузор намудани корҳои тарғиботию  ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳии моҳияту мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбути муносибатҳои меҳнатӣ, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ), экологӣ, муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ, шуғлиаҳолӣ, инчунин, аз байн бурдани ҳолатҳои таъбиз дар муносибатҳои меҳнатӣ, меҳнати маҷбурӣ, аз ҷумла истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, аз ҷумлаи супоришҳои бандҳои алоҳидаи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” мебошанд.

Итминони комил бар он дорем, ки фаъолияти самарабахши ҳайати Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, боиси боз ҳам муассиртар гардидани нақши шартномаи меҳнатӣ дар тақвиятбахшии минбаъдаи муносибатҳои меҳнатӣмегардад.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика