ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«Истиқлолият ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои давлати соҳибихтиёр, рамзи саодати миллат, ҳуввият, озодӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноилшавӣ ба дастовардҳои беназир дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик нақши муассир гузошт ва ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
Дар ин давра, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастоварду музаффариятҳои бузург сазовор шуд, ки ба рушду инкишофи кишвар ва таҳкими истиқлоли миллӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
Махсусан бояд қайд намуд, ки худи Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург барои миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Санаи 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар ин замина 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти комили худро ба даст овард.
Дастоварди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардидани Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки барои рушди сиёсӣ ва иқтисрдию фарҳангии мамлакат аҳамияти ниҳоят бузург дорад. Дар ин радиф қайд намудан ба маврид аст, ки дар баробари ин дастоварди муҳими сиёсӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ: Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони давлатҳои исломӣ ва ғайраҳо мебошад, ки дар доираи онҳо кишвари маҳбуби мо мизбони якчанд конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
Бо хушнудии том бояд иброз намуд, ки аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва
дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунии куллӣ дароварда шуда, дар шакли нав қабул гардид, ки он аз соҳибтоҷ будан ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Оҳанги онро ҳанӯз соли 1964 Сулаймон Юдаков ба матни шоири маҳбуб Абулқосим Лоҳутӣ эҷод карда буд. Бо ҳамин оҳанг шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ матни мувофиқ офарид ва ҳайати доварон онро маъқул донистанд. Суруди миллӣ фарогири тамоми орзую умед ва ниятҳои некбинонаи халқи тоҷик садо медиҳад.
Инчунин, 6 ноябри соли 1994 бори нахуст тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Конститутсия санади муҳими сиёсӣ, ҳуҷҷати тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардуми тоҷик мебошад, ки дар марҳилаи хеле мураккабу сарнавиштсози ташаккулёбии давлатдории миллиамон қабул гардид.
Дар ин радиф, муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ расидан ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Бо талошҳои пайгирона ва хастанопазири Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон» қабул гардид ва кишвари ҷангзадаи мо аз нав ба ошёни Сулҳу Ваҳдат мубаддал гашт, ки ин дастовард бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар гардидааст.
Бояд хотирнишон намуд, ки ба ҳукми анъана даромадани эҳё ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, таҷлили санаҳои таърихию фарҳангӣ ва бузургдошти симоҳои барҷастаи илму адаб ва сиёсати тоҷик дастоварди дигари ниҳоят муҳим мебошад, ки дар ин ҷода дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат асос ва ибтидо гардидаанд. Дигар дастоварди ниҳоят муҳим бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000, №415 дар бораи аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар – Сомонӣ, ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849–907) номгузорӣ шудааст, эълон гардид ва пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Дар пулҳои коғазӣ акси арбобони бузурги классику муосири халқи тоҷик, тасвири ёдгориҳои меъморӣ ва таърихии Тоҷикистон, ашёи санъату ҳунари мардуми тоҷик ҷой дода шудаанд, ки ин иқдом бевосита аз арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои бунёдгузорандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, соли 2003-ро «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013-ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005–2015-ро “Даҳсолаи байналмилалии амалиёт барои об” ва солҳои 2018–2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. Дар доираи ин солҳо, форуму симпозиум ва конференсияҳои бонуфузе, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ оид ба об, аз ҷумла истифодаи оқилонаи об, муҳофизати обҳои тоза, мубориза бар зидди ифлос кардани об, ташкили самараноки идораву истифодаи захираҳои обӣ фаро гирифта шуданд, ки ин масъала Тоҷикистонро бори дигар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ва дастоварди арзишманди давраи Истиқлол ба ҳисоб мераванд, ки барои беҳбудии вазъи некӯаҳволии мардум, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносии онҳо, таълиму тарбияи мукаммали насли наврас ва масъулиятшиносии волидон дар ин самт мусоидат менамоянд.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо содир намудани як қатънома ҷашни миллии тоҷикон – Наврӯзи Аҷамро ҷашни байналмилалӣ эълон кард ва он дар иҷлосияи 64 Ассамблеяи генералии СММ дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» сурат гирифт. Ҳамзамон, таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд унсурҳои фарҳанги моддию ғайримоддии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд, аз ҷумла ҷашни миллию мардумии “Наврӯз”, мусиқии суннатии “Шашмақом”, таоми миллии “Оши палов”, матои миллии “Чакан”, инчунин, якчанд ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷашнвораҳои таърихии мардуми тоҷик ба ин феҳрист шомил шуданд, ки боиси ифтихору сарфарозӣ ва нишонаи фарҳангсолорию адабпарварии миллати тоҷик мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ даврони бунёду мавриди истифода қарор додани бузургтарин нақбҳо, аз қабили “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон”, “Дӯстӣ”, “Озодӣ” аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон гардид ва ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Дар ин самт бунёди шоҳроҳу роҳҳои мошингард, аз қабили “Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ”, “Айнӣ – Панҷакент”, “Кулма–Қароқурум”, “Душанбе–Қӯрғонтеппа–Кӯлоб”, роҳи оҳани “Душанбе–Бохтар” ва дигар роҳҳои дохилишаҳриву дохилиноҳиявӣ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти минтақаҳои кишвар заминаи боэътимодро фароҳам оварданд. Дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва ба истифода додани ду агрегати он, инчунин, дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург дар миқёси ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Бо ин роҳ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пурра амалӣ гардид.
Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани теъдоди бузурги биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мактабу боғчаҳои кӯдакон, беморхонаю марказҳои саломатӣ, китобхонаю осорхонаҳо, қасру хонаҳои фарҳанг, театру филармонияҳои халқӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳҳо, майдону маҷмааҳои варзишӣ ва дигар иншоот барои мардум, хусусан насли ояндасози миллат аз дастовардҳои калони даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд. Махсусан, бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи фарҳангии “Кохи Наврӯз” ба рӯйхати “8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай” ворид гардид, ки боиси ифтихору сарфарозии мардуми шарафманди бунёдкори тоҷик ба ҳисоб меравад.
Чун сухан аз дастовардҳои халқи мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар меравад, эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро набояд аз лавҳи хотир баровард, зеро татбиқи ин тадбирҳо барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихии меъморию табиӣ, эҳёву инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ, бунёду азнавсозии иншооти гуногун дар деҳот ва дар маҷмӯъ баҳри рушди маҳал заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Саноатикунонии босуръати кишвар” ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мебошад, ки ин ташаббус дар рушду инкишофи соҳаи саноат ва ба ин васила барои ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ заминаи боэътимод мегузорад.
Бояд қайд намуд, ки мо дар гуфтаҳои дар болозикргардида аз ҳазорон дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ҳамаги чандтои онҳоро манзури хонандагони гиромиқадр гардонидем.
Дар интиҳо бояд иброз намуд, ки яке аз арзишҳои бебаҳо ва беназири миллати Тоҷик ин худи Пешвои муаззами миллат ва сиёсати созандаю бунёдкоронаашон, Истиқлолияти давлатӣ, ки бевосита бо ташаббус ва заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззам ба миллати тоҷик муяссар гардидааст ба ҳисоб меравад, ки ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ бо садоқат ва сипосгуозрӣ аз он истиқбол намояд.
Ҳар як шаҳрванди даврони Истиқлолияти давлатӣ бояд эътироф намояд, ки даврони соҳибистиқлолӣ воқеан ҳам замони пешравиҳои беназир дар таърихи муосири кишвари мо сабт хоҳад шуд.
Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар
соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
С. Маҳмадзода