Саривақт напардохтани музди меҳнат

 

Аризаи оиди саривақт напардохтани музди меҳнат дар Муассисаи истифодабарии манзилии № 4 –и н. Шоҳмансури  ш.Душанбе.

Аризаи шикоятии шаҳрвандон Саъдуллоева Н.Т., Карагаев А.Д., Шарифов И.Х., Икромова Г.Р., Азизова М.Ф. ва Маллаев Ҷ.,   санаи 26 июни соли 2020 оиди  саривақт напардохтани музди меҳнат дар Муассисаи истифодабарии манзилии № 4 –и н. Шоҳмансури  ш. Душанбе  ба шуъбаи  Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ворид  гардид.

Мутобиқи муқаррароти моддаҳои 12 ва 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 361 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 №299), дар асоси  аризаи шаҳрвандон Саъдуллоева Н.Т., Карагаев А.Д., Шарифов И.Х., Икромова Г.Р., Азизова М.Ф. ва Маллаев Ҷ., аз 26 июни соли 2020, №Ш/129 ва фармоиши  Шарифзода Маҳмадали Пир Сардори шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар  соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе аз 7 июли соли 2020, №14/27 дар муассисаи истифодабарии манзилии № 4 –и н. Шоҳмансури  ш.Душанбе бо хабардошт ва розигии сардори ин муассиса Ҳамидов Нурбой Алимович ва сармуҳосиб Музафаров Маҳмудҷон Тоирович, аз санаи 7 то 13 июли соли 2020 санҷиши ғайринақшавӣ гузаронида шуд.

Санҷиш ва ҳуҷҷатҳои расмии пешниҳоднамудаи  муҳосибот маълум намуд, ки далелҳои овардаи шаҳрвандон, ки дар аризаи худ оид ба ҳолатҳои саривақт напардохтани музди меҳнат дар муддати даҳ моҳ аз ҷониби роҳбарияти муассиса асоснокии худро пайдо накард, чунки тибқи варақаҳои пулдиҳӣ ҳамаи шаҳрвандони дар боло зикргардида музди меҳнаташонро бо пуррагӣ гирифтаанд.

Дар рафти санҷиш   ҷубронпулии истифоданашудаи рухсатии меҳнатии собиқ корманди Муассиса Саъдуллоева Нилуфар ба маблағи 369,72сомонӣ ва баҳраи бонки ба маблағи 48,06 сомонӣ, ки дар умум ба маблағи 417, 78 сомониро ташкил медиҳад, ба пуррагӣ пардохт шуд.

Нисбати роҳбари корхонаи мазкур барои риоя нагардидани талаботи моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне саривақт напардохтани музди меҳнат  бо  назардошти талаботи моддаи 134-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 1160 сомонӣ ҷаримабандӣ татбиқ карда шуд.

 

                                                              Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,

                                                              муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика