Эълон
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои ишғоли мансаби холии зерини маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
-Сармутахассис (мансаби категорияи панҷум) дар бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Рашт-1 ҷой; маоши вазифавии моҳона 1186,80 сомонӣ, талаботи тахассусӣ: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад (ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ бартарӣ дода мешавад), 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-Мутахассис (мансаби категорияи ҳафтум) дар раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд-1 ҷой; маоши вазифавии моҳона 924,60 сомонӣ, талаботи тахассусӣ: таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад (ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодӣ бартарӣ дода мешавад).
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок карданро доранд, ба бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамоти номбурда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-ариза ба номи Сардори Хадамот бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-маълумотнома вобаста ба надоштани доғи судӣ.
Ба иштирокчиёни озмун, ки дорои сифатҳои касбии зерин мебошанд, бартарӣ дода мешавад:
-собиқаи корӣ на камтар аз 3 сол аз рўи ихтисос; (ба онҳое, ки дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ фаъолият доранд, бартарӣ дода мешавад);
-донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра);
-донистани барномаи offlce (word, excel, outlook), пайвасти компютерҳо таввасути шабака ва кор бо барномаҳои дахлдори он;
— қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ;
— дониши сиёсӣ.
Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз рўзи нашри эълони мазкур дар мўҳлати 21 рўз аз тарафи бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, бинои Борбад-71, ошёнаи дуюм,утоқи кории-15 қабул карда мешаванд. Сомонаи Хадамот: khnm.tj; тел: 231-47-71.
Бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамот
Добавить комментарий