Бехатарӣ ва таъмини ҳифзи меҳнат дар сохтмон

 

Муҳтарам ҳозирини гиромӣ !

 

Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар асоси Низомномаи Хадамот, тибқи Нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳои  Раиси  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва    тибқи талаботҳои  меъёру қоидаҳои шаҳрсозии ҷумҳурии тоҷикистон   «бехатарии меҳнат дар сохтмон.кисми 1.»  “Талаботҳои умумӣ”   ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозии ҷумҳурии тоҷикистон 12-03- 2014  «бехатарии меҳнат дар сохтмон. қисми 2    дар иншоотҳои сохташаванда дар ҳудуди Ҷумҳурӣ назорати  риояи қонунҳои амалкунандаро оид ба техникаи бехатарӣ  ва таъмини ҳифзи меҳнат  амалӣ менамояд.

Ҳифзи  меҳнат ин  системаи  чорабиниҳои  ҳуқуқӣ,  иҷтимоию  иқтисодӣ,  ташкилию  техникӣ,   санитарию  гигиенӣ,  табобатию  пешгирӣ  ва  барқароркунӣ,  ки  мутобиқи  қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ  гардидаанд ва бехатарӣ,  ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсонро дар ҷараѐни меҳнат таъмин менамоянд.

Иштирокчиѐни сохтмони объектҳо ( фармоишгарон, лоиҳакашон, пудратчиѐн, таъмин ва таҳвилкунандагон, инчунин  истеҳсолкунандагони  мавод,  ва конструксияҳои сохтмон, техникаи сохтмонӣ ва дастгоҳҳои саноатии истеҳсолӣ) барои вайрон намудани муқаррароти  қонунгузорӣ ҷавобгар мебошанд.

Дар  сарҳади  минтақаҳое,  ки  доимо  омилҳои  хатарноки  истеҳсолӣ  амал  мекунанд  (таъсир мерасонанд),  бояд  панҷараҳои муҳофизаткунанда  гузошта  шаванд.    Пеш  аз оғози кор, роҳбари иҷрои кор вазифадор аст, кормандонро бо чорабиниҳо оид ба бехатарии иҷрои корҳо шинос намояд, дастурамал диҳад ва дар супоришномаи иҷозатдиҳанда, онро қайд намояд.

Ашхосе,  ки  супоришномаи  иҷозатдиҳандаро  додаст,  вазифадор  аст,  таъмини  чорабиниҳои  бехатарии иҷрои корҳоро, ки дар он пешбинӣ шудааст назорат намояд.

Кормандоне,  ки  ба  иҷрои    корҳо  дар  ҷойҳои  баланд  (болобароӣ),  бори  аввал  роҳ  дода мешаванд, дар муддати як сол, зери назорати бевоситаи кормандони ботаҷриба, ки бо фармони роҳбари ташкилот ҳамчун муттасаддӣ таъин шудаанд, бояд кор кунанд.

Мутобиқи  қонунгузории  амалкунанда  ӯҳдадории  таъмин  намудани  шароитҳои  ҳифз  ва бехатарии меҳнат дар ташкилот ба зиммаи корфармо вогузор карда шудааст.

Ҳангоми  муайян  намудани  вайронкунии  меъёр  ва  қоидаҳои ҳифзи  меҳнат,  коргарон  бояд, барои бо қувваи худ бартараф намудани он чораҷӯӣ намоянд ва агар онро бартараф карда натавонанд, бояд корро қатъ намоянд ва шахсони масъул ва муттасаддиро аз ин огоҳ кунанд.

Дар  ташкилотҳо  тибқи  муқаррароти  муайянгардида  номгӯйи  зерини  хуҷҷатҳои  меъѐрии  истеҳсолотӣ-соҳавӣ  оид  ба  ҳифз  ва  бехатарии  меҳнат,  бояд  таҳия,  мукаммал,  нашр  ва  нигоҳ  дошта

шаванд:

а) стандартҳои ташкилот (муассиса) оид ба бехатарии меҳнат, ки дар асоси тавсияҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд;

б)  дастурамалҳои  бехатарии  меҳнат  барои  коргарони  ташкилот,  ки  дар  асоси  дастурамалҳои намунавии  ҳифзи  меҳнат  барои  коргарони  соҳаҳои  сохтмон,  истеҳсолоти  маводҳои  сохтмон,  хоҷагии коммуналӣ-истиқоматӣ,  ки  бо  ба  эътибор  гирифтани  тавсияҳои  Вазорати меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия шудаанд.

Тибқи  қонунгузорӣ  дар  корҳои  шароиташ  хатарнок  ва  зараровар,  инчунин  корҳое,  ки  бо ифлосшавӣ алоқаманданд, корфармо вазифадор аст, ба коргарон ройгон додани либос ва пойафзоли махсуси корӣ  ва  дигар  воситаҳои  ҳифзи  фардӣ  тибқи  тартиботе,  ки  Қоидаи  таъмини  коргарон  бо  либос, пойафзоли  махсуси  корӣ  ва  воситаҳои  ҳифзи  фардӣ,  пешбинӣ  намудааст,  таъмин намояд.

Ҳамаи  шахсоне,  ки  дар  майдончаи  сохтмон  ҳозиранд,  бояд  ҳатман  кулоҳи  муҳофизатиро пӯшанд. Коргарон бе кулоҳи муҳофизатӣ ва дигар воситаҳои ҳифзи фардии зарурӣ ба иҷроиши корҳо роҳ дода намешаванд. Коргаронеро, ки дар сохтмон, истеҳсолоти маводҳои сохтмон ва саноати сохтмон машғуланд, корфармо, бояд бо утоқҳои санитарӣ-маишӣ (либосхона, хонаи хушккунии либос ва пойафзол, душхона,  хонаи хӯрокхӯрӣ, истироҳатӣ, гармшавӣ ва ғайра), мувофиқи меъёр ва қоидаҳои сохтмонии мувофиқ ва шартномаи коллективӣ ё ин ки созишномаи тарифӣ таъмин намояд.

Тайёрӣ оид ба истифодабарии утоқҳои санитарӣ-маишӣ ва таҷҳизот, то оғоз намудани корҳои истеҳсолӣ  бояд  анҷом  дода  шаванд.                 Корфармо вазифадор аст бо дархости нозироти меҳнат ва дигар мақомоти назоратии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати иҷрои Талаботи ҳифзи меҳнат  ваколатдор  мебошанд,  ҳуҷҷатҳои  марбут  ба  ҳифзи  меҳнат,  ки  онҳо  талаб  мекунанд,  пешниҳод намояд  ва  ба  намояндагони  ин  мақомотҳо  барои  ба  минтақаҳои  истеҳсолӣ,  утоқҳои  санитарӣ-маишӣ, ҷойҳои корӣ бемамониат ворид шудан мусоидат намояд.

Ба минтақаи истеҳсолотӣ даромадани (ворид шудани) шахсони бегона, инчунин когарон дар ҳолати мастӣ (сархушӣ) ѐ коргароне, ки бо кор машғул нестанд, манъ карда мешавад.

Минтақаҳои (ҳудудҳои) истеҳсолотӣ ва қитъаҳои корӣ, ки дар мавзеъҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд, барои пешгирӣ кардани воридшавии шахсони бегона ба ин минтақа, бояд бо панҷара (тавора)

маҳкам карда шаванд.

Коргарон  дар  минтақаҳои  истеҳсолотӣ,  қитъаҳои  иҷрои  корҳо  ва  ҷойҳои  корӣ,  бо  оби нӯшокии хушсифат, ки ба Талаботи санитарӣ мувофиқат мекунад, бояд таъмин карда шаванд.

Мувофиқи талаботи Стандартҳои давлатӣ, меъѐрҳои санитарӣ-гигиенӣ, майдончаҳои сохтмон, қитъаҳои корҳо ва ҷойҳои корӣ, гузаргоҳ ва роҳравҳои он, дар вақтҳои торики бояд бо равшанӣ таъмин карда шаванд. Равшаннокии биноҳои маҳкам  (маҳдуд), бояд ба меъѐр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ ва меъѐрҳои санитарӣ, мувофиқат намояд.

Равшаннокӣ  бояд  мӯътадил  паҳн  шавад,  аз  таъсири  асбобҳои  равшанидиҳанда  чашмони коргарон  бояд  хира  нашавад  (равшанӣ  чашмро  набарад).  Иҷрои  корҳо  дар  ҷойҳои  торик  иҷозат  дода намешавад.

Аз тарафи мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ  мавриди назорати сифати иҷрои  корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда  инчунин  риояи талаботҳои техникаи бехатарӣ низ зери назорат қарор дода мешавад ва дар ҳолати риоя нагардидани талаботҳои   бехатарии меҳнат  дар сохтмон ба намояндагони ташкилотҳои фармоишгар ва пудратӣ  амрнома дода мешавад.

Ба диққататон ташаккур !!!!!!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика