Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои шахсони корҷӯй.
Аз ҷониби шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе тибқи супориши муовини Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мақомоти Прокуратураи шаҳри Душанбе ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияхои шаҳри Душанбе дар мардикорбозорҳои шаҳри Душанбе, воқеъ дар назди бозори «Султони Кабир», собиқ бозори «Шоҳмансур», бозори «Деҳқон» ва дар кучаи А. Ғуломов маҳаллаи 103 ки дар ҳар кадоме аз ин бозорҳои мардикор аз 50 то 60 нафар шаҳрвандон ҷамъ омада буданд, оид ба расмикунонӣ ва шаҳодатномакунии шахсони корҷӯй дар марказҳои таълими касбомузии калонсолон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Инчунин тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 30 августи соли 2019, №439 «Барнома оид ба паст кардани сатҳи шуғли бақайднагирифташуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 ва банди 46 Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 декабри соли 2020 №677 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2021» ва нақшаи назорату санҷишҳои шуъбаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2021 оид ба ин масъала санҷишҳои ногаҳонӣ гузаронида шуд. Санҷиш дар ҶДММ «Восеъ-2015», ки роҳбараш Саидов Сафаралӣ мебошад, нишон дод, ки 12 нафар фаъолияти корӣ доштанд. Раванди санҷиш муайян намуд, ки аз ин 4 нафар корманд, дар ҶДММ «Дилшод-Н» (роҳбараш Зокиров Дилшод) 3 нафар дар ҶДММ «Асия-2016», (роҳбараш Муродов И.) 4 нафар, дар ҶДММ «Манзилҳои нав» (роҳбараш Мирзокаримов Р.) 4 нафар ва дар ҶДММ «Планета Беф» (роҳбараш Ғафуров Қосим) 4-нафар кормандон бе бастани шартномаи меҳнатӣ, яъне ғайрирасмӣ ба фъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд, ки ин кормандонро масъулини ҷамъиятҳои зикргардида аз мардикорбозорҳо ба кор ҷалб гардонидаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷиши ногаҳонӣ (ғайринақшавӣ) дар корхонаҳои санҷидашуда муайян гардид, ки 18 нафар кормандон ба шуғли ғайрирасмӣ ҷалб гардидаанд, ки аз инҳо 15 нафарро мардҳо ва 3 нафарро занон ташкил менамоянд.
Вобаста ба натиҷаҳои санҷишҳои мазкур дар асоси маводҳои таҳлилнамудаи шуъбаи Хадамот нисбати 5 нафар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ аз тарафи Прокуратура қарорҳои маъмурӣ қабул гардида тибқи муқаррароти банди 2 қисми 1 моддаи 94 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бидуни бастани шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул намудани шаҳрвандон), парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, дар ҳаҷми 6000 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда шуд. Маблағҳои ҷаримаҳои мазкур аз ҷониби ҳуқуқвайронкунандагон пурра ба буҷети ҷумҳурӣ пардохт карда шуданд. Инчунин, ба дигар роҳбарони корхонаҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, амрномаи иҷроишаш ҳатмӣ пешниҳод карда шуд.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Добавить комментарий