Кӯдакон сарвати бебаҳоанд.

  Бо дарназардошти чунин муҳиммият дар саросари дунё рӯзи 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон вазифаи муҳими давлат ва яке аз афзалиятҳои асосии  сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар ҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.

Фарзанд монанди гулест, ки ҳамеша ниёз ба навозиш дорад, на ин ки таҳдиду сарзаниш. Фарзанд чун кабутарест, ки пайваста эҳтиёҷ ба фазои поку беолоиши хонавода дорад, на самои тираву тор. Фарзанд шабеҳи ниҳолест, ки доимо парвариши хубу бенуқсонро аз волидонаш интизор аст, на бепарвоиву таҳдиди дилрешкунандаро. Фарзанд ҳамеша муштоқи меҳру муҳаббати падару модар аст, на ин ки муносибати дурушту таҳқиромез. Фарзанд пайваста мехоҳад, то волидони дилсӯзу ғамхор ва мададгор дошта бошад, на ин ки сангдилу номеҳрубон.

Боре худро ёд биёрем, ки вақте хурд будему машғул ба бозиҳои кӯдакона  ҳамеша ва дар ҳама ҳолат як меҳрубонии падару модар бароямон гаронтар аз ҳама чизи дунё буд. Як навозишашон бароямон як олам шодиҳо меоварду садҳо орзуҳои наву ширинро дар ҳаётамон мекорид. Вақте сар рӯйи зонуяшон мегузоштем дасти силакунандаи онҳоро болои сарамон эҳсос мекардем, худро хушбахттарин кӯдаки дунё медонистем. Ҳар гоҳе бо муҳаббат бағаламон мегирифтанд, вуҷудамонро эҳсоси хушбахтӣ фаро мегирифту канорашон бароямон муқаддастарин макони рӯйи дунё буд.

Ҳаргиз  ба дунё овардани фарзанд, рисолати падариву модарӣ тамом нахоҳад шуд! Баръакс, акнун масъулияти бузургтаре рӯи дастони  волидайн  зам  мегардад ва онро бояд бечуну чаро иҷро кард. Зеро дар ҳолати андак лағжиш, ҳангоми иҷрои масъулияти падарӣ ва ё модарӣ фарзанд хуб парвариш намеёбаду аз оянда дилсард мегардад. Дар воқеъ, кӯдаконанд, ки зиндагии якояки мо саршори хушҳоливу хушиҳост. Онҳоянд, ки зиндагии бо ҳазор умеду орзу бо хишти меҳру муҳаббат бино намудаамон, пурмаъност. Замоне онҳо кулбаи моро бо хандаҳои самимии хеш рангин мекунанду бо лаҳни шаҳдбори хеш ҳаётамонро ҷилои дигар мебахшанд, метавон гуфт, ки хушбахтиву хушҳолӣ ҳамин асту халос.

Волидайн будан маънои онро надорад, ки фарзандони хешро танҳо аз ҷиҳати моддӣ, яъне сару либос ва хӯрду хӯрок таъмин намоем. Масъулияти волидайн будан ин аст, ки баробари таъмини талаботи рӯзмарра, вақте фарзанд механдад, бояд ҳамроҳаш хандид. Вақте бо шӯру шавқ машғули бозист, бояд ҳамроҳаш бозӣ кард. Вақте эҳтиёҷ ба дӯстдориву меҳрубонист, бояд барояш меҳрубонӣ кард. Вақте аз чизе нороҳату хаста мегардад, бояд барои бартараф намуданаш кӯшид.

Ва вақте хатое менамояд, бояд тарбияи дуруст карду роҳи рости зиндагиро барояш омӯхт.

Ҳамеша кӯдаконро дар рӯҳияи ватандустдорӣ тарбия намоед. Ва барои тарбияи дурусти онҳо саҳми арзанда гузоред.

 

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика