Шуғли ғайрирасмӣ (Бақайдгирифтанашуда) ва аҳамияти қонунигардонии муносибатҳои меҳнатӣ

Дар  муносибатҳои меҳнатии байни субъектҳо (корфармоён ва кормандон) баъзан  ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз шумораи муайяни шаҳрвандоне, ки ин ё он намуди фаъолиятро амалӣ менамоянд на дар муносибатҳои меҳнатӣ ва на дар муносибатҳои ҳуқуқӣ — гражданӣ бо корфармо қарор надоранд, зимнан, онҳо мақоми соҳибкориро низ касб карда наметавонанд.

Пушида нест, ки як қатор корфармоён бо мақсади сарфа ва пинҳон намудани пардохтҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ кормандро ба кор қабул намуда,  талаботи қонунгузории меҳнатро оиди ҳатман ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ ба инобат намегиранд ва хоҳиши шаҳрвандро барои бақайдгирӣ ва барасмиятдарории қабул ба кор рад намуда, ба таври ғайрирасмӣ фаъолият намудани кормандро пешниҳод менамоянд. Ҳол он, ки тибқи расмиёти қабул ба кори бо қонунгузорӣ муқарраршуда ва талаботи моддаи 16 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои меҳнатӣ танҳо дар асоси шартномаи меҳнатии хаттӣ басташуда байни кофармо ва корманд ба вуҷуд меоянд. Дар ҳамин замина тартиби бастан, мазмун, муҳлат, мавзӯъ, барасмиятдарорӣ ва намуди шартномаи меҳнатӣ дар муқаррароти моддаҳои 16-26 Кодекси меҳнат ба таври муфассал ва возеҳ ба танзим дароварда шуда, риоя ва иҷрои он барои субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ ҳатмӣ мебошад ва яке аз уҳдадориҳои асосии корфармо ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар баъзе мавридҳо кормандон низ чунин фаъолияти ба расмият дароварданашударо интихоб намуда, барои рад намудани барасмиятдарорӣ аз ҷониби корфармо ба мақомоти дахлдор муроҷиат наменамоянд. Дар ин ҳолат бо мувофиқаи дутарафа, корфамо ва корманд бо бастани шартномаи шифоҳӣ, ки Кодекси меҳнат умуман пешбинӣ накардааст муносибатҳои меҳнатиро ба роҳ мемонанд. Чунин намуди муносибатҳои меҳнатиро, ки дар асоси шартномаи шифоҳӣ ба вуҷуд омада, аз ҷониби корфармо ба расмият дароварда нашудаанд, ва корманд низ дар ин ҳолат бетафовут муносибат намуда аст, корфармо ба мақомоти омор, нафақа  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳисоботи оморӣ оид ба шумораи кормандон пешниҳод намекунад,  ба чунин фаъолият  мафҳуми шуғли ғайрирасмӣ дода мешавад.

Пас маълум мегардад, ки шаҳрванди барои қабул ба кор муроҷиат намуда низ сарфи назар аз донистани амали ғайриқонунии корфармо ва худи корманд ба фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ розӣ мешавад ва дидаю дониста даст ба қонуншиканӣ мезанад. Ҳол он, ки чунин намуди шуғл аз бисёр ҷиҳат ба худи шаҳрванд таъсири манфи мерасонад.

Вобаста ба ин чунин савол ба миён меояд, ки чаро шаҳрвандон чунин намуди фаъолият, яъне шуғли ғайрирасмиро ихтиёр мекунанд?

Барои муайян намудани сабабу шароитҳои ба шуғли ғайрирасмӣ мусоидаткунанда таҳлилҳои дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ вобаста ба бартараф намудани шуғли бақайдгирифтанашуда гузаронидашуда, нишон медиҳанд, ки як қатор омилҳо ба ғайрирасмӣ фаъолият намудани шаҳрвандон асос гаштаанд.

Ҳангоми ба ин ё он субъекти ба ҷалби шаҳрвандони ба фаъолияти меҳнатӣ ба таври ғайрирасмӣ роҳдода ташриф овардан дар суҳбат бо кормандон муайян мегардад, ки аксарияти онҳо дорои маърифати пасти ҳуқуқӣ мебошанд. Чунин кормандон ҳатто аз оддитарин ҳуқуқҳояшон бехабаранд ва танҳо дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз чунин ҳуқуқҳояшон бохабар мешаванд. Вале, новобаста аз огоҳонии муқаррароти қонунгузорӣ ва ҳуқуқу кафолатҳо чунин кормандонро дар дигар субъектҳо, дар дигар давра такроран дидан мумкин аст, ки пас аз огоҳ гардидан аз талаботи муқарраршуда ва  ҳуқуқу кафолатҳо ва инчунин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ боз ба шуғли ғайрирасмӣ даст мезананд.

Маълум мегардад, ки сабаби такроран ба чунин шуғл даст задан ин нокифоягии ихтисос, надоштани маълумоти дахлдор, ва рақобатнопазирӣ дар бозори меҳнат мебошад.

Агар дар умум сабабу шароитҳои ба шуғли бақайдгирифтанашуда мусоидаткунандаро номбар кунем, як қатор омилҳо ба вуҷуд меоянд, ки инҳо мебошанд;

— маърифати пасти ҳуқуқии шаҳрвандон;

—  ғайриимкон будани фаъолияти меҳнатӣ дар шакли шартномавӣ;

— рақобати зиёд вобаста ба ҷойҳои кори холӣ;

— музди меҳнати ночиз;

— хоҳишманд набудани корфармо ба супоридани андозҳо;

— ҷадвали кории тағйирёбанда;

— даромади иловагӣ;

— тақлид ба дустон;

— нахостани таҳти назорати рохбарият ва дар коллектив кор кардани баъзе аз шаҳрвандон;

— бе маълумоти сатҳи олии миёна ва касбию тахассуси дахлдор ба кор қабулшавӣ;

-рақобатнопазирӣ дар бозори меҳнат.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки махсусан ҷавонон ба шуғли ғайрирасмӣ рағбат доранд. Чункӣ, ҳангоми шуғли ғайрирасмӣ маълумоти тахасусӣ талаб карда нашуда, бе таҷрибаи корӣ ба кор қабул кардан имкон дорад ва якҷоя намудани омузиш ба ин ё он намуди фаъолияти меҳнатӣ имконпазир аст.

Дар натиҷаи рағбат пайдо намудани табақаи рақобатнопазири аҳолӣ дар бозори меҳнат ва майли ҷавонон ба шуғли бақайдгирифтанашуда  бахши ғайрирасмии бозори меҳнат ташаккул меёбад, ки дар он кормандон аз ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии худ маҳрум мешаванд. Бинобар ин дар ин масъала бояд худи шаҳрвандон масъулият ҳис намуда, дар барасмиятдарории қабул ба кор саҳми худро гузоранд ва аз корфармо дар доираи талаботи муқарраршуда барасмиятдарории қабул ба корро талаб намоянд. Дар сурати аз ҷониби корфармо рад намудани барасмиятдарории қабул ба кор ба мақомоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намоянд. Бо боварии комил изҳор карда мешавад, ки қонунгузории соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини самаранокии шуғлнокии аҳолӣ, таъмини ҳуқуқу кафолатҳои шаҳрвандон чӣ ҳангоми қабул ба кор ва чӣ ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ намудани онҳо ба талаботи муосир ва байналмиллалӣ ҷавобгӯ буда, дар сатҳи баланди ҳуқуқӣ таҳия шудаанд ва ба таъмини риояи ҳуқуқҳою манфиатҳои қонунии шаҳвандон равона гардидаанд. Ҳар як шаҳрванди кишвар бо ҳисси баланди миллӣ ва ватаншиносӣ бояд дарк намояд, ки дар доираи талаботи муқарраршудаи қонунгузорӣ ва риояи бечунучарои қонунҳои кишвар фаъолияти меҳнатиро ба роҳ мондан кафили таъминоти сатҳи иҷтимоии худи шаҳрванд ва ғанӣ гардидани буҷаи давлат ба шумор меравад. Аз пурқувват гардидани буҷаи давлат музди меҳнати арзанда, ҳифзи сатҳи иҷтимоии шаҳрвандон ва самаранокии шуғли аҳолӣ вобастагии ниҳоят калон дорад.

Ҳар як шаҳрванд бояд дар рушди иқтисодӣ ва сиёсии кишвар, ҳамчунин дар бобати риоя ва татбиқи қонунгузории он саҳмгузор бошад ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар бо як садоқати фавқулодда муносибат намояд. Ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба шуғли расмӣ яке аз омилҳои ба буҷаи давлат ворид намудани ҳиссаи шаҳрвандон маҳсуб ёфта, баҳри таъмини сатҳи баланди иҷтимоии шаҳрвандони аз буҷети давлат маблағгузоришаванда ва нафақахурону шахсони ба ёрии давлат эҳтиёҷдошта замина мегардад ва ба рушди шуғли арзандаи ҳолӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Ба талаботи қонунгузории соҳаи меҳнати амалкунанда ва мунтазам додани машварату тавсияҳои методӣ, инчунин расонидани ёрии амалӣ ва кумакҳои ҳуқуқӣ дар самти фаҳмондадиҳии риояи талаботи қонунгузорӣ,  гузаронидани санҷишҳо вобаста ба назорати иҷрои талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ нигоҳ накарда, аз ҷониби баъзе аз корфармоён ҳанӯз ҳам саркашӣ намудан аз барасмиятдарории қабул ба кор ва ғайрирасмӣ ба шуғл фаро гирифтани кормандон ба назар мерасад. Ин масъала низ шаҳодати он аст, ки корфармоён аз ҳуқуқу уҳдадориҳои бо қонунҳо муқарраршудаашон огоҳ набуда, рад намудани барасмиятдарории шуғл метавонад барои худи онҳо оқибатҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро ба вуҷуд орад.

Саркашӣ намудани  корфармо аз барасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ ва расмикунонии шуғли шаҳрвандон, ба шахсони барои кор муроҷиатнамуда як қатор оқибатҳои манфӣ дошта, сабаби таъмин нагардидани ҳуқуқу кафолатҳои бо қонун муқарраршуда мегардад ва барои андешидани чораю ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ замина мегузорад, ки дар интиҳо ба ҳар ду ҷониб, ҳам барои корфармо ва ҳам  барои корманд боиси масрафи ғайричашмдошту ҳолатҳои ногувор мегардад. Дар натиҷаи фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ оқибатҳои манфӣ барои кормандон инҳо мебошанд;

-Пардохт накардани давраи корношоямӣ ва рухсатиҳои меҳнатӣ (рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола, рухсатиҳои таълимии донишҷӯён, пардохти ҷубронпулии рухсатиҳои меҳнатии истифоданашуда. Рухсатии иловагӣ барои кор дар шароити зарарнок, хатарнок ва вазнини меҳнат);

-Напардохтани маблағи иловагӣ барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои ид ва истироҳат;

-Маблағҳои ҳисобинашуда ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бинобар ихтисори воҳиди корӣ;

-набудани кафолати нигоҳ доштани ҷойи корӣ дар давраи корношоямии муваққатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ва рухсатӣ барои нигоҳубини тифл;

-Гирифта натавонистани қарзи бонкӣ ва раводид;

-ғайримкон будани пардохти ҷубронпулиҳои муқаррарнамудаи қонун зимни тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот бинобар ғайрирасмӣ фаъолият намудан;

-эҳтимолияти  ба ҷавобгарӣ гирифтор гардидан   ҳангоми дар эъломия нишон надодани даромадҳо;

-Барои пинҳон доштани пардохтҳои андоз ба шахсони воқеӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

-Барои ташкилотҳое, ки аз шуғли ғайрирасмӣ истифода менамоянд аз диди аввал манфиат дорад, чунки масраф кам гардида, фоида аз ҳисоби напардохтани пардохтҳои ҳатмии бо қонун муқаррашуда меафзояд. Вале, дар сурати нисбати ташкилот истифода гардидани чораҳои ҷавобгарӣ (ҷаримаҳо, қатъ намудани фаъолият, бозҳисобӣ намудани маблағҳои музди меҳнати саривақтпардохнагардида ва ноустуворона (пеня) барои батаъхирандозии ин пардохт, пардохтҳои ба музди меҳнат алоқаманд, пардохти дукаратаи изофакориҳо, пардохти якуним каратаи корҳои шабона, бозҳисобии коэфицентҳои ноҳивӣ барои кор дар шароитҳои номусоиди иқлимӣ ва баландкӯҳҳо, ва ғайра) корфармо ба оқибатҳои камаршикан, ҳолатҳои дучор шудан ба муфлисшавӣ, надоштани имконияти чунин пардохтҳо, ки дар натиҷа тибқи талаботи қонунгузорӣ новобаста аз вазъи молиявӣ, ҳатто бо дар фуруш мондани молу мулки корфармо пардохт намудани ҷуброни амали ғайриқонунӣ, ки бояд сари вақт амалӣ карда мешуд, дучор мегардад.

Вале, ҳамаи ин масъалаҳои зикргардидаро вобаста ба манфиати худ корфармо (истифодаи шуғли ғайрирасмиро) бо таваккал муқоиса мекунад.

Шаҳрвандони муҳтарам, дар шароити имрӯза расмикунонии муносибатҳои меҳнатӣ муҳимияти хоса касб намуда, яке аз сарчашмаҳои назаррасӣ ғанӣ гардонидани нафақат буҷаи вилоят ва маҳалҳо балкӣ баланд шудани сатҳи некӯаҳволии оилавӣ мебошад, ки аз он ҳаҷми хизматрасонӣ ба шаҳрвандони  аз буҷет маблағгузоришаванда ва кафолати таъмини ҳуқуқҳои меҳнатӣ вобастагӣ дорад.

Маблағгузорӣ нагардидани соҳаи буҷетӣ — ин монеа эҷод намудан ба имкониятҳои баланд бардоштани музди меҳнат дар соҳаи буҷет ва мусоидат намудан дар паст кардани сатҳи ҳифзи иҷтимоии кормандон ва нафақаи ояндаи онҳо мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ба шуғли ғайрирасмӣ ҷалб намудани шаҳрвандон бештар дар ташкилоту корхонаҳои сохтмонӣ, бозорҳо, нуқтаҳои фуруши сузишворӣ, нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо, ресторану ошхонаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва як қатор корхонаҳои мавсимӣ амалкунанда дида мешавад.

Барои ба низом даровардан, таъмини риоя ва иҷрои талаботи муқарраршудаи қонунгузории соҳаи меҳнати ҷумҳурӣ, таъмини ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқу кафолатҳои қонунгузорӣ нисбати шаҳрвандон, ба шуғли арзанда ва самаранок таъмин намудани сокинони кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон, ва ба низоми муайяни бо қонунгузорӣ муқарраршуда даровардани шуғли аҳолии кишвар зарурат ба миён меояд, ки нисбати ташкилоту корхонаҳое, ки шаҳрвандонро ба таври ғайрирасмӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб менамоянд илова ба чораҳои таъхирнопазири маъмурӣ, ҳамчунин ҷазо дар намуди муваққатан боз доштани фаъолият то ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ карда шавад.

Барои муътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва таъмини сиёсати иҷтимоии давлат аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми муосири ҳамкорӣ бо корфармоён ва бахши хусусӣ тарҳрезӣ гардида, ҷиҳати ба даст овардани малакаҳои касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони ба касбу кор ниёздошта, аз ҷумла занон, ҷавонон, гуруҳҳои осебпазир яъне маъюбон тамоми чораҳои дахлдор андешида шудааст. Дар ин замина аз шаҳрвандон тақозо мешавад, ки дар татбиқи чораҳои андешидашудаи давлатӣ бо саҳмгузории худ дар барасмиятдарории муносибатҳои меҳнатӣ ва аз корфармо талаб намудани бастани шартномаҳои меҳнатӣ бе тафовут набошанд.

Барои рушди сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ҳамзамон таъмини аҳолӣ ба шуғли арзанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» аз 30 декабри соли 2019, № 644 таҳия ва тасдиқ гардида, ҷиҳати фароҳам овардани имконият ба шуғли пурсамар, такмили бозори меҳнат, ҷорӣ намудани механизми ҳамкории мутақобилаи бахши давлатӣ бо бахши хусусӣ ва ба шуғли пурсамар таъмин намудани табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудааст.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тадбирҳои мухталифи паст кардани шуғли бақайдгирифтанашуда роҳандозӣ ва амалӣ карда мешавад.

Ин пеш аз ҳама ташкили корҳои машваратию фаҳмондадиҳӣ, ҷалби шарикони иҷтимоӣ, тавсияҳо барои бастани шартномаҳои коллективӣ, инчунин гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ ҷиҳати ошкорсозӣ, огоҳкунӣ пешгирӣ ва коҳиш додани шуғли бақайдгирифтанашуда аз ҷониби  мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ташкилоту корхонаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.

Аз ҷониби Хадамоти мазкур ҳамасола нақшаи чорабиниҳо, ки ба паст намудани шуғли ғайрирасмӣ равона гардидааст таҳия ва тасдиқ карда мешавад, ки иҷроиши онро сохторҳои назоратии Хадамот дар маҳал мунтазам дар ҳамкорӣ бо намояндагонӣ мақомоти прокуратура, андоз, ваосити ахбори омма амалӣ мегардонанд.

Муҳтарам корфармоён шуморо даъват менамоем, ки фаъолияти меҳнатии худро дар мутобиқат бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ба шаҳрвандон барои расмӣ фаъолият намудан мусоидат намоед, раванди қабул ба корро ба расмият дароварда, бояд донист; муносибатҳои меҳнатӣ байни шаҳрвандон ва корфармо танҳо дар асоси шартномаи меҳнатии басташуда ба вуҷуд меояд, риоя накардани талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат дар назари аввал манфиатнок намуда, оқибати ҷавобгарии ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро ро ба вуҷуҷуд меорад ва метавонад сабаби қатъ гардидани фаъолияти даромадноки дилхоҳ корхона гардад.

 

Муҳтарам шаҳрвандон, шумо метавонед дар ҳолати истифодаи қувваи кории ғайрирасмӣ (ба қайдгирифтанашуда), саривақт пардохт нагардидани музди меҳнат, ва истифодаи тартиби пардохти ғайриқонунии музди меҳнат, аз ҷониби корфармо рад кардани бараасмиятдарории шартномаи меҳнатӣ ва раванди қабул ба кор  ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад, 71 бо телефони боварии 2314919 ва суроғаи почтаҳои электронии info@khnm.tj, khadamotimehnat@khnm.tj ва ё сохторҳои он дар маҳал khadamotimehnat-sugd@khnm.tj, khadamotimehnat-vmkb@khnm.tj,   khadamotimehnat-khatlon@khnm.tj,khadamotimehnat-dushanbe@khnm.tj, khadamotimehnat-hisor1@khnm.tj, khadamotimehnat-vahdat@khnm.tj, khadamotimehnat-rasht@khnm.tj муроҷиат намоед.

 

Сардор шуъбаи назорати

давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ                                    С.Маҳмадзода

 

Яндекс.Метрика