ШУҒЛИ ҶАВОНОН АСОСИ РУШДИ ҶОМЕА

 “ Итминон дорам, ки ҳар кадоми шумо чун фарзанди асил барои таъмини истиқлолияти озуқаворию энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, рушди устувори иқтисодиёт ва пешрафти Тоҷикистон заҳмат кашида, Ватани азизи худро ба кишвари мутараққӣ табдил хоҳед дод.

Имрӯз халқи тоҷик ва ҳамаи мо боварии комил дорем, ки шумо – ҷавонон ин масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо хоҳед кард”.

 

                Эмомалӣ Раҳмон

 

                 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба нерӯи созандаю пешқадами ҷавонон карда, маҳз ба ҳамин хотир дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22 декабри соли 2016) соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд.

Ҷавонон нисбат ба қишрҳои ҷомеа бояд бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз карда, парчамбардори  сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошанд.

Пайдост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари наврасону ҷавонон мебошад, зеро синни миёнаи аҳолӣ 24 солро ташкил намуда, беш аз 70 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аст, ки ҳамасола сафи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон дар мақомоти давлатӣ афзоиш меёбад. Ҳоло теъдоди ҷавонони то синни 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ 50 фоизро ташкил дода, 23 фоизи дигар дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти дастгирии аз ҷавонони кишвар, роҳ додани онҳо ба майдонҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ, ғамхориву дастгириҳои пайвастаи онон имрӯз набзи зиндагии кишвар гардидааст. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи ҷомеаи муосир, ташаккул ёфтани низоми идоракунии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, тағйир ёфтани хусусиятҳои мушкилоти ҷавонон, ташкил ёфтани муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин соҳаи муҳими ҳаётӣ солҳои охир якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳо қабул гардиданд.

Илова бар ин,  масъалаҳои муназзамгардонии муносибатҳои меҳнатӣ, ба шуғли муносиб фаро гирифтани ҷавонон дар заминаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва касбомӯзии онҳо бо назардошти талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ ба таъмини суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ таъсири муассир гузошт.

Дар сиёсати иҷтимоӣ-иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бо шуғли муносиб фаро гирифтани ҷавонон ва ба ин васила ҳаллу фасл намудани масъалаҳои мубрами рӯз: баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бахусус ҷавонон; афзоиш додани истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.

Дар ин раванд бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор, бахусус ҷавонон Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои давраи миёнамуҳлат қабул  гардиданд, ки дар он як зумра чорабиниҳои мусоидаткунанда барои ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор, аз ҷумла ҷавонон пешбинӣ ва амалӣ карда шудаанд.

Бо назардошти “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 ва бо мақсади мусоидат ба шуғли ҷавонон дар нимсолаи якуми соли 2017 мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 420 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуд.

Дар ин ярмаркаҳо 4681 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, ба корҷӯён 62692 ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Дар натиҷаи баргузории ин ярмаркаҳо 5029 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 3434 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Дар баробари ин, тавассути ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод 4381 нафар шаҳрвандон роҳхат барои касбомӯзӣ ва 1173 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок гирифтанд. Дар маҷмуъ тавассути ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ дар давраи мавриди назар 4818  нафар шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд, ки аз ин теъдод 1358 нафар занон ва 1476 нафар ҷавонон мебошанд.

Тавре маълум аст,  инкишофи устувори минбаъдаи кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардидааст, зеро ки истеҳсолоти саноатӣ омили муҳимтарини ҳалли масъалаи ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, имконияти дигари устувори ба шуғли арзанда фаро гирифтани ҷавонон ин бо истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Бо ин мақсад дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ раванди бунёд намудани минтақаҳои саноатӣ бо мавриди истифода қарор додани корхонаҳои металлургӣ, коркарди нафт, сементбарорӣ, бофандагӣ, саноати кимиё ва коркарди металлҳои ранга роҳандозӣ гардид, ки он теъдоди ҷавонони ба шуғл фарогирифташударо дучанд афзоиш дод.

Қобили зикр мебошад, ки яке аз бахшҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон соҳаи кишоварзӣ дониста мешавад, ки рушди он солҳои охир дар сатҳи устувор қарор дорад ва бобати бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, нақши муносиб мегузорад.

Бояд хотиррасон намуд, ки ҷавонон ба рушд додани соҳаи соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳи зиёд дошта, маҳз бо назардошти чунин тамоили онҳо баҳри рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорони ҷавон ба захираҳои қарзӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки аз он ҷавонони кишвар то имрӯз ба таври васеъ бархурдоранд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон яке аз захираҳои асосии инсонӣ ва меҳнатӣ ба ҳисоб рафта, қисмати бештари онҳо ҳамчун аҳолии фаъоли ҷамъиятии дорои иқтидори бузург барои мақсадҳои зарурии рушди ҷомеа истифода бурда мешаванд, зеро ҷавонон яке аз роҳбаладони асосии ташаккулдиҳандаи иҷтимоиёт ва инкишофи иқтисодӣ дониста шудаанд.

Аз ин хотир, бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони баору номуси кишвар бо руҳияи пешқадаму созанда ҳамсолони худро ба ояндаи боз ҳам нек роҳнамоӣ карда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои тақдирсози Роҳбарияти Олии кишвар пайваста саъю талош менамоянд.

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар

соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика