Ҳуқуқҳои мехнатии худро ҳифз бояд кард.

 Раёсати Хадамоти назорати давдатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки дар асоси муроҷиати шаҳрванд Алиева Умеда ҳамшираи тибби минтақавӣ дар шуъбаи 2-юми Муассисаи давлатии Маркази саломатии №3-и шаҳри Кӯлоб дар хусуси баъди рухсатӣ барои нигоҳубини кудак ба кор қабул накардан ва  муроҷиати шаҳрвандон Қаҳҳорова Раҳима ва Лақаева Миҷгона ҳамшираҳои тибби минтақавӣ дар шуъбаи 2-юми ҳамин муассиса оид ба  ғайриқонунӣ кам кардани 0,25 ҳиссаи кориашон аз тарафи кормандони раёсат мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки  аз тарафи директори Муассисаи давлатии Маркази саломатии №3-и шаҳри Кӯлоб Давлатов Илҳом баъди рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак Алиева Умедаро то расидани ӯ ба синни се солагӣ бинобар аниқ нашудани ҷойи кори асосиаш ба ҷойи кори пештарааш ба кор таъмин накарда, дар асоси фармоиши директор аз 01.06.2021, №91  аз санаи 1 июни соли 2021 (муваққатан то ба кор баромадани коргари асосӣ ҳамшираи тиб Рухшонаи Акрам) аз рӯи 1,0 ҳиссаи корӣ дар ҳамин шуъба иҷозат дода шудааст.

Инчунин дар раванди санҷиш муайян карда шуд, ки ҳамшираҳои тибби минтақавии ҳамин Муассиса Қаҳҳорова Раҳима ва Лақаева Миҷгона аз санаи 1 феврали соли 2019 дар асоси фармоиши директор №22 аз 01.02.2019 ба миқдорӣ 0,25-ҳиссаи корӣ кам карда шуда, ҳиссаҳои кории онҳо аз 1,0-ҳиссаи корӣ ба 0,75-ҳиссаи корӣ гузаронида шудааст.

Дар асоси амрномаи Раёсат Алиева Умеда бо фармоиши Директор №133 аз 10.06.2021сол аз рӯи 1,0 ҳиссаи корӣ дар ҳамин шуъба ба кори доимӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин ба Қаҳҳорова Раҳима ва Лақаева Миҷгона бошад бо фармоиши Директор аз 10.06.2021- 0,25 ҳиссаи кори иловагӣ ҳамшираи тибби минтақавӣ дар ҳамин шуъба иҷозат дода шуда, ҳиссаи кории онҳо аз 0,75-ҳиссаи корӣ ба 1,0-ҳиссаи корӣ баробар карда шуд.

Нисбати Директори Маркази саломатии №3-и шаҳри Кӯлоб Давлатов Илҳом бинобар вайрон кардани талаботи моддаҳои 224, 10, қисми 4 моддаи 24 ва қисми 1 моддаи 134 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии қисми 1 моддаи 94 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримаи маъмурӣ тадбиқ карда шуд.

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика