Ҳуқуқҳои меҳнатии худро ҳифз намоед! (бо шикояти корманд аз корфармо 3761,03 сомонӣ рӯёнида шуд)

 Хоҷаева Зарина Ҷамиевна собиқ корманди ҶДММ «РИАС ИНЖИНИРИНГ» зимни муроҷиаташ ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ҳуқуқҳои ӯ аз тарафи директори ҶДММ «РИАС ИНЖИНИРИНГ»  Рустамов Казбек Ҳасанович поймол гардидаанд.

Дар асоси шикояти шаҳрванд Хоҷаева Зарина Ҷамиевна,  собиқ корманди ҶДММ «РАИС ИНЖИНИРИНГ» аз 23 октябри соли 2020, №127,  бо Фармоиши Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз 27 октябри соли 2020, №7/46  аз ҷониби сардори шӯъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шарифзода Муҳаммадшо Муносиб дар ҶДММ «РАИС ИНЖИНИРИНГ» бо огоҳии пешакии директори ҷамъият Рустамов Казбек Ҳасанович, оид ба ҳолатҳои напардохтани музди меҳнат ва ҷубронпулӣ барои истифода набурдани рухсатиҳои меҳнатии шаҳрванд Хоҷаева Зарина Ҷамиевна, санҷиши ғайринақшавӣ гузаронида шуд.

Дар рафти санҷиши ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ муайян гардид, ки корфармо бар хилофи талаботи қисми 1 моддаи 140 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, беасос музди маош ва ҷубронпулии истифоданашудаи рухсатии меҳнатии корманд Хоҷаева З. Ҷ.-ро аз моҳи январи соли 2020 то санаи 30 октябри соли 2020 ба маблағи умумии 3336 сомонӣ пардохт наукардааст.

Ҳол он ки мутобиқи талаботи ин моддаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо вазифадор аст новобаста аз вазъи молиявиаш ба корманд барои кори иҷронамудааш сари вақт музди меҳнати муқаррарнамударо пардохт намояд.

Дар баробари ин, мутобиқи моддаи 158 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамал дар бораи пардохти музди мехнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат, ки бо Фармоиши Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2008, №75 тасдиқ гардидааст, агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраргардида дертар пардохт карда шавад, ӯ вазифадор аст ба андозаи баҳраи бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавчуд аст, барои ҳар як рӯзи батаъхирмонии пардохти музди меҳнат маблағи иловагӣ пардохт намояд.

Дар давраи санҷиш баҳраи бонкӣ 12,75% ташкил медод. Қарзи музди меҳнат ва ҷубронпулии истифоданашудаи рухсатии меҳнатии корманд ба ҳолати 30 октябри соли 2020 дар маҷмуъ 3336 сомониро ташкил намудааст. Барои ҳар як рӯзи таъхири пардохти музди меҳнат маблағ бо чунин тарз ҳисобӣ карда мешавад.

Маблағи иловапулӣ барои 270 рӯзи ба таърих мондани музди меҳнат (яъне аз 30 январи соли 2020 то 30 октябри соли 2020):  3336 сомонӣ : 270 =12,35 сомонӣ * 12,75% баҳраи бонкӣ =1,57 * 270 рӯзи ба таъхир мондан) 425,33 сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз, корфармо вазифадор карда шуд, ки тибқи муқаррароти қисми 5 моддаи 158 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамал дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат, музди меҳнати иловаги 425,33  сомониро ташкил менамояд, пардохт намояд.

Тибки муқаррароти қисми 1 моддаи 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саривакт напардохтани музди мехнати кормандон нисбати Директори Ҷамъияти мазкур Рустамов Казбек Ҳасанович ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шуд.

Дар рафти санҷиш  маблағҳои музди меҳнат ва ҷубронпулии истифоданашудаи рухсатии меҳнатии Хоҷаева Зарина Ҷамиевна ба маблағи 3761,03 сомонӣ (3336 сомони қарзи музди меҳнат + 425,33 сомони музди иловагӣ барои ба таъхирандозии музди меҳнат) ҳисобӣ шуда, аз ҷониби корфармо ба аризадиҳанда бо пуррагӣ пардохт карда шуд.

 

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Яндекс.Метрика