МУЛОҚОТИ САРДОРИ ХАДАМОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ТБМ
Имрӯз, 16 майи соли 2022 мулоқоти Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муродзода Дустмурод Ҳайит бо Коршиносони фаннии Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҷаноби Торстен Шакел, мутахассис оид ба идоракунии меҳнат, назорати меҳнат ва ҳифзи меҳнат, аз Дафтари ТБМ дар Маскав, хонум Фаҳерман Миранда коршиноси ТБМ, Хонум Лиу Ксиофан, мутахассиси Сарраёсати стандартҳои байналмилалии меҳнати ТБМ, Женева баргузор гардид.
Мулоқотро бо сухани ифтитоҳӣ Муродзода Д.Ҳ. оғоз намуда, ҳамаи меҳмононро ба Хадамот хайрамақдам намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои Ташкилоти байналмиллалии меҳнат буда, то имрӯз 51 конвенсия ва 22 Тавсияҳои ин созмонро ба тасвиб расонидааст.
Қайд кардан зарур аст, ки дар ин замина ҳамкориҳои мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ТБМ ҷиҳати мутобиқсозии танзими муносибатҳои меҳнат, ҳифзи меҳнат, шарикии иҷтимоӣ ба стандартҳои ин ташкилот хуб ба роҳ монда шудааст.