Ташриф аз шаҳри куҳанбунёди тоҷикон, минтақаи Қалъаи Ҳисор
Санаи 18 майи соли 2022 намояндагони Кумитаи баҳодиҳии мутобиқат ба стандартҳои коршиносони Созмони байналмиллалии меҳнат ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти бахши Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба минтақаи Ҳисор ташриф оварданд.
Дар доираи ташрифи кории намояндагони Кумитаи баҳодиҳии мутобиқати стандартҳои коршиносони Созмони баналмиллалии меҳнат хонум Фаҳерман Миранда коршиноси ТБМ, хонум Лиу Ксиофан мутахассиси Сарраёсати стандартҳои байналмиллалии меҳнати ТБМ, Женева ва ҳамоҳангсозии Миллии ТБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикитон Собир Аминов дар толори бинои бахши Хадамот дар минтақаи Ҳисор мулоқот бо Сардори Хадамот Муродзода Д. Ҳ., ва кормандони бахши мазкур баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот якчанд масъалаҳои марбут оид ба фаъолияти бахши Хадамот дар минтақаи Ҳисор мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар доираи ташриф аз ин шаҳри куҳанбунёди тоҷикон ва яке ҷойи бостонии ин минтақа Қалъаи Ҳисор, ки тарихи зиёда аз 3000 дорад боздид намуданд.