ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ НАЗОРАТИ МЕҲНАТ ”    МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ-ИНТИХОБОТӢ ДОИР ГАРДИД.

01Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 09 апрели соли 2022, №4, барқияи Кумитаи02 иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 24 майи соли 2022, №24“ ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Давлатзода Ҳ.Д. – мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Назарзода Ш. – мутахассиси шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Нодирзода И. — раиси ташкилоти ибтидоии “ Назорати меҳнат ” ва аъзои ҳизб, дар ташкилоти ибтидоии “ Назорати меҳнат ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома,  ҳисобот аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии “ Назорати меҳнат”  Нодирзода И. дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид. Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “ Назорати меҳнат ”  оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва қарорҳои сохторҳои ҳизб  корҳои назаррасеро анҷом додааст.

03Ҳамзамон доир ба иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 30 апрели 2021, №7, дастовардҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати саҳмгузории ташкилоти ибтидои ба корҳои ободониву созандагӣ ибрози андеша намуданд.

Оид ба масъалаи  пешниҳоди аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “ Назорати меҳнат” ҳамзамон бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси соҳавию сиёсӣ бо ҷонибдории ҳамагон Нодирзода И.  ба ҳайси раис ва Бобозода И.  ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “04 Назорати меҳнат ” интихоб гардиданд.

Бо пешниҳод ва ҷонибдории кулли аъзои ҳизб вакилон барои иштирок дар Конференсияи ХХХХ11 ҳисоботӣ — интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид.

Давлатзода Ҳ.Д. – мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, доир ба беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуданд.

 

 Хадамоти назорати давлатӣ        

                                                                    дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва

                                                                    шуғли аҳолӣ.

 

Яндекс.Метрика