Ҷаласаи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаш моҳи аввали соли 2022 ва вазифаҳо барои шаш моҳи авали соли 2022»
Санаи 8 июли соли 2022 ҷаласаи васеи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаш моҳи аввали соли 2022» бо иштироки сарпарасти соҳа, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло, раиси Шӯрои Хадамот муҳтарам Муродзода Дустмурод Ҳайит, сардорони шуъбаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират Шарифзода О.Р., дар соҳаи меҳнат Ҷумъазода П.М., дар соҳаи шуғли аҳолӣ Маҳмадрасулзода М., дар соҳаи таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва назорат Саидаҳмадзода Т.С., дар соҳаи экспертизаи давлатии шароити меҳнат Шарифзода М.М., ва кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамот инчунин кормандони шуъбаи Хадамот дар шаҳри Душанбе, сардори раёсати Хадамот дар вилояти Хатлон Бобозода Ҳ.К., мудири бахши Хадамот дар минтақаи Ҳисор Абдуллозода М.А., мудири бахши Хадамот дар минтақаи Ваҳдат РаҷабзодаТ.Р., инчунин сардори раёсати Хадамот дар вилояти Суғд Сайфуллозода Ҷ., мудирони бахши Хадамот дар ВМКБ Маҳмадаминов З.Б., дар минтақаи Рашт Шерализода Н.Ҳ., тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст маърӯзаи Сардори Хадамот Муродзода Д.Ҳ., «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаш моҳи аввали соли 2022 ва вазифаҳо барои шашмоҳи соли 2022» шунида шуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ тамоми самтҳои фаъолияти Хадамот дар шаш моҳи аввали соли 2022, дастовардҳо, пешравиҳо, камбудиҳо, роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби раёсат, шуъба ва бахшҳои Хадамот мавриди муҳокима қарор гирифта, барои андешидани чораҳои зарурӣ, дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар музокираи маърӯзаи ҳисоботӣ сардорон ва мудирони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳо, мушкилиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳаллу фасли онҳо ибрози ақида намуданд.
Баъд аз музокира аз ҷониби сарпарасти соҳа, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло саволу ҷавобҳо оид ба самтҳои фаъолият, аз ҷумла ошкорсозии саривақтӣ ва бартарафсозии қарзи музди меҳнат, пешгирӣ ва рафъи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, тартиби гузаронидани санҷишҳо, дар рафти санҷишҳо бештар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан, ёрии амалию методӣ расонидан ва дигар супоришу тавсияҳои дахлдор барои пешравии кори Хадамот доир гардида, баҳри беҳтар намудани фаъолият дар шашмоҳи соли 2022 бо назардошти таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, инчунин таъмини иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ