Дар забони модарӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст.
«Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёкона мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22-юми июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. 5-уми октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5октябр — Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Забон сарчашма, калиди ҳамаи маънавиёт ва сарвати маънавии инсон ба шумор меравад, ки он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар рӯҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон медиҳад.
Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад. Гузашти солҳо нишон доданд, ки мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ зарурати таърихӣ буд. Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 25 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, аз ҷумла Самарқанду Бухоро, Афғонистон ва дигар кишварҳои дуру наздик сокинанд.
Забоне, ки дар муддати зиёда аз ҳазор соли таърих фишору таъқибҳои зиёдеро пушти сар намуда, бо фарҳангу маданияти халқиятҳои бегона дар сангарҳои муқобил мардонавор истодагарӣ намудааст. Забоне, ки доираи истеъмоли он дар паҳнои таърих гоҳо маҳдуд гардидаву зери теғи хуношоми душманони миллат хатари аз миён рафтанро ба сар дошт. Лек бо вуҷуди ин ҳама мушкиливу нотавонбиниҳо забони тоҷикӣ тавонист аз имтиҳони таърих гузашта, ба сифати як забони тавонманд ва баҳамоварандаи миллат то ба замони мо омада расад.
Тайи ҳазорсолаҳо шоирону муттафакирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақикӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Ҳилоливу Бедил бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эъҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошанд.
Осори бою гаронбаҳо ва пурарзиши адибону олимони фарзона, ҳамчун пири ҳакимони замона- чун Рӯдакии Панҷрӯдиву Фирдавсии Тӯсӣ, Абӯалӣ ибни Синои Бухороиву Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абӯрайҳони Беруниву Бедил, Саъдиву Ҳофизи Шерозу Абдураҳмони Ҷомӣ, Шоҳини Хатлониву Аҳмади Дониш ва садҳои дигар тайи зиёда аз ҳазору сад сол ҷаҳони ботини инсониятро шаҳомати маънавӣ бахшида, дар масъалаи ба арши аъло расонидани забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузоштаанд
Сарвари давлат ҳамчунин нигоштаанд, ки «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».
Ба шарофати ҳунару истеъдоди азалии чунин фарзандони фарзонаи миллат на танҳо забони тоҷикӣ то замони мо омада расид, балки ба оламиён ҳамчун забони олимону орифон ва нобиғагон шинохта шуд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши таърихии бисёрасраи забони тоҷикӣ чун забони расмии давлатӣ ва муоширати миёни қавмҳои гуногун таъкид кардаанд: “Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”.
Пас аз ба даст овардани истиқлоли комили миллӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Забони тоҷикӣ имрӯз ба ҳайси як забони комил, меъёрӣ ва дорои махсусиятҳои худ забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Болотар аз ин, он забонест, ки дар миқёси ҷаҳонӣ аз миллату давлат, фарҳангу маънавиёт ва таъриху тамаддуни халқи тоҷик намояндагӣ мекунад.
Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.
Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Хадамоти назорати давлатӣ дар сохаи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.