Ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифтани кормандон тибқи шартномаи меҳнатӣ оид ба дуҷоякорӣ

Корманд ба ғйр аз ҷойи кори асосиаш, ки аллакай бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, ҳуқуқ дорад бо якчанд корфармо оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан шартномаи меҳнатӣ бандад, вале дар шартномаи меҳнатӣ бояд дар ду (якчанд) ҷой кор кардани корманд нишон дода шавад.
Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷойи кори асосӣ талаб карда намешавад. Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, ӯ ҳатман ба корфармо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
— шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатӣ;
— ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб;
Ҳамзамон, барои бо дигар корфармо бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан илова ба ҳуҷҷатҳои пешбинигардида, корманд ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломатӣ зарарноку хатарноки шароити меҳнатӣ қабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд уҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва шароити меҳнат дар ҷойи кори асосӣ маълумот пешниҳод намояд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки тибқи муқаррароти банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 №122 «Шароити кор оид ба кори муштараки кормандони корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» кори муштарак танҳо дар вақти холӣ аз кори асосӣ иҷозат дода мешавад: то саршавии он, баъди анҷоми кор, ё дар рӯзҳои бо кори асоси банд набудан — рӯзҳои истироҳат ва ид, фориғӣ дар давраи истироҳти байни вахтагӣ, қисми рухсатии меҳнатӣ ва ғайра. Ба кормандони педагогӣ, тиб, ветеринарӣ кори муштарак дар доираи рӯзи корӣ иҷозат дода мешавад.
Тибқи муқаррароти сархати 3 банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 №122 «Шароити кор оид ба кори муштараки кормандони корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» кори муштарак ҳамчун тадбири мувақатӣ бо тартиби истисно, танҳо ба шахсони дорои таҷрибаи калон ва тахассуси баланд ба шарте иҷозат дода мешавад, ки агар имконияти иваз намудани вазифаи холӣ бо корманди соҳибтахассуси мувофиқ, ки бо кори дигар банд набошад ва агар дар кори муштарак рӯзи пурраи корӣ талаб карда нашавад.
Ҳар рӯз муштараккор метавонад 4 соат дар вақти фориғ аз рӯзҳои корӣ кор кунад. Дар ҳолатҳое, ки дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои бевосита амалкунанда, барои муштараккор кори ҳаррӯзаи (вақти 4 соати корӣ) муқарраршуда риоя шуда наметавонад, бо мувофиқаи кумитаи иттифоқи касабаи корхона (муассиса, ташкилот) ҷорӣ намудани ҳисоби ҷамъбастии вақти корӣ иҷозат дода мешавад. Вале дар ҳамаи ин ҳолатҳо давомнокии умумии кори муштарак дар муддати як моҳ набояд аз нисфи меъёри вақти кории моҳона, ки барои гурӯҳҳои дахлдори кормандон муқаррар шудааст, баланд шавад.
Ба кормандоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан фаъолият менамоянд, рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асосиашон дар як вақт пешниҳод карда мешавад.
Агар давомнокии рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола тибқи шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан аз давомнокии рухсатии ҷойи кори асосӣ камтар бошад, корфармо бо хоҳиши корманде, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунад фарқияти давомнокии рӯзҳои рухсатиро ба ӯ ҳамчун рухсатии бе музд пешниҳод менамояд.
Бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой коркардан ба кормандони синнашон аз ҳаждаҳ хурд, кормандоне, ки дар шароитҳои вазнин, зарарнок ва ё хатарноки меҳнат фаъолият менамоянд, иҷозат дода намешавад.
Шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, сарфи назар аз асосҳои муқаррарнамудаи моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси корфармо дар ҳолате қатъ карда мешавад, ки агар бо корманд ҳамчун кори асосӣ шартномаи меҳнатӣ баста шавад.

Сардори шӯъбаи назорати давлатӣ
дар соҳаи меҳнати Хадамоти назорати давлатӣ
дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Ҷумъазода Пайрав Машра

Яндекс.Метрика