Абдуллоҳи Раҳнамо: МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?

Абдуллоҳи Раҳнамо: МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?Чӣ миқдор замини Тоҷикистон ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон аст? Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба кадом асос ва ҳуҷҷатҳо такя мекунад? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932» чист? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-59» ва моҳияти «ҳуҷҷатҳои соли 1989» чист? Ҳуҷҷатҳои ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кадоманд ва қурби ҳуқуқии онҳо чист? Конститутсияи СССР сарҳадҳои байн ин ду ҷумҳуриро чӣ тавр тақсим карда буд? Заминҳои Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифтаанд? Кадом раиси вилоят ва раиси кадом шаҳри Тоҷикистон заминҳоро ба кишвари ҳамсоя дода буд? «Минтақаҳои баҳсӣ» дақиқан кадом қитъаҳоро дар бар мегирад? Талоши посух ба ин саволҳо ё шарҳе мустанад бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзи бо Қирғизистон.
Низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст. Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад.
Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли буҳрон, ИМКОНИ АЗ ЯК МАСЪАЛАИ МАҲАЛЛИЮ БАЙНИДАВЛАТӢ БА ЯК БАҲСИ КАЛОНИ МИНТАҚАВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТАНИ ОНРО БОЗ ҲАМ БЕШТАР НАМУДААСТ. (Таҷрибаи низоъҳои қавмӣ ё марзӣ дар ҳудуди Шӯравии собиқ нишон додааст, ки ба миён омадани миёнравҳои шарқию ғарбӣ вусъату тӯли чунин буҳронҳоро ҳамеша афзудааст.)
Аз ин рӯ, гарчи Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масъала эълон доштааст, аммо дурнамои раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо бояд барои вазъияту буҳронҳои печидатаре омода бошад.
Бо чунин пешбиниву пешомад, дар канори омодагии ҷиддии сиёсию низомию иттилоотӣ, яке аз муҳимтарин заруратҳо огоҳ будани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳияти низоъ ва воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст. Аммо арзёбии пайвастаи фазои иттилоотӣ ва тамоси ҳамешагӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа нишон медиҳад, ки гарчӣ аксари мардум дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва омодаи ҳимоят аз марзи кишвар ҳастанд, аммо дар бораи худи моҳияти низоъ ва сабаби пеш омадани чунин ҳолат дар ин қисмати марзҳои байнидавлатӣ маълумоти чандон дақиқе дар ихтиёр надоранд. Ин ҳолат, яъне камбуди тасаввуру маълумоти дақиқ дар бораи асосу таъриху миқёсу моҳияти ин низоъ, на танҳо дар байни мардум, балки миёни аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва ҳатто кормандони қатории ниҳодҳои қудратӣ низ мушоҳида мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, бо мақсади саҳмгузорӣ дар тақвияти огоҳӣ ва зарфияти ҷомеа дар ин самт, пажӯҳиши мухтасаре дар боби асосҳои таърихӣ ва ҳуқуқии ин ихтилоф ва моҳияти далелу ҳуҷҷатҳои ҷониби Тоҷикистон барои асосноккунии мавқеи худ дар ин баҳс пешкаш мегардад. (Ҷанбаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва ҷуғрофии ин баҳс дар навиштаҳои дигар оварда шудаанд.)
Албатта, то ин лаҳза ба шарҳи ҳуқуқии мавқеи Тоҷикистон низ аз сӯи баъзе муҳаққиқони ватанӣ, аз ҷумла ҳуқуқшинос Маҳмуд Абдуллоев таваҷҷуҳ гашта, дар навиштаҳои эшон маълумот ва андешаҳои арзишманд ироа шудаанд. Аммо мақсади асосии ин навиштаи мушаххас дар асоси санадҳои дақиқи таърихӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала мебошад.
Яъне он амалан ШАРҲИ «ҲАҚИҚАТИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ИН НИЗОЪ БАРОИ ХУДИ ТОҶИКОН АСТ. Ҳақиқате, ки ҳар як сокини кишвар, хоса аҳли идораву мафкура бояд онро дақиқ бидонад ва дар ташаккули мавқеи худ дар ин мавзӯъ асос қарор диҳад.
***
1.БАЁНИ СОДАИ МОҲИЯТ ВА МАНТИҚИ НИЗОИ МАРЗӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН
Моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод.)
Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакӯзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух) ва баъзе қитъаҳои хурди дигар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ғайраро дар бар мегиранд.
(Барои тасаввури дақиқ дар бораи миқёс ё паҳнои ҷуғрофии баҳс, 211 000 гектар ва ё 2110 километри мураббаъ замин тахминан ба ҳудуди якҷояи шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд (бо назардошти тамоми ҳудуди маъмурии деҳоти онҳо) ё тахминан ДАҲ ҲУДУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ бо афзудаҳои наваш баробар аст! Яъне дар ин баҳс сухан дар бораи чунин минтақаи азим меравад.)
Ин заминҳо, ки қаламравии қонунии Тоҷикистон ҳастанд, дар тӯли ҳудуди 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун, ки шарҳаш меояд, ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд.
Ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон будани ин заминҳо дар замони шӯравӣ низ маълум буд ва дар ин замина ҳар гоҳе баҳсҳои маъмурӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд меомаданд. Аммо чун то соли 1991 ҳар ду ҷумҳурӣ ба таркиби давлати ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил буданд, марзҳои ду ҷумҳурӣ марзҳои байнидавлатӣ ҳисоб нашуда, баҳси ҳуқуқию сиёсии тақсими марзҳо дар ин сатҳ намеистод. Бо касби истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ вазъияти ҳуқуқию сиёсии сарҳадҳо комилан тағйир ёфта, зарурати ба таври расмию ниҳоӣ муайян кардани сарҳади байни ду давлати мустақил пеш омад. Бинобар ин, Тоҷикистон сарҳадҳои давлатии худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат мушаххас карда, АЗ ҚИРҒИЗИСТОН ТАЛАБ ДОРАД, КИ ЗАМИНҲОИ АЗ ҲИСОБИ ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИХТИЁРИ ХУД ДОШТАРО БАРГАРДОНАД.
То имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз ҳудуди 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд. Дар 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву баҳсӣ боқӣ мемонад.
Моҳияти асосӣ ва соддаи баҳси марзии байни ду давлати ҳамсоя чунин аст.
2.БАҲСИ ҲУҶҶАТҲО: Ё «ҲУҶҶАТИ РАСМИИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ БАЙНИДАВЛАТӢ» ЧИСТ?
Яке аз печидатарин гиреҳҳое, ки дар мушкилаи марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омадааст, баҳси ҳуҷҷатҳост. Аҳаммияти ин масъала дар он аст, ки маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, то МАВЗӮИ ГУФТУГӮҲО МУШАХХАС ГАШТА, ҷонибҳо мавқеи худро ба таври мушаххас, асоснок ва устувор шакл бидиҳанд. Ё маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, ки ҳақиқати таърихӣ маълум шуда, дар музокирот рӯи санад ва хулосаи мушаххасе тавофуқ ҳосил гашта, роҳи ҳалли мушаххасе ба даст ояд. Аммо раванди гуфтугӯҳо нишон медиҳад, ки ду ҷониб дар масъалаи ҳуҷҷатҳо ихтилофи усулӣ доранд.
Муҳимтарин баҳси ҳуҷҷатии ин раванд мушаххас кардани «ҳуҷҷати такягоҳӣ» ё ҳуҷҷатҳои расмию қонунии муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишвар аст.
Мувофиқи назари Тоҷикистон, ки асоси қавии таърихӣ, ҳуқуқӣ ва мантиқӣ дорад, «ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ БАЙНИ ДУ КИШВАР» ТАНҲО ОН ҲУҶҶАТЕ МЕБОШАД, КИ ТАМОМИ РАВАНД ВА РАСМИЁТИ (ПРОТСЕДУРАИ) ТАСДИҚИ РАСМИИ САТҲИ ДАВЛАТӢ ВА БАЙНИДАВЛАТӢ ДАР МАСЪАЛАИ МУАЙЯН КАРДАНИ САРҲАДРО ГУЗАШТА, ҲАМЧУН САНАДИ РАСМИИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ БАЙНИ ДУ КИШВАР ЭЪТИРОФ ШУДА БОШАНД. Яъне, санадҳое, ки дар солҳои гуногун байни шахсони алоҳида, ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳо ва ғайра дар бораи истифодабарии муваққатӣ ё ҳатто, доимии заминҳо ҳосил шудаанд ва расмиёти тасдиқи давлатӣ ва байнидавлатиро нагузаштаанд, наметавонанд ҳамчун «Ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ» эътироф шаванд. Ҳатто санадҳои расмие, ки яке аз ҷонибҳо БА ТАВРИ ЯКҶОНИБА дар сатҳи давлатии худ қабул намуда, аз тарафи ду давлат расмиёти заруриро нагузаштаанд, низ наметавонанд асоси муайянкунии сарҳадҳои давлатӣ қарор гиранд. Ин мавқеи қатъии ҷониби Тоҷикистон аст.
Зарурати амалии истодагии Тоҷикистон бар ин асл дар он аст, ки аксари заминҳои мавриди баҳс, ки ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор доранд (ҳамон 211 000 га), дар тӯли ҳудуди 90 соли охир маҳз дар асоси амалу санадҳое чун муомилаҳои байниҳамдигарии шаҳрвандони оддӣ ё мансабдори маҳаллӣ(1), табодули замин байни колхозу совхозҳо(2), тавофуқи роҳбарони ҷамоату шаҳру ноҳияву вилоятҳо(3), қарори вазорату идораҳои соҳавӣ(4), ҳолатҳои фурӯхта шудани замин дар сатҳҳои гуногун(5), протоколҳои комиссияҳои муштарак(6), иҷорадиҳии расмии байниидоравӣ ё байнидавлатӣ(7) ва ғайра ба кишвари ҳамсоя дода шудаанд. Яъне, аксари ин заминҳо амалан давра ба давра дар сатҳҳои гуногун ва дар доираи манфиатҳо ва рӯҳияҳои гуногун ба қирғизҳо вогузор шудаанд…
Як «нуқтаи қувват»-и ҷониби Қирғизистон низ маҳз дар ҳамин аст, ки барои ба ихтиёру истифодабарии он вогузор шудани бахше аз ин заминҳо санадҳои маъмурии гуногунсатҳ вуҷуд доранд.
Аммо «нуктаи қувват»-и Тоҷикистон ин аст, ки ҳеҷ яке аз ин санадҳо, ки байни шахсону хоҷагиҳою минтақаҳою идораҳо дар бораи истифодаи заминҳо ба имзо расидаанд, расмиёти зарурии давлатиро нагузашта, ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ РАСМИИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН ЭЪТИРОФ НАШУДААНД. Аз ин рӯ, ин ҳуҷҷатҳо ҳамчун санадҳои заминистифодабарӣ дар марҳилаҳои гуногун барои истифодаи муваққати заминҳои мушахас асос мешуданд, аммо ҳеҷ яки онҳо эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати расмии байнидавлатиро надошта, наметавонад барои тағйир додан ё муайян кардани марзҳои байнидавлатӣ асос қарор дода шавад.
Ин аст моҳияти мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи «ҳуҷҷатҳои такягоҳӣ».
Аммо ҷониби Қирғизистон аз чунин гузоштани масъала манфиатдор нест, зеро маҳз ҳамин навъи гузориши масъала аз назари қонунӣ пурра ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунад. Аз ин рӯ, ҷониби Қирғизистон дар музокироти марзӣ санадҳои гуногунқурби давраҳои гуногунро, ки асосан ба додугирифти байни хоҷагиҳо(1), истифодабарии муваққатии заминҳо(2) ё ба таъсиси ташкилотҳои байналмилалӣ(3) дахл доранд, ҳамчун асос пешниҳод мекунад. Бо ин кор Қиргизистон талош мекунад, ки заминҳои аз ҳисоби Тоҷикистон амалан дар ихтиёр доштаи худро расмияти ҳуқуқӣ бахшад.
Аммо мушкил дар он аст, ки аввалан, ҳеҷ яке аз ин санадҳо қурби ҳуҷҷати расмии муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ду кишварро надоранд. Дуввум, дар сурати ба ин «асос» ё тарзи гузориши масъала розӣ шудани Тоҷикистон, аксари заминҳои мавриди баҳс ба таври «қонунӣ» ба Қирғизистон тааллуқ мегиранд. Ин ҳолат на ба ҳақиқати таърихӣ, на ба асосҳои ҳуқуқӣ ва на ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ҷавобгӯй нест.
Ин аст моҳияти баҳси ҳуҷҷатҳо байни ду кишвар.
3.ТАЛАБОТИ КОНСТИТУТСИЯИ СССР ДАР БОРАИ ҚОНУНӢ ШУДАНИ САРҲАДИ БАЙНИ ҶУМҲУРИҲОИ УЗВИ ИТТИҲОД ЧӢ БУД?
Асоси ҳуқуқӣ барои эътибори расмӣ ва давлатии ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи марзҳо дар он аст, ки онҳо бояд дар доираи муқаррароти Конститутсияи ИҶШС дар ин масъала қабул ва тасдиқ гашта бошанд. Зеро, Конститутсияи ИҶШС барои тағйир додани сарҳади давлатии ҷумҳуриҳои узви ИҶШС аввал розигии худи ин ҷумҳуриҳо (дар шакли санади давлатӣ) ва сипас, қабули қарори дахлдор аз ҷониби мақомоти олии ҳокимияти давлатии ИҶШС -ро талаб мекард. Танҳо дар ин ҳолат, як ҳуҷҷат метавонист қурби ҳуҷҷати расмии муайянкунандаи сарҳад байни ҷумҳуриҳоро гирад.
Ин талабот дар бораи чӣ гуна тағйир додани марзи байни ҷумҳуриҳо дар тамоми Конститутсияҳои ИҶШС , ки дар солҳои гуногун қабул шуда буданд, такрор шудааст, ки нишонгари аҳаммият ва қатъияти он аст.
Ба таври мушаххас, мувофиқи банди «б»-и Конститутсияи ИҶШС аз 31 январи 1924 танзими масъалаҳои тағйир додани сарҳад байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд.
Банди «д»-и моддаи 14-уми Конститутсияи ИҶШС аз 5 декабри соли 1936 низ масъалаи тағйир ва тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои шӯравиро ба салоҳияти ИҶШС гузошта буд. Дар моддаи 18-и он ба таври қатъӣ сабт шуда буд, ки «Бе розигии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ тағйир додани ҳудуди онҳо манъ аст». Мутобиқи банди 2-юми моддаи 73-уми Конститутсияи ИҶШС аз 7-уми октябри соли 1977 низ масъалаи тағйиру тасдиқи сарҳадҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо ба салоҳияти ИҶШС мансуб буд. Моддаи 78-уми Конститутсияи соли 1977 низ талаб мекард, ки сарҳади байни ҷумҳуриҳои шӯравӣ танҳо БО РОЗИГИИ худи ин ҷумҳуриҳо тағйир дода шуда, барои расмият ёфтан ҳатман аз ҷониби ИҶШС тасдиқ карда мешаванд.
Ҳамин талаботи катъӣ дар бораи розигии ҳатмии ҷумҳуриҳо барои тағйир додани сарҳадҳояшон, дар Конститутсия ҶШС Тоҷикистон низ ҷой дода шуда буд. Аз ҷумла, дар моддаи 2-юми Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1929 муқаррар шудааст, ки ҳудуди ҶШС Тоҷикистон наметавонад бе розигии он тағйир дода шавад. Конститутсияҳои минбаъдаи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1931 (моддаи 29) ва солҳои 1937 ва 1978 (моддаи 15) низ муайян мекарданд, ки тағйир додани сарҳади давлатӣ бе розигии худи Тоҷикистон мумкин нест. ҳамин талаботҳо дар бораи тарзи тағйири сарҳади ҷумҳуриҳо дар конститутсия ҶШС Қирғизистон низ омада буданд.
Хулоса, дар давраи Шӯравӣ барои тағйир додан ё муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳо талаботи зерин вуҷуд дошт:
1.Қабул шудани қарори дахлдор аз ҷониби мақоми олии ҳокимияти давлатии худи ҷумҳуриҳо (ҳар як ҷониб ба таври ҷудогона);
2.Қабул шудани қарор бо розигии тарафҳо;
3.Тасдиқ шудани қарорҳои ҷумҳуриҳо аз ҷониби мақоми олии ҳокимияти давлатии ИҶШС , яъне қарори мақоми олии қонунгузори Иттиҳоди Шӯравӣ.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар тамоми давраи мавҷудияти Тоҷикистон ва Қирғизистон, танҳо ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ва соли 1932 тамоми расмиёти талабкардаи Конститутсияи ИҶШС аз соли 1924-ро гузаштаанд ва танҳо ҳамин ҳуҷҷатҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни ин ду ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.
4. «ҲАҚИҚАТИ ТОҶИКИСТОН» Ё ҲУҶҶАТҲОИ ТАКЯГОҲИИ ТОҶИКИСТОН КАДОМАНД ВА ҚУРБИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО ЧИСТ?
Тавре зикр шуд, дар гуфтугӯҳои марзӣ бо ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон танҳо ҳуҷҷатҳоеро асос қарор медиҳад, ки тамоми марҳилаҳои расмиёти давлатӣ ва байнидавлатиро гузашта, ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади байни ду давлат эътироф шуда бошанд. Ин аст, ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ маҳз ба «ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927 ВА СОЛИ 1932» такя мекунад. Асос ва зарурати такя ба ин ҳуҷҷатҳо чунин аст:
«Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст.
2.Ин ҳуҷҷатҳо ягона ҳуҷҷатҳоест, ки тамоми расмиёти байниҷумҳуриявӣ ва давлатиеро, ки Конститутсияи Иттиҳди Шӯравӣ барои муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳои узви ИҶШС муқаррар намуда буд, ба пуррагӣ гузшта ва расмияти давлатӣ ёфтаанд.
3. Дар тамоми давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, яъне аз соли 1932 то имрӯз ягон ҳуҷҷати дигари муайянкунандаи сарҳади давлатии байни ин ду давлат ба тариқи расмиёти муқарраршуда дар сатҳи байниҷумҳуриявӣ ва сатҳи давлатии ИҶШС қабул нашудааст.
Ҳамин тариқ, «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932», ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ ба онҳо таъкид мекунад, танҳо ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки метавон дар масъалаи муайянсозии сарҳади давлатӣ байни ин ду давлати ҳамсоя ба он такя намуд. ПЕШ АЗ ОН ҲОЛАТИ ТОШӮРАВИСТ, бо қоидаи дигари бозӣ!
МОҲИЯТИ ИН ҲУҶҶАТҲО ЧИСТ?
Зери ибораи «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» маҷмуаи ҳуҷҷатҳои тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924–1927 дар Осиёи Миёна дар назар дошта шудааст, ки пас аз анҷоми тамоми расмиёт дар тамоми зинаҳо, 1-уми январи соли 1932 бо қарори Кумитаи иҷроияи марказии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ва қарори Кумитаи иҷроияи Марказии (КИМ) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гаштаанд.
Ҷумҳурии Қирғизистон то 15-уми апрели соли 1927 ҳамчун вилояти мухтор ва то 5-уми декабри соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба таркиби Федератсияи Русия дохил мешуд. Бинобар ин, ҳангоми гирифтани мақоми ҷумҳурии иттиҳодӣ (1936) ин ҷумҳурӣ дар ҳамон сарҳадҳои тасдиқгаштаи солҳои 1924-1927 ва соли 1932 ташкил шудааст.
Ба таври дақиқтар, 24-уми ноябри соли 1924 бо мақсади амалӣ сохтани нақшаи тақсимоти миллию маъмурӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳои нави шӯравӣ «Кумитаи барҳамдиҳии Осиёи Миёна» (Среднеазиатский ликвидационный комитет) таъсис гашт, ки то 17-уми марти 1925 корҳои фаннӣ ва ҳуҷҷатгузории тақсими ҷумҳуриҳои навтаъсисро анҷом дод. Дар натиҷа, 29-уми сентябри соли 1925 президиуми КИМ ҶШС Ӯзбекистон, ки дар он давра Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати он буд, сарҳади давлатии байни ҶШС Ӯзбекистон ва ҶШС Федеративии Россияро, ки дар он давра Қирғизистони имрӯза ҳамчун вилояти мухтори Қароқирғиз ба ҳайати он шомил мешуд, тасдиқ намуд. Дар айни замон, 9-уми ноябри соли 1925 президиуми КИМ Умумироссиягӣ сарҳади байни ҶШС Федеративии Россия ва ҶШС Ӯзбекистонро дар ҳамон ҳудудҳои муайяннамудаи кумитаи зикршуда тасдиқ намуд.
Ҳамин тавр, тақсимоти соли 1924 тамоми расмиёти муқарраршударо гузашта, расмияти заруриро пайдо кард. Яъне, сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳануз дар давраи ҳамчун воҳидҳои худмухтор дар таркиби Ӯзбекистон ва Русия буданашон ба расмият дароварда шудааст.
Қисмати сарҳад дар минтақаи Хуҷанд бошад, ҳануз дар соли 1929 дар давраи аз таркиби Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гузаронида шудани он расмият ёфтааст.
Нуктаи муҳимме, ки оғоз ва собиқаи баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро нишон медиҳад, ин аст, ки баробари тасдиқи марзҳои ҷумҳуриҳо дар соли 1925, ҷониби Қирғизистон (ҳанӯз дар ҳайати Русия) нисбат ба марзҳои муайяншуда дар минатқаҳои Сулукта ва Исфара эътироз намуда буд. Маҳз дар натиҷаи баррасии ин масъала, бо қарори мақоми олии қонунгузории ИҶШС Сулукта ба ҳайати ҶШС Федеративии Русия (Қирғизистон) гузаронида шуд, Исфара ба ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, ки Тоҷикистон дар ҳайати он буд, монда шуд. Яъне, дар ин баҳс низ Исфара (бо фарогирии заминҳояш то Ворух) ҷузъи Тоҷикистон боқӣ монд.
Ин қарори муштарак, ки бо розигии тарафҳо ба даст омада буд, 4 майи соли 1927 аз тарафи президиуми КИМ ИҶШС ба таври ниҳоӣ тасдиқ гашт. Дар пайи он Президиуми КИМ ҶШС Ӯзбекистон аз 23-юми майи соли 1927 қарори КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927-ро расман эътироф намуд. Дар қадами баъдӣ, президиуми ҶМШС Қирғизистон аз 7-уми июни соли 1927 қарорҳои президиуми КИМ Умумироссиягӣ аз 3-юми май ва КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927-ро расман эътироф намуд.
Ин қарори Президиуми ҶМШС Қирғизистон, аз ҷумла ҳамчун бахши таркибӣ ва пайвастаи Исфара ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани минтақаи Ворухро низ дар бар мегирифт, ки он муҳимтарин ва асоситарин ҳуҷҷат барои анклав набудан ва пурра ба Тоҷикистон пайваст будан ва тааллуқ доштани Ворух мебошад.
Маҳз дар муқоиса бо ин ҳуҷҷати расмӣ ва харитаи замимавии он метавон муайян кард, ки кадом минтақаҳо баъдан ғасб шуда, боиси амалан аз сарзамини асосии кишвар ҷудо мондани ҷамоати Ворух гаштааст.
Санади дигаре, ки метавонад ҳамчун далели тақвиятдиҳандаи дурустии ин масъала пеш оварда шавад, қарори Шӯрои комиссарҳои халқии (совнарком) Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1947 дар бораи тасдиқи сарҳадҳо байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аст, ки дар харита ва таснифоти он низ Ворух дар муҳосираи ҳудуди Қирғизистон набуда, ҳамчун замини пайваста ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон мебошад.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федеративии Россия ва ҶШС Ӯзбекистон мутобиқи қонунгузории ҳамондавраи ИҶШС сарҳадҳои давлатиро (байниҷумҳуриявиро) пурра муқаррар намуданд ва бо ҳамин баҳси сарҳадҳои байни ин ҷумҳуриҳо ба поён расид. Ин аст, ки ҳамин бастаи ҳуҷҷатҳо дар раванди музокирот ҳамчун «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927» номида мешаванд.
1.Бо қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 10-уми сентябри соли 1926 ноҳияҳои Баска-Исфана ва Чапкулук бо масоҳати 180 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шуданд.
2. Бо қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 8-уми июни соли 1927 ҳавзаи ангишти Сулукта бо масоҳати 14 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шуд.
3.Бо қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 ҳудудҳои ҷамоати Замборуч, аз ҷумла деҳаҳои Замборуч, Ҷар, Ҷизгон ва Чӯянчӣ бо масоҳати умумии 15 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шудаанд.
5. БАЪЗЕ ДАЛЕЛҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ
АСОС ҚАРОР ДОДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927
Баъзе аз коршиносони ҳамсоя ва хориҷӣ нисбат ба бастаи «ҳуҷҷатҳои соли 1224-1927» эрод овардаанд, ки онҳо ҳанӯз дар давраи дар таркиби Русия ва Ӯзбекистон будани ин давлатҳо ва пеш аз таъсиси онҳо ҳамчун ҷумҳурии узви ИҶШС қабул гаштаанд. Хусусан, танҳо дар охири соли 1936 таъсис шудани Қирғизистон ин мавзӯъро ба миён меорад.
Аммо дар ин бора бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории ИҶШС , пас аз хориҷ шудани Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон ва табдил шудани он ба ҷумҳурии иттифоқӣ дар соли 1929, тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 аз тарафи Тоҷикистон ба мерос гирифта шудааст. Ин марзҳо, аз ҷумла бо қарори КИМ ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 эътироф ва тасдиқ гаштаанд. Маънои ибораи «ҳуҷҷатҳои соли 1932», ки дар музокироти марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон истифода мешавад, маҳз ҳамин санади эътирофи расмии марзҳо аз ҷониби ҶШС Тоҷикистон аст.
Ҷумҳурии Қирғизистон низ пас аз хориҷ шудан аз таркиби Русия дар охири соли 1936 сарҳадҳои худ дар таркиби Русия, яъне тақсимоти то соли 1927-ро ба мерос бурда, ба таври расмӣ эътироф кардааст. Ин санадҳо имкон медиҳанд, ки ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927, ки пеш аз таъсиси ҷумҳуриҳои шӯравии Тоҷикистон ва Қирғизистон қабул шуда буданд, пас аз таъсиси онҳо низ эътибор пайдо кунад.
Илова бар ин, агар ҷониби Қирғизистон ҳуҷҷатҳои такягоҳии солҳои 1924-1932-ро дар муайянкунии сарҳадҳо инкор намояд, дар натиҷа се қарори зикршуда дар бораи аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дода шудани минтақаҳои Баска-Исфана ва Чапкулук (1926), ҳавзаи ангишти Сулукта (1927) ва ҷамоати Замборуч (1932) низ аз этибор соқит мешавад ва Тоҷикистон метавонад масъалаи бозгардндани онҳоро ба миён гузорад. ДАР ИН СУРАТ, ҲУДУДИ “ЗАМИНҲОИ БАҲСӢ” БО ИЛОВА ШУДАНИ 209000 ГА ЗАМИНИ ИН СЕ ҚИТЪА, АЗ 211000 ГА БА 420000 ГА МЕРАСАД. Аз ин рӯ, радди ин ҳучҷатҳо ба нафъи худи ҷониби Қирғизистон низ намебошад.
Ва ниҳоят, агар ин ҳуҷҷатҳои давраи таъсиси ҷумҳуриҳо аз раванди музокироти марзӣ берун гузошта шавад, дигар ҳеҷ асоси ҳуқуқие барои музокира боқӣ намемонад.
Ҳамин тавр, сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон бо санадҳои таърихӣ ва расмие чун Қарори президиуми КИМ ИҶШС аз 10-уми сентябри соли 1926, Қарори президиуми КИМ ИҶШС аз 21уми декабри соли 1926, Қарори президиуми КИМ ИҶШС аз 4-уми майи соли 1927, Қарори президиуми КИМ ИҶШС аз 8-уми июни соли 1927 (дар шакли сарҳадҳои байни ҶШС Ӯзбекситон ва ҶШФС Русия) ва Қарори президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 муайян ва ба таври ниҳоӣ тасдиқ шудаанд.
Харитаи сарҳадҳои байни ду ҷумҳурӣ низ дар замимаи ин қарорҳо ба таври дақиқ омадааст, ки Тоҷикистон онро асос қарор медиҳад.
Ин аст, ки аз назари ҷониби Тоҷикистон «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927» ягона такягоҳи дурусти ҳуқуқӣ барои муайян кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.
Ва охирин далели устувори дар масъалаи сарҳадҳои ду кишвар ягона санадҳои қонунии расмӣ будани ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932 ин аст, ки бо хоҳиши Шӯрови Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон соли 1990 комиссияи махсуси Шӯрои Олии ИҶШС барои баррасии ин ҳуҷҷатҳо таъсис гашта буд. Пас аз омӯзиши ин масъала комиссияи мазкури ИҶШС низ ба хулоса расида буд, ки танҳо ҳуҷҷатҳои зикршуда метавонанд ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи сарҳади байни ҷумҳуриҳо эътироф ва истифода гарданд.
Бо вуҷуди ин, аз бойгониҳои таърихии Федератсияи Россия ва ҷумҳурии Ӯзбекистон ба даст овардани ҳуҷҷатҳои тақисмоти марзӣ дар лаҳзаи таъсиси ин ду ҷумҳурӣ ва ҳуҷҷатҳои комиссияи махсуси Шӯрои Олии ИҶШС дар соли 1990 яке аз вазифаҳои муҳимми раванди мушаххассозии марзҳо ба ҳисоб меравад. Зеро ин ҳуҷҷатҳо метавонанд нуктаҳои зиёдеро равшан кунанд. Аммо чизе, ки муайян аст, ин санадҳо низ «ҳақиқати Тоҷикистон»-ро тақвият хоҳанд дод.
6. МАРЗИ МАЪМУРӢ Ё САРҲАДИ ДАВЛАТӢ? ШАРҲИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ҲУҶҶАТҲОИ ПАС АЗ СОЛИ 1932, КИ ҶОНИБИ ҚИРҒИЗИСТОН БА ОНҲО ТАКЯ МЕКУНАД
Тавре зикр шуд, дар ин баҳсҳо ҷониби Қирғизистон ба «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927» такя накарда, ба ҷойи он як силсила ҳуҷҷатҳои ҳосилшуда дар фосилаи аз соли 1932 то 1991 ва дар давраи истиқлолияти давлатии ду кишварро ҳамчун асос ба миён гузоштанӣ мешавад. Бахше аз ин ҳуҷҷатҳо дар натиҷаи муомилаҳои маҳаллӣ ва маъмурӣ дар бораи табодулу истифодаи муваққатии заминҳо ва бахши дигарашон дар натиҷаи кори комиссияҳои гуногун барои ҳалли баҳсу низоъҳои сарҳадӣ ба вуҷуд омадаанд. Зеро баҳси марзии ду ҷумҳурӣ доманадор буда, аз ҷумла солҳои 1938–1939, 1949, 1958–1959, 1961, 1971, 1987–1988, 1989, 1990 ва ғ. барои ҳалли масъалаҳои пешомадаи заминистифодабарӣ байни ду кишвар комиссияҳои муштарак таъсис дода шудаанд, ки ҳар яке ба тавре баҳсҳои мавҷударо танзим кардааст.
Мутаассифона, шояд бо назардошти дӯстии байни ду халқу ҷумҳурӣ ва ё бо назардошти дар доираи як давлат (ИҶШС ) зистани ду халқ, дар аксари мавридҳо комиссияҳо ба нафъи кишвари ҳамсоя гузашт карда, заминҳои қонунии Тоҷикистонро барои истифодаи қирғизҳо вогузор кардаанд. Аммо нуктаи қатъӣ ин аст, ки пас аз соли 1932 то замони фурӯпошии ИҶШС ягон ҳуҷҷати муайянкунандаи марзи давлатӣ бо тартиби муқарраргардидаи қоннугузорӣ ва Конститутсияи ИҶШС (солҳои 1936 ва 1977) тасдиқ нагардидааст. Ин аст, ки дар ин масъала тамоми ҳуҷҷатҳои истифодашаванда аз ҷониби Қирғизистон ҳамчун санади муайянкунандаи сарҳади давлатӣ бо мушкили расмият ва эътибори ҳуқуқӣ рӯбарӯ мебошанд.
Агар ба ин масъала ба таври мушаххас пардозем, ҷониби Қирғизистон дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистон аз санадҳои даврони Шӯравӣ се даста ҳуҷҷатҳоро ҳамчун асос пешниҳод мекунад, ки моҳият ва эътибори ҳар яки онҳо чунин аст:
БАСТАИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛИ 1949.
Ин бастаи ҳуҷҷатҳо протоколҳои натиҷаи кори комиссияи дуҷониба аз соли 1949 буда, баъзе қитъаҳои баҳсиро ба фоидаи Қирғизистон тавсиф мекунад. Гарчӣ ҷониби Қирғизистон ин протоколҳоро дар сатҳи олӣ тасдиқ намудааст, аммо бинобар мухолифати ошкоро доштани онҳо ба моддаи 14-уми Конститутсияи ИҶШС (соли 1936) ин ҳуҷҷатҳо аз тарафи Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон рад карда шудаанд. Ба ибораи дигар, ҳуҷҷутҳои соли 1949 аз ҷониби Тоҷикистон эътироф нашуда, расмиёти давлатӣ барои муайян кардани сарҳади давлатиро нагузаштаанд ва расмият ва машруият надоранд.
Далели дигари аз тарафи мақомооти давлатии ИҶШС эътироф нашудани ҳуҷҷатҳои соли 1949 ин аст, ки агар то солҳои 50-ум харитаҳои ду ҷумҳурӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932 ба таври дақиқ нашр мешуданд, пас аз соли 1950 дар баъзе аз ин харитаҳо марзи ду ҷумҳурӣ ба таври шартӣ ишора шуда, эзоҳ дода шудааст, ки танҳо пас аз тасдиқи давлатии натиҷаҳои кори комиссия он дар харита нишон дода мешавад. Аммо то замони мавҷудияти ИҶШС он ҳуҷҷатҳо расмияти давлатӣ наёфтанд.
2. БАСТАИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1958-1959
Ин ҳуҷҷатҳо дар натиҷаи кори комиссияи дуҷониба «Оид ба ҳалли масъалаҳои обу замин байни ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон» ба вуҷуд омадаанд, ки бо қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҶШС Қирғизистон дар соли 1958 ташкил гашта, ду сол фаъолият намуд. Вазифаи асосии ин комиссия на муайян ва аломатгузорӣ намудани хатти сарҳади ду кишвар, балки ҳалли баҳсҳои истифодаи обу замину чарогоҳ дар қитъаҳои мушаххаси хоҷагиҳо ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ буд. Мутаассифона, ин комиссия ба ин заминҳо ҳамчун ҳудудҳои як кишвар (ИҶШС ) муносибат карда, бар хилофи санадҳои расмии солҳои 1924-1932 бахше аз заминҳои таърихӣ ва қонунии ноҳияи Исфараро барои истифода дар ихтиёри ноҳияи Баткенти вилояти Оши кишвари ҳамсоя қарор дод.
Бинобар ин, ҳуҷҷатҳои ниҳоии комиссия соли 1958-1959 аз ҷониби Тоҷикистон пазируфта нашуда, дар сатҳи Тоҷикистон ва ИҶШС расмиёт ё протседураҳои зарурӣ давлатӣ барои тибқи қонунгузории ИҶШС гирифтани мақоми ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатиро нагузаштаанд. Яъне аз назари қонунгузории Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҶШС Тоҷикистон қурби ҳуқуқии ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади байни ҷумҳуриҳоро надоранд.
Албатта, ҳуҷҷатҳои ин комиссия аз ҷониби президиуми Шӯрои Олии Қирғизистон аз 30-юми марти соли 1961 ба таври якҷониба тасдиқ ёфтаанд, аммо аз ҷониби Тоҷикистон онҳо танҳо дар сатҳи роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ (собиқ вилояти Ленинобод) мувофиқа гаштаанд.
Вале, тавре муайян гашт, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сарҳад бояд баъди қабули қарор аз ҷониби Шӯроҳои Олии ҳар ду ҷумҳурӣ, аз ҷониби Шӯрои Олии ИҶШС низ тасдиқ мегардид. Пас, ҳамчун асоси музокироти сарҳадӣ истифода намудани ҳуҷҷатҳои соли 1959 низ дуруст ва имконпазир нест.
3.БАСТАИ ҲУҶҶАТҲОИ СОЛИ 1989
Шояд бастаи ҷиддитарини ҳуҷҷатҳое, ки ҷониби Қирғизистон дар баҳси марзӣ ба онҳо такя мекунад, натиҷаҳои кори комиссияи дуҷонибаест, ки пас аз низоъҳои ҷиддии сарҳадӣ соли 1989 бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон барои аниқ намудани сарҳади давлатӣ таъсис ёфта буд. Бо тафовут аз комиссияи соли 1958, вазифаи комиссияи муштараки соли 1989 маҳз «МУАЙЯН КАРДАНИ ХАТТИ САРҲАДИ ДУ КИШВАР ДАР ТАМОМИ ТӮЛИ ОН» буд ва пас аз моҳҳои фаъолият, он дар ҳақиқат хатту ҳолати аксари қитъаҳои марзиии байни ду кишварро ба таври ҷузъию тахассусӣ тасвир намуд. (Ин аст, ки тибқи маълумоти ВКХ ҶТ , ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала нармиш нишон дода, барои дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамчун маводи корӣ истифода намудани харитаву ҳуҷҷатҳои ин комиссия низ розигӣ додааст).
Аммо мушкили асосӣ дар он буд, ки маҳз ҳамин комиссия хатти сарҳадро бо тафовути зиёд аз сарҳадҳои расмии солҳои 1924-1927 ва 1932 тарсим намуда, дар натиҷа, заминҳои баҳсиро аксаран ба Қирғизистон марбут дониста, аз ҳисоби заминҳои қонунии Тоҷикистон даҳ анклавро дар ҳудуди Қирғизистон муайян карда буд. Дар асоси кори ин комиссия, ҳатто миёни Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон Созишнома дар бораи муқаррар намудани сарҳад байни ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон ба имзо расид. Ҷониби Қирғизистон натиҷаҳои кори ин комиссияро дар сатҳи қонунгузории кишвар тасдиқ намуда, аз ҷониби худ ба он расмият бахшид.
Аммо Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон пас аз баррасии натиҷаи кори комиссияи мазкур онро қабул ва тасдиқ накарда, бо қарори худ аз 26 октябри соли 1989, таҳти №685 ба қисми тоҷикистонии комиссия супориш дод, ки корҳоро дар самти дақиқ кардани хати сарҳади давлатӣ бо назардошти асосҳои таърихию ҳуқуқӣ, яъне ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932 идома диҳад.
Ҳамин тавр, боз ҳам мутобиқи Конститутсияи ИҶШС аз 1977 ва Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон аз соли 1978 маводи хулосавии комиссияи муштараки соли 1989 «Оид ба муайян кардани гузариши хати сарҳади давлатӣ байни ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон» расмиёти давлатиро нагузашта, ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ байни кишварҳо эътибор пайдо накардааст. Сипас, бо қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 23 апрели соли 1991, таҳти №106 комиссияи нав таъсис дода шуд, ки вазифаи он баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои баҳснок дар сарҳад бо Қирғизистон буд.
Ин ҳолат бори дигар нишон медиҳад, ки ҳар се бастаи ҳуҷҷатҳое, ки Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳуҷҷатҳои даврони шӯравӣ (1949, 1958-1959 ва 1989) барои музокирот асос қарор доданӣ мешавад, эътибори ҳуқуқию қонунӣ надошта, ҳамчун санади байнидавлатӣ барои муайян карадни сарҳади давлатӣ асос шуда наметавонанд. Ин аст, ки ҳуҷҷатҳои солҳи 1924-1927 ва 1932 то имрӯз низ ҳамчун охирин ҳуҷҷатҳои устувор дар муайян кардани воқеияти таърихӣ ва хатти сарҳади давлатӣ боқӣ мемонанд.
7. «САРҲАДҲОИ МАВҶУДА» Ё БОЗӢ БО ҲУҶҶАТҲО ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ
Бо истиқлоли давлатӣ ёфтани Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз соли 1991 баҳси сарҳадӣ низ ба марҳилаи комилан нави худ ворид шуд. Акнун ду ҷониб ҳамчун кишварҳои мустақил бояд хатти сарҳадии худро ҳамчун сарҳади давлатӣ миёни ду давлати мустақил муайян ва эътироф мекарданд. Ду кишвар истиқлол ва ягонагии ҳудудии ҳамдигарро ба таври расми эътироф намуда, шартномаи дӯстӣ ва даҳҳо санадҳои дигари дӯстиву ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Аммо ҳам ихтилофи амалӣ ва ҳам баҳси ҳуҷҷатҳо байни ду ҷониб дар марҳилаи нав низ идома ёфта, ҷиддитару печидатар шуд.
Дар ин марҳила низ Тоҷикистон дар гуфтугӯҳои марзӣ ҳуҷҷатҳои соли 1924-1927 ва соли 1932-ро ҳамчун асоси муайянкунандаи сарҳадҳои давлатӣ ба роҳбари гирифт ва мегирад. Аммо ҷониби Қирғизистон як силсила ҳуҷҷатҳои давраи истиқлолро низ ба «ҳуҷҷатҳои такягоҳӣ»-и худ афзудааст, ки масъаларо боз ҳам мураккабтар мекунанд.
Муҳимтарини онҳо санадҳое чун «Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз 8 декабри соли 1991, «Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» аз 12 июли соли 1996 (ш.Душанбе), Эъломияи Алмаато аз 21 декабри соли 1991, Эъломияи Москва оид ба риояи соҳибихтиёрӣ, тамомияти ҳудудӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 15 апрели соли 1994 ва ғ. мебошанд. Ин ҳуҷҷатҳо дар ҳақиқат санадҳои усулӣ ва муҳимми муайянкунандаи муносибати байни ду кишвар ва кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоб мераванд, аммо ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади давлатӣ асос қарор додани онҳо бисёр баҳсбарангез ва номумкин аст.
МУШКИЛИ ҲУҶҶАТҲОИ НАВИ ТАКЯГОҲИИ ҶОНИБИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ЧИСТ?
Ҳуҷҷати якум, яъне «СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ТАЪСИСИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ» АЗ 08.12.1991 аз назари таъйиноти худ ҳуҷҷати таъсисии ин ташкилоти байналхалқӣ буда, усулҳои таъсисӣ, ҳавзаҳои фаъолият ва сохтору ҳадафҳои ИДМ ва низоми муносибатҳои байни давлатҳои узв дар доираи ин ташкилотро муайян ва танзим мекунад. Ба истилоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, мавзӯи ин созишнома танзими баҳсу масъалаҳои марзии байни давлатҳо нест ва тибқи талаботи Конвенсияи Вена дар бораи мақоми шартномаҳои байналмилалӣ (аз 23-юми майи соли 1969), ин санад аз рӯи мавзӯи худ наметавонад ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои танзим ва ҳалли баҳси сарҳадҳои давлатӣ эътироф ва корбурд шавад. Посухи радди ҷониби Тоҷикистон барои асос қарор додани ин Созишнома, ки моҳи сентябри соли 2022 аз тарафи вазири корҳои хориҷии кишвар дар Маҷмаи умумии СММ садо дод, низ маҳз ҳамин аст.
Шарҳи ҳуқуқии ин нукта чунин аст, ки тибқи моддаи 10-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 26-уми Конвенсияи Венна дар бораи мақоми созишномаҳои байналмилалӣ, ки «pacta sunt servanda» ё ҳатмияти иҷрои созишномаҳоро тақозо дорад, ҷониби Тоҷикистон ба тамоми санадҳои байналмилалие, ки расман эътироф намудааст, аз ҷумла ба Созишномаи таъсисии ИДМ эҳтиром ва пойбандӣ дорад.
Аммо, мувофиқи банди 1-уми моддаи 31-уми худи Конвенсияи Вена дар бораи мақоми созишномаҳои байналхалқӣ (1969), МАЗМУНИ СОЗИШНОМА БОЯД ТАНҲО ДАР ДОИРАИ МАВЗӮЪ ВА ҲАДАФИ ХУДАШ ТАФСИР КАРДА ШАВАД. Дар ин маврид бошад, худи номи Созишномаи таъсиси ИДМ ва банди якуми он таъкид мекунанд, ки мавзӯи он таъсиси Иттиҳоди Кишварҳои Мустақил ва ҳадафи он муайян намудани усули муносибатҳои байни давлатҳои узв мебошад. Аз ин рӯ, бо тафсири озоди манфиатӣ ба масъалаи танзими баҳсҳои сарҳадӣ кашидани ин Созишнома дуруст нест.
Илова бар ин, мувофиқи Протокол дар бораи таъсиси ИДМ аз 21-уми декабри соли 1991, ки ҷузъи таркибии ин Созишнома ба ҳисоб меравад, бояд барои татбиқи Созишномаи таъсиси ИДМ механизми мушаххаси амалисозии он таҳия ва қабул мегашт. Чун ин Созишнома дар аввал ҳамагӣ аз тарафи се кишвар (Русия, Украина ва Белорус) таҳия ва имзо шуда буд, протоколи замимавии таркибӣ пешбинӣ мекард, ки бо назардошти ислоҳоти минбаъдаи кишварҳои ҳамроҳшаванда ва имзокунанда, дар оянда дар асоси ин Созишнома ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибати байни кишварҳо дар самтҳои гуногун таҳия мегарданд. Аммо дар амал, то имрӯз дар асоси ин Созишнома ҳеҷ ҳуҷҷати танзимкунандаи масъалаи марзҳои байни кишварҳои узв таҳия ва қабул нагашта, банду меъёрҳои он дар сатҳи умумӣ боқӣ монданд.
Ин мавқеи Тоҷикистон, яъне радди истифодаи Созишномаи таъсисии ИДМ дар ин маврид, аз назари амалӣ низ дуруст аст, зеро дар аксари ташкилотҳои байналхалқӣ байни аъзои он ихтилофу низоъҳои сарҳадӣ идома меёбанд, ки низомнома ё мавҷудияти ташкилот онҳоро ба таври мустақим ҳал ва танзим намекунад.
Масалан, кишварҳои Чин, Ҳинд ва Покистон ҳар се узви Созмони ҳамкории Шанхай ҳастанд ва кишварҳои узви ин созмон низ дар низомномаи таъсисӣ ягонагии арзӣ ва сарҳадҳои расмии ҳамдигарро эътироф мекунанд. Аммо узвият дар СҲШ масъала ва баҳси сарҳади давлатӣ байни ин кишварҳоро танзим намекунад ва ихтилофу ҷангҳои онҳо ҳамоно идома дорад. Узвият дар СҲШ аз ин кишварҳо талаб дорад, ки ихтилофҳои сарҳадиро дар рӯҳияи дӯстиву шарикӣ ҳал кунанд, аммо худи масъаларо ба таври мустақим танзим ва ҳал намекунад. Он бояд дар сатҳи тавофуқи дуҷонибаи ин кишварҳо дар ҳамин масъалаи мушаххас ҳал гардад.
Ҳуҷҷати дигари пешниҳоднамудаи ҷониби қирғизистон, яъне «Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» низ усулҳои муносибат байни ду кишвари мустақилли ҳамсояро муайян карда, дар айни замон, масъалаи сарҳадҳои давлатии байни ду кишварро ҳал ва танзим намекунад.
Албатта, ин санад, ки муносибати дӯстона ва сулҳомези байни ду кишварро пешбинӣ менамояд, метавонанд ҳамчун замина ва фазои муносиби сиёсию ҳуқуқӣ, барои ба таври осоишта ҳал шудани баҳси марзҳо кумак кунанд. Аз ҷумла, мазмуну меъёрҳои ин созишномаҳои дӯстиву ҳамкорӣ аз Қирғизистон мантиқан тақозо доранд, ки заминҳои Тоҷикистонро дӯстона баргардонда, масъаларо ба ҷангу низоъ накашад.
Ё банди 5-уми Аҳднома, ки «эътирофу эҳтироми тамомияти ҳудудии ҳамдигар»-ро пешбинӣ кардааст, мазмунан тақозо дорад, ки Қирғизистон ягонагии ҳудудии Тоҷикистонро дар марзҳои қонунии он эътироф карда, заминҳои қонунии Тоҷикистонро баргардонад. Аммо ин ҳуҷҷатҳо асосе барои танзими вазъияти қитъаҳои мушаххаси баҳсноки марз буда наметавонанд.
Ду ҳуҷҷати дигари пешниҳоднамудаи ҷониби қирғизистон, яъне Эъломияи Алмаато ва Эъломияи Москва низ бо ҳамин далелҳо, яъне танзими масъалаи баҳсҳои сарҳадӣ набудани мавзӯи онҳо, дар музокироти марзӣ қобили истифода нестанд.
Вале нуктаи калидие, ки ҷониби Қирғизистон дар ин ҳуҷҷатҳо ба он такя мекунад, дар онҳо истифода шудани истилоҳи «сарҳадҳои мавҷуда» мебошад. Яъне, аксари ин ҳуҷҷатҳо пешбинӣ мекунанд, ки кишварҳо ҳудуди ҳамдигарро дар доираи «сарҳадҳои мавҷуда» эътироф мекунанд.
Аз ҷумла, дар сархати 3-и моддаи 3-и Оинномаи ИДМ, ки 22 январи соли 1993 дар шаҳри Минск бо иштироки давлатҳои узв ба тавсиб расидааст, аслҳое чун “дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ”, “эътирофи сарҳадҳои мавҷуда” ва “худдорӣ аз азхудкунии ғайриқонунии ҳудудҳо” эълон шудаанд. Чун асли ҳуҷҷати мазкур ба забони русист, ин ибораҳо дар шакли “нерушимость государственных границ, признание существующих границ и отказ от противоправных территориальных приобретений» оварда шудаанд.
Дар моддаи 5 Созишномаи таъсисии ИДМ аз 8 декабри соли 1991 низ мафҳуми «сарҳади мавҷуда» («неприкосновенность существующих гарниц» истифода шудааст.
Дар бандҳои 1-ум ва 5-уми Аҳдномаи муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар низ ба аслҳое чун «дахлнопазирии сарҳадҳо» ва «эътирофи тамомияти арзӣ»-и ҳамдигар таъкид гаштааст.
Аммо ду ҷониби музокироти сарҳадӣ мафҳуми “сарҳадҳои мавҷуда”-ро ба таври гуногун мефаҳманд. ҷониби Қирғизистон ин мафҳумро ба нафъи худ тафсир намуда, чунин мешуморад, ки “сарҳадҳои мавҷуда” сарҳадҳое ҳастанд, ки дар лаҳзаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ байни давлатҳои мустақили меросбари он ба вуҷуд омадаанд. Ба назари онҳо, ин воқеият бояд эътироф гашта, дар асоси ҳамин воқеияти мавҷуда санадҳо тарбиб дода шаванд. Бо чунин фаҳмиши ибораи “сарҳадҳои мавҷуда” қариб ҳамаи заминҳои қонунии Тоҷикистон, ки ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон ҳастанд, ба Қирғизистон вогузор мешаванд.
Аммо ба назари ҷониби Тоҷикистон, ТАНҲО ҲАМОН САРҲАДЕ ЧУН «САРҲАДИ МАВҶУДА» ЭЪТИРОФ ШУДА МЕТАВОНАД, КИ БА САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ САТҲИ ДАВЛАТӢ ВА БО ТАРТИБИ МУҚАРРАРГАРДИДА ТАСДИҚ ШУДА БОШАНД.
Аз ин рӯ, “сарҳадҳои мавҷуда” байни Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо ҳамон сарҳадҳои муайяншуда дар доираи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-12927 ва 1932 мебошанд.
Ин мавқеи Тоҷикистон аз назари ҳуқуқӣ дуруст буда, аз назари амалӣ ва сиёсӣ низ ба манфиати кишвар аст, зеро дар ҳолати аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гаштани ҳуҷҷатҳои дигар ё сарҳадҳои амалан шаклгирифтаи замони фурӯпошии Шӯравӣ, аксари заминҳо дар ихтиёри Қирғизистон боқӣ монда, аз ҷумла, минтақаи Ворух расман ба эксклави эътирофшуда табдил мешавад. Ҳолате, ки Тоҷикистон бо он ҳаргиз розӣ шуда наметавонад. Бинобар ин, Тоҷикистон аз фаҳмиши дурусти мафҳуми “сарҳадҳои мавҷуда” корбарӣ мекунад.
8. АММО «БОЗӢ БО ҲУҶҶАТҲО» ЧӢ ТАВР СУРАТ МЕГИРАД?
Мақсад аз истифодаи ин ибора дар бораи рафтори кишвари ҳамсоя дар он аст, ки мутаассифона, дар тӯли гуфтугӯҳои марзӣ ҷониби Қирғизистон мавқеи худро на танҳо ба масъала, балки ҳамчунин нисбат ба “ҳуҷҷати такягоҳӣ” низ пайваста тағйир медиҳад. Дар тӯли даҳсолаи охири гуфтушунидҳои дуҷониба, комиссияҳои ҳуқуқӣ ва давлатии ин кишвар вобаста ба манфиати ҷониби худ дар ин ё он қитъаи баҳсӣ ва ё вобаста ба гароиши ҳуқуқию сиёсии роҳбару аъзоёни комиссия, ба ҳуҷҷатҳои гуногун такя менамояд. Ин мавқеи тағйирёбандаи ҷониби ҳамсояро метавон ҳамчун «бозӣ бо ҳуҷҷатҳо» номид.
Ба таври мисол:
Тибқи матни протоколи №10-и ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҷонибҳо аз 4 феврали соли 2011, аз ҷониби роҳбари гурӯҳи ҳуқуқии ҷониби Қирғизистон зикр гардидааст, ки Ҷумҳурии Қирғизистон расман маводи комиссияи дуҷонибаи соли 1989-ро тасдиқ кардааст ва он барои Қирғизистон ҳуҷҷати ягона ва асоси ҳуқуқии делимитатсияи сарҳади давлатӣ ба ҳисоб меравад.
(Маводе, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф ва расмияти давлатӣ наёфта буд.)
2. Аммо дар протоколҳои баъдии ҷаласаи гурӯҳҳои ҳуқуқии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон (№11 аз 19 ноябри соли 2011 ва №12 аз 11 феврали соли 2012), зикр гардидааст, ки ҷониби Қирғизистон пешниҳод дорад, то ба сифати асоси ҳуқуқии делимитатсияи сарҳади давлатӣ маводи комиссияи дуҷонибаи солҳои 1958-1959 низ ба инобат гирифта шуда, маводи комиссияи паритетии соли 1989 дар ҳолати зарурӣ истифода карда шавад.
3. Дар идома, дар протоколи №16-и мулоқоти гурӯҳҳои ҳуқуқии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз 22 июли соли 2013, гурӯҳи ҳуқуқии ҷониби Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки ба сифати ҳуҷҷатҳои асосии муайянкунандаи тақсимоти сарҳадӣ Созишнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 декабри соли 1991, Эъломияи Алмато аз 21 декабри соли 1991, Эъломияи Москва аз 15-уми апрели соли 1994, Оинномаи ИДМ ва Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 асос қарор дода шаванд.
4.Дар ҷаласаҳои охир дар соли 2022 бошад, гурӯҳи ҳуқуқии ҷониби Қирғизистон пешниҳод намуд, ки барои тасвири гузариши хати сарҳади давлатӣ ҳамаи мавод ва ҳуҷҷатҳои мавҷуда истифода карда шуда, дар ягон протокол ба онҳо истинод оварда нашавад.
(Чигунагии муносибати ҷониби Қирғизистон ба ҳуҷҷату протоклҳои имзошуда дар рафти гуфтушунидҳои солҳои охир, чӣ тавр аз тарафи ин кишвар риоя нашудани талаботи ин протоколҳо ва чӣ тавр зуд-зуд тағйир ёфтани мавқеи давлат ва комиссияи давлатии ин кишвар дар тӯли мулоқотҳо баҳси дигарест, ки дар фурсати дигар бо овардани санадҳо пешниҳод мешавад.)
Ҳамин тавр, танҳо баррасии ҶАНБАИ ҲУҚУҚИЮ ҲУҶҶАТИИ баҳси сарҳадӣ байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон нишон медиҳад, ки ин баҳси печида дар чунин шароити мураккаб мегузарад.
9. ХУЛОСА Ё ЧАРО ТОҶИКИСТОН «КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР» НЕСТ?
Чун мақсади асосии ин навишта шарҳи соддаи мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва ташаккули тасаввури дақиқ ва равшан дар бораи он миёни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар буд, дар охир моҳияти мавқеи кишвар ба забони дигар ё дар шакли чанд нуктаи ҷамъбастӣ пешниҳод мешавад.
Нуктаҳое, ки дарки он барои ҳамаи мо ҳам зарур ва ҳам воҷиб мебошанд:
МАҚОМ Ё СТАТУСИ ДУ ҶОНИБИ БАҲС:
Тамоми ин 211 000 гектар замин қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин баҳс Тоҷикистон ба сифати соҳиби замин ва талабкунандаи ҳаққи қонунии худ баромад мекунад.
Аммо ҷониби Қирғизистон дар ин масъала ҳамчун кишварест, ки аз баргардондани заминҳои қонунии кишвари ҳамсоя худдорӣ мекунад.
Яъне дар ин баҳс ТОҶИКИСТОН ҶОНИБИ ҲАҚДОР ВА ҚИРҒИЗИСТОН ҶОНИБИ ҚАРЗДОР МЕБОШАД. Чунин нақш ва мавқеи ду ҷониб дар ин низоъ бояд дар ҷомеаи мо дақиқан дониста ва дарк шавад.
2. ҲАҚИҚАТ ВА ВОҚЕИЯТ ДАР ИН БАҲС:
Ин 211 000 гектар замин аз назари ҳуқуқӣ сад дарсад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таллуқ доранд ва аз назари Тоҷикистон «қитъаҳои баҳсӣ» нестанд. Тавре дида шуд, тамоми ҳуҷҷатҳои расмии таърихӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунанд.
Аммо, дар айни замон, мутаассифона, ин заминҳо ҳоло бо сабабҳои гуногуни зикршуда амалан дар ихтиёри Қирғизистон мебошанд. Яъне, ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ ВА АДОЛАТИ ҲУҚУҚӢ ПУРРА ДАР ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН АСТ, АММО МУТААССИФОНА, ВОҚЕИЯТ (ЗАМИНҲО) АМАЛАН ДАР ИХТИЁРИ ҚИРҒИЗИСТОН ҚАРОР ДОРАД. Ин манзараи баҳс низ бояд тасаввур ва дарк шавад.
3. ҲАДАФ ВА МАНФИАТИ ДУ ҶОНИБ ДАР ИН БАҲС:
Бо дар назардошти ду нуктаи боло, дар низоъ ва гуфтушунидҳои марзӣ, талош, ҳадаф ва манфиати ҷониби Тоҷикистон баргардондани заминҳои қонунии худ аст.
Аммо дар ин раванд талош, ҳадаф ва манфиати Қирғизистон дар ихтиёри худ нигоҳ доштани ин заминҳои Тоҷикистон ва дар ниҳоят, ҳамчун қаламрави худ расмият бахшидан ба онҳост. Ба ибораи дигар, мавқеи Қирғизистон барнагардондан ва ба таври ниҳоӣ аз худ кардани ин заминҳост. Ҳамчун иҷоранишине, ки бо вуҷуди тамом шудани мӯҳлати шартнома аз хонаи иҷоравӣ набарояд, онро ба соҳиби қонунии хона баргардонданӣ набошад, ба соҳиби хона таҳдид кунад, балки хонаро аз худ карданӣ бошад.
4. МАСЪАЛАИ ТАШХИСИ КИШВАРИ «ТАҶОВУЗГАР» ВА КИШВАРИ «ҒОСИБ» ДАР ИН БАҲС:
Бо назардошти се нуктаи боло, ҷониби Тоҷикистон дар ягон ҳолат наметавонад ҳамчун кишвари таҷовузкор ё агрессор шинохта шавад, зеро Тоҷикистон ба қаламрави қонунии Қирғизистон дахолат надорад ва ба он дахолат ё ҳуҷум накардааст, балки аз кишвари ҳамсоя бозгардонидани заминҳои қонунии худашро талаб дорад. Ҳатто дар ҳолати бо роҳи зурӣ ва низомӣ заминҳои қонунии худро баргарднидан низ Тоҷикистон на аз назари ҳуқуқӣ ва на аз назари воқеию таърихӣ кишвари ҳуҷумкунанда ва тарафи таҷовузкор намешавад, зеро ЯК КИШВАР НАМЕТАВОНАД БА ҚАЛАМРАВИ ХУДАШ ҲУҶУМ КУНАД Ё БА ОН ТАҶОВУЗ КУНАД.
Аммо ҷониби Қирғизистон, ки заминҳои қонунии Тоҷикистонро баргардондан намехоҳад, метавонад ҳамчун ҷониби ғосиб ё ғасбкунанда дониста шавад. Зеро мувофиқи тамоми далелҳои таърихӣ, ҳуҷҷатӣ ва мантиқӣ, он бояд заминҳои Тоҷикистонро баргардонад. Дар сурати саркашӣ аз ин амал, ҶОНИБИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ТАМОМИ АСОСҲОИ ҲУҚУҚИЮ МАНТИҚӢ ҶОНИБИ ҒОСИБ БА ҲИСОБ МЕРАВАД.

Яндекс.Метрика