Зан-Модар таровату ҳусни  нотакрори зиндагӣ аст!

 «Ҳар кадоми шумо, модарону хоҳарон, тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед».

                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

 
Воқеан ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат, сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд. Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас зан – модар бо меҳру муҳаббат  ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст.
Дар ситоиши зан – модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми кӯҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан чунин қайд кардаанд: «Модар  азизтарин   вуҷуди  рӯйи  замин мебошад ва  зиндагӣ аз нафаси гарму  дилнавози  ӯ оғоз мегардад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи  ишқи  ҷовидонӣ, нахустин  мураббӣ  ва  муаллими  фарзанд мебошад.  Зеро, тору  пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат   ришта  шудааст. Худованд ба  Зан -модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад».

Зеро модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавонони ҷасур, абармардони хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи  хизмат ба инсоният дуо додааст. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст.

Бузургони олам дар назди манзалати зан – модар сари таъзим фуруд овардаанд.  Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Дар ҳақиқат мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд мебошад.

«Модар  воқеан нахустустоди  башарият аст ва  фарзанд каломи  аввалинро  аз ӯ меомӯзад.  Ҳар модаре, ки соҳиби саводу  дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди  ӯ ҳам  босаводу  хушахлоқ  ба  воя  мерасад, ҳатто ба сатҳи забондонии  модар  вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо дарназардошти мақому мартабаи шоистаи занон вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо ва оғози даврони истиқлолият то имрӯз хеле санадҳоро қабул ва татбиқ кардааст. Як силсила фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки онҳо барои таҳкими мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоии кишвар, беҳтар шудани вазъи намояндагӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат таккони ҷиддӣ бахшиданд.

Занон имрӯз ҳам роҳбари корхона ҳастанду  ҳам табиб, ҳам омӯзгоранду  ҳам  соҳибкор, хуллас онҳо  дар тамоми соҳаҳои хоҷагидорӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар баробари ҳамаи ин онҳо  вазифаи муқаддас ва басо масъулиятноки ба дӯш доштаашон – ба дунё овардани фарзанд, тарбия ва дар ниҳодаш ҷой намудани ахлоқи ҳамида, меҳру шафқат, эҳсоси  ватандӯстиву худогоҳии миллиро фаромӯш насохтаанд.

Нақши  модар, махсусан дар таълиму тарбияи фарзанд, омӯхтани забон, таъриху  фарҳанг, донишҳои  муосир  ва  умуман  камолоти  маънавию ахлоқии  фарзанд  барҷаста  ва  ҳатто муайянкунанда  мебошад.

Ҳамаи   Шумо-гулҳои  ҳамешабаҳори   боғи зиндагӣ ва дар  симои  Шумо   тамоми  занону   модарон  ва бонувони  ҷумҳуриро   ба  ифтихори  бузургдошти  Рӯзи модар  самимона табрик  гуфта,  бароятон   саломатӣ,  хушбахтиву  саодатмандӣ ва  рӯзгори  ободу осуда орзу менамоем.

Идатон  муборак,  модарону хоҳарон  ва бонувони  азиз !

Яндекс.Метрика