Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!
Имрӯз санаи 24 июни соли равон дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолї чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид,Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолї Маҳмадзода Сафаралї Мањмад зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро бо ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки музаффариятҳои Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Ичлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон то ба имруз бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Маърӯзаи Имомзода Бадриддин. – муовини Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолї таҳти унвони «Рӯзи ваҳдати миллӣ » шунида шуд.
Гуфта шуд, ваҳдати миллӣ ба василаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатамон барои густариш ёфтани сиёсати дохиливу хориҷӣ, рушди минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти давлату ҷомеа низ таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд овард.
Ваҳдати миллӣ, ки дар асоси тафоҳуми комил ба даст омадааст, яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон буда, сол то сол пуршукӯҳтар таҷлил мегардад.
Маврид ба ёдоварист, ки воқеаҳои мудҳише, ки солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми мо омад, барои миллати ҷафодидаи мо, ки аз имтиҳонҳои бузурги таърихӣ гузаштааст, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди баруманди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат бо дили пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.
27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Дар анҷоми чорабинии тантанавӣ Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолї бори дигар ҳамаи кормандонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз номи роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳамаи кормандон саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти кориашон муваффақиятҳои рӯзафзун таманно намуд.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.