Таъсиси Хадамоти ҳифзи меҳнат – нерӯи солими корӣ
Таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилоту корхонаҳо, танҳо бо мақсади пешгирӣ таъмини бехатарӣ, таъмин намудани ҳифзи меҳнат, муҳаё намудани шароити бехатар ва безарари меҳнат ва фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат барои кормандони ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифташуда муқаррар карда шудааст. Барои ташкилоту муассиса ва корхонаҳои мухталиф новобаста аз шакли моликият боигарии асосӣ ин неруи солими корӣ ба ҳисоб меравад.
Таъмин намудани кормандон ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муҳаё намудани шароити мусоиди корӣ, таъмини кормандон ба воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, ба инобат гирифтани шароити зарарнок, хатарнок ва вазнини меҳнат, ҳамчунин таъмини кормандон бо маҳсулоти зарурӣ ҳангоми фаъолият дар шароити зарарнок кафили самаранокии меҳнат, рушди истеҳсолот ва фаъолияти пурсамари ҳар як корманд дар дилхоҳ ташкилоту муассисаҳо мебошад.
Барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати шаҳрвандон дар қонунгузории соҳаи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст. Ҳадаф аз таҳияи ҳама гуна санади меъёрии ҳуқуқӣ ин таъмини ҳуқуқу кафолатҳои бо қонунгузорӣ муқарраршуда нисбати шаҳрвандон мебошад.
Дар боби 18 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти меҳнати кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ, ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд ба танзим дароварда шудааст. (м. 236 КМЧТ)
Барои кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, давомнокии вақти корӣ на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта муқаррар карда шуда, дар моддаи 148 КМ ЧТ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2020, №458 баланд бардоштани музди меҳнат ва муқаррар намудани иловапулӣ ба чунин кормандон дар фарқият ба кормандони шароити корашон муқаррарарӣ пешбинӣ гардидааст. Барои чунин кормандон тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои корфармо либос, пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати инфиродӣ моддаҳои шустушӯй ва тамиз, шир, хӯроки табобатию пешгирикунанда пешбинӣ карда шудааст.(м 238 КМ ЧТ)
Зарурияти бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати шаҳрвандонро ба инобат гирифта дар КМ ҶТ 1 фасл, 5 боб ва 32 моддаи меъёрмуқарраркунандаи КМ ҶТ ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармою кормандон бахшида шудааст.
Талаботи моддаи 331 КМ ҶТ корфарморо ӯҳдадор намудааст, ки дар тамоми ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ шароити меҳнатии ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгӯро муҳайё намояд ва барои риоя накардани ин талабот барои корфармо моддаҳои 133 ва 135 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ муқаррар намудааст, ки ин омил аз волоияти муҳим донистани саломатии шаҳрвандони ба фаъолияти меҳнатӣ фарогирифташуда шаҳодат медиҳад.
Ҳануз дар вақти бастани шартномаи меҳнатӣ корфармо бояд ба корманд дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси имтиёзу ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани имтиёзҳо ҳуқуқ дорад ва аз воситаҳои муҳофизати инфиродӣ бояд маълумот диҳад. Риоя накардани ин омил аз иҷро нагардидани шартҳои шартномаи меҳнатӣ дарак дода боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад.
Корфармо уҳдадор аст, соле на камтар аз як маротиба кормандон ва ё намояндагони онҳоро аз ҳолати шароити меҳнати дар истеҳсолот ва ҷойҳои кор, оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат аз тарафи мақомоти назоратӣ, андешидани тадбирҳо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатари меҳнат хабардор созад, чунин маълумотро бо хоҳиши корманд дар ихтиёри ӯ гузорад. Вале мутаасифона аз ҷониби баъзе аз корфармоён ин талаботҳо риоя намегардад.(м.332 КМ ЧТ).
Ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармо тибқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба суғуртаи ҳатмӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд, ки ин ҳам кафолати қонунгузорӣ нисбати кормандон мебошад(сархати 17, қисми 2 моддаи 19 КМ ҶТ).
Корфармо уҳдадор аст сабабҳои ҳодисаи нохушро дар истеҳсолот фавран санҷиш намояд, мувофиқи намунаи муқарраршуда санад тартиб диҳад ва ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рухдодаро сари вақт ба қайд гирад, ва воситаҳои пешгирии чунин омилҳоро пешбинӣ намояд.(м 342 КМ ҶТ)
Тибқи талаботи моддаи 345 КМЧТ шаҳрвандоне ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд чунин ҳуқуқҳоро доро мебошанд:
— ба ҷойи кори ба талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҷавобгӯ;
— таъмин будан бо бинои санитарӣ-маишӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, либоси махсус тибқи талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, инчунин шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;
— муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё мақомоти маҳаллии он барои гузаронидани муоинаи шароит ва ҳифзи меҳнат дар ҷойи кор;
— шахсан ё ба воситаи намояндааш дар санҷиш ва тафтиши масъалаҳое, ки ба беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнат вобаста аст, иштирок намояд;
— дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъе, ки ба ҳаёт ё саломатии ӯ таҳдид мекунад аз иҷрои кор даст кашида, дар ин хусус ба роҳбари бевоситааш ё корфармо хабар диҳад;
— ба маълумот ва тайёрии касбии ба амнияти иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ зарур мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ба гирифтани маълумоти дақиқ аз корфармо дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва санитарӣ — гигиенӣ, имтиёз ва ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онҳо ҳуқуқ дорад;
— ба нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат дар вақти боздоштани кори ташкилот бинобар номутобиқӣ ба талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
— ба овардани шикоят нисбати амал ё беамалии ғайриқонунии корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.
Дар асоси талаботи қонунгузорӣ тибқи талаботи моддаи 348 КМЧТ Уҳдадориҳо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ба зиммаи корфармо гузошта шудааст.
Маъмурияти ташкилот уҳдадор аст, ки оид ба ҳифзи меҳнат ва баланд бардоштани ихтисоси кормандон низоми омӯзиши мунтазамро ташкил намояд.
Роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо, ки масъули ташкили ҳифзи меҳнатанд, роҳбарон, мутахассисони хадамоти ҳифзи меҳнат на кам аз як маротиба дар панҷ сол, бояд аз курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат гузаранд. Вале ин масъалаҳо аз мадди назар дур мондаанд.
Дар асоси талаботи моддаи 352 КМЧТ яке аз масъалаҳои дигаре, ки ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат мусоидат менамояд ин мутобиқ будани Лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои истеҳсолӣ, инчунин мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ, равандҳои технологӣ ба талаботи ҳифзи меҳнат мебошад.
Қисми 2 моддаи 352 КМЧТ муқаррар намудааст, ки сохтмон, таҷдид, азнавҷиҳозонии техникии иншооти истеҳсолӣ, истеҳсол ва татбиқи техника ва технологияи нав бе хулосаи ташхиси давлатии шароити меҳнат дар бораи мутобиқати лоиҳаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда ба талаботи ҳифзи меҳнат, инчунин бе иҷозати мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат манъ аст.
Иншооти нав ё таҷдидшавандаи истеҳсолӣ бе хулосаи мақомоти дахлдори назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат наметавонанд мавриди истифода қарор гиранд.
Дар истеҳсолот истифода бурдани моддаҳои хатарнок ё зарарнок, мавод, маҳсулот, мол ва хизматрасониҳое, ки барои онҳо усулҳо ва воситаҳои назорати метрологӣ таҳия нагардидаанд ва баҳодиҳии токсикологии (санитарию гигиенӣ ва тиббию биологӣ) онҳо гузаронида нашудаанд, манъ аст.
Дар ҳолати истифодаи моддаҳои нави пеш дар ташкилот истифоданашудаи хатарнок ё зарарнок, корфармо уҳдадор аст, ки то истифодаи моддаҳои мазкур оид ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон тадбирҳо андешад ва онҳоро бо мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат мувофиқа кунад.
Мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ, воситаҳои нақлиёт, равандҳои технологӣ, мавод ва ашёи кимиёвӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷии кормандон бояд ба талаботи ҳифзи меҳнат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, мутобиқ ва сертификати мутобиқат дошта бошанд.
Вале масъалаи мазкур аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо риоя намегардад, ки ин масъала барои ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ замина мегардад.
Ҳамзамон, дар доираи талаботи моддаи 353 КМЧТ маблағгузории ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, корфармоён ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, бояд сурат гирад.
Маблағгузории ҳифзи меҳнат, ки дар буҷетҳои дахлдор бо сархати алоҳида ҷудо карда мешавад, барои нигоҳдории мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат истифода бурда мешавад.
Ҳар як ташкилот ҳар сол барои ҳифзи меҳнат дар ҳаҷми муайянгардида дар асоси созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бояд маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд. Кормандони ташкилот ба ин мақсад ягон хароҷоти иловагиро анҷом намедиҳанд.
Андозаи хароҷотҳо вобаста ба чорабиниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида дар шартномаи коллективӣ ва санади корфармо муайян карда мешавад. Ин масъала низ яке аз омилҳои заминагузорӣ ба афзоиши ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ гаштанаш мумкин аст.
Тибқи талаботи моддаии 354 КМЧТ бо мақсади назорати шароит ва ҳифзи меҳнат, сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯи шароити меҳнат, саҳеҳияти пардохти ҷубронпулӣ барои корҳои вазнин ва корҳои дорои шароити хатарнок ё зарарноки меҳнат, инчунин омода намудани таклифҳо дар бораи дохил кардани ташкилот ба гурӯҳи хатарноки касбӣ, мутобиқи натиҷаҳои сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташхиси шароити меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Хулосаи ташхиси шароити меҳнат барои аз тарафи суд баррасӣ гардидани масъала дар бораи барҳам додани ташкилот ё сохтори он дар мавриди ошкор шудани вайронкунии талаботи ҳифзи меҳнат асоси воқеӣ мебошад.
Ташхиси шароити меҳнат дар ҷойҳои корӣ ҳангоми лоиҳакашии сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои истеҳсолӣ, ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, инчунин бо дархости мақомоти судӣ, мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, кормандон, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад.
Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад, ки онҳо бо ин мақсад ҳуқуқ доранд бозрасии худиро таъсис диҳанд, инчунин шахсони ваколатдорро оид ба ҳифзи меҳнат интихоб намоянд.(357)
Иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд бемамониат дар ташкилот риояи талаботи ҳифзи меҳнатро санҷида, ба шахсони мансабдор таклифи баррасии ҳатмиро оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод намоянд.
Фаъолияти иттифоқи касаба дар доираи талаботи моддаи 357 КМ ҶТ ва таъмини назорати ҷамъиятии ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо метавонад боиси коҳиш додани хатари ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ гардад.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ба меҳнат ва ҳифзи он ҳуқуқ дорад.
Мутобики Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи меҳнат ҳамчун низоми чорабиниҳои ҳуқӯқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахсро дар раванди фаъолияти меҳнат таъмин мекунад.
Бо мақсади таъмини низоми чорабиниҳои мазкур, қонунгузор дар моддаи 355 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти меъёриро муайян намудааст, ки тибқи он барои ташкили іифзи меінат дар ташкилот бо теъдоди кормандон зиёда аз 50 нафар хадамоти іифзи меінат, ки бевосита ба роібари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда мешавад. Дар мавриди аз 50 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти іифзи меінат ё ӣорҳ намудани вазифаи мутахассис оид ба іифзи меінат вобаста ба хусусияти фаъолияти истеісолии ташкилот ѕарор ѕабул мекунад ё уідадориіоро оид ба іифзи меінат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор менамояд.
Дар заминаи моддаи 355 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2018, №18 бо қарори худ Низомномаи (намунавии) Хадамоти (раёсати, шуъбаи, бахши) ҳифзи меҳнати ташкилоту массисаҳоро тасдиқ намуда буд, ки иҷрои он аз тарафи тамоми роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳатмӣ мебошад.
Ҳамзамон, мақсад аз ташкил намудани Хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилоту корхонаҳо, ин дуруст ба роҳ мондани кори ташкил ва омӯзиши усулҳои бехатарии кор дар раванди фаъолият, ба роҳ мондани барномасозиҳо барои додани дастурҳои бехатарии кор, аз ҷумла дастурҳои муқаддимавӣ, ибтидоӣ, инчунин бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати баҳравар гардидани кормандон аз кафолату имтиёзҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатиро танзимкунанда, инчунин коҳиш додани захмбардории истеҳсолӣ ва ҳолатҳои пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ равона карда шудааст,
Мутаасиффона, аз раванди таҳлили фаъолияти ташкилоту корҳонахои мавриди санҷиш қарордодашуда, муайян карда шуд, ки то ба ҳол аксарияти корфармоён ӯҳдадориҳои худро ҷиҳати таъмин намудани талаботи қисми якуми моддаи 355 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк намекунанд.
Ташкили ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳои дорои зиёда аз 50 нафар кормандон бо риояи муқаррароти меъёрии моддаи мазкур ба низом дароварда нашуда, хадамоти ҳифзи меҳнатро, ки бевосита ба роҳбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил накардаанд.
Иловатан, ҳаминро қайд менамоем, гарчанде ки корфармоён вобаста ба хусусияти фаъолияти истеҳсолии ташкилоту корхонаҳое, ки теъдоди кормандонашон камтар аз 50 нафарро ташкил менамояд, дар бораи таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат ё ҷорӣ намудани вазифаи мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат қарор қабул карда бошанд ва ё уҳдадориҳоро оид ба ташкили кори ҳифзи мехнат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор намуда бошанд ҳам, вале малакаи тахассусии мутахассисони вогузоргардида ҷиҳати пешбурди ташкили ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ мутобиқат наменамоянд, яъне вогузорӣ рӯякӣ ва сатҳӣ мебошанд.
Мутаассифона, таҳлилҳо ва натиҷаи санҷишҳои Хадамот нишон медиҳанд, ки дар ҳолати аз ҷониби роҳбарону масъулини корхонаю ташкилотҳо таъсис надодани хадамоти ҳифзи меҳнат ҳолатҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.
Таҳлилҳои гузаронидаи мутахассисон нишон медиҳад, ки сабабхои асосии руй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот пеш аз ҳама дар баъзе аз ташкилоту муассисаҳо мавҷуд набудани мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, нарасидани техникаи махсус ва либосҳои махсус, аз муоинаи тиббӣ нагузаронидани кормандон, дар ҳолатҳои алоҳида бесалоҳиятии қабули қарор аз ҷониби роҳбарон ва мутахассисон, бетартибӣ ва надонистани талаботи бехатарии гузаронидани корҳо аз ҷониби кормандон, риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби корфармоён, ба талабот ҷавобгӯ набудани фаъолияти хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилоту муассисаҳо, ба таври дахлдор таъмин накардани бехатарии меҳнат ва ба ин мақсад маблағгузорӣ накардани он маҳсуб меёбад.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ