Субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли ғайрирасмӣ ва оқибатҳои шуғли ғайрирасмӣ ба ҷонибҳо

Шуғли ғайрирасмӣ — муносибатҳои меҳнатие, ки бо маслиҳати шифоҳи асос ёфта, бе бастани шарномаи меҳнатии хаттӣ  ба вуҷуд омадааст.

Муносибатҳои меҳнатӣ байни корфармо ва корманд дар асоси шартномаи меҳнатӣ, ки дар мутобиқат ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст ба вуҷуд меоянд. (м.16,26 КМҶТ) ;

Ба ғайр аз уҳдадорӣ оиди ба расмият даровардани шартномаи меҳнатӣ, корфармо уҳдадор аст ҳатман ҳангоми қабул ба кор амалҳои зеринро иҷро намояд(қ.2.м19 қ.6.м.. 26 КМҶТ);

— фармони қабул ба корро таҳия намуда, ба расмият дарорад ва на дертар аз 3 рӯз кормандро бо гирифтани имзо бо санади қабул ба кор шинос намояд (қ 2 М. 19,м. 26 КМҶТ);

Ба кормандоне, ки зиёда аз 5 рӯз кор кардаанд дафтарчаи меҳнатӣ кушода,  дафтарчаи меҳнатиро пур намояд(м.52,КМҶТ, ҚҲҶТ аз 12.04.1999);

Ҳангоми қабул ба кор кормандро аз муоинаи тиббии пешакӣ тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузори меҳнат  гузаронад;(м.333 КМҶТ)

— дар бораи меҳнати заранок (махсусан заранок) шаротҳои хавфноки меҳнатӣ, ва эҳтимолияти бемориҳои касбӣ ба корманд хабар расонад ва дар ин замина кормандро бо шарту шароити ҷои кор пеш аз шурӯъи кор  шинос намояд; (с.17қ.2 м. 19 КМҶТ);

— Кормандро бо қоидаҳои тартиботи дохилии корхона(ташкилот), шарномаи меҳнатӣ, созишнома ва шарномаи коллективӣ ва дигар санадҳои корфармо, ки бевосита ба кори корманд алоқаманд мебошад бо гирифтани имзо шинос намояд(с.6. м.19, қ.7 м.26 ва м. 59 КМҶТ);

— Ҳангоми қабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шартномаи меҳнатӣ бандад (с. 2.қ.2 м. 19, ва моддаҳои 24-26 КМҶТ);

— пешбурди махзани маълумотро ташкил намуда, ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии кормандонро тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд; (с. 24. қ. 2 м.19, ва м. 57 КМҶТ);

— оид ба шумораи кормандоне, ки бо ӯ дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд  ба мақомоти омор маълумоти дахлдорро пешниҳод намояд;

— ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳисоботи шаклаш муқарраршударо пешниҳод намояд.

Ба корманди ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалбгардида дар бораи бехатарӣ ва ҳифз меҳнат ҳангоми қабул ба кор дастур медиҳад(м.336,с.6 м.348;)

Дигар амалҳои бо қонунгузории меҳнат  пешбинигардидаро иҷро намояд.

Дар ҳолати даст задани корфармо ба ҷалби фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ аз ҷониби корфармо уҳдадориҳои ҳатмии дар боло зикргардида иҷро нагардида, боиси ҳуқувайронкунӣ нисбати шаҳрвандон мегардад ва дар натиҷа шаҳрвандонро аз ҳуқуқҳои меҳнатиашон маҳрум месозад. Иҷро накардани уҳдадориҳои дар боло зикргардида ҷавобгарии ҳуқуқиро низ ба вуҷуд меорад.

Ҳамзамон, ҳолати мавҷуд набудани шартномаи меҳнатии хаттӣ хатари ба вуҷуд омадан ва афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ нисбати кормандонро зиёд намуда, мазмуни муқарраршудаи шартномаи меҳнатӣ, ки аз ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳо барои ҷонибҳои муносибатҳои меҳнатӣ иборат мебошад, сарфи назар карда мешавад ва ҳаракатҳои зидди қонунии корфармо боиси боз ҳам поин рафтани сатҳи иҷтимоии кормандон мегардад.

Масалан; Дар ҳолати фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ ҳуқуқҳои зерини кормандон таъмин карда намешавад;

— ҳуқуқ ба рухсатии пардохтшавандаи ҳарсолаи меҳнатӣ,

— ҳуқуқ ба рухсатиҳои иҷтимоӣ,

— пардохт  нагардидани иловапулиҳо барои кор дар шароити зарарнок, хатарнок ва вазнини меҳнат,

— истифода нагардидани рузҳои иловагӣ ба рухсатии меҳнатӣ барои кор дар шароити махсусан заранок,

— ба инобат нагирифтани кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид,

— дақиқ баинобат нагирифтани кори аз меъёри муқарраргардида зиёд(изофакорӣ),

-пардохт нагардидан ва ҳисобӣ нашудани маблағҳо ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бинобар ихтисори воҳиди корӣ;

-набудани кафолати нигоҳ доштани ҷойи корӣ дар давраи корношоямии муваққатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ва рухсатӣ барои нигоҳубини тифл;

-бинобар набудани маълумоти музди меҳнат, маълумоти дахлдор аз ҷои кори асосӣ гирифта натавонистани қарзи бонкӣ ва раводид;

-ғайримкон будани пардохти ҷубронпулиҳои муқаррарнамудаи қонун зимни тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот бинобар ғайрирасмӣ фаъолият намудан;

-эҳтимолияти  ба ҷавобгарӣ гирифтор гардидан   ҳангоми дар эъломия нишон надодани даромадҳо;

-эҳтимолияти ҷавобгарии ҷиноятӣ барои пинҳон доштани пардохтҳои андоз аз ҷониби корфармо ва шахсони воқеӣ.

— ҳифз нагардидани корманд аз ҷароҳатбардорӣ ва бемориҳои касбӣ;

— дар сурати ба вуқуъ омадани ҳолати садамавӣ корманди зарардида аз пардохти кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, пардохти суғуртавӣ ва ҷуброни масрафҳои иловагӣ  барои табобат ва барқарор намудани саломатӣ маҳрум мегардад,

— корманд худро аз пардохти варақаи пардохшавандаи давраи корношоямии муваққатӣ, барасмиятдарории рухсатӣ барои  ҳомиладорӣ ва таваллуд, рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак то ба 3 солагӣ, кӯмакулӣ барои бекорӣ ва кумакпулӣ ҳангоми ихтисори шумора ё воҳидҳои корӣ маҳрум месозад;

— ба корманди ба шуғли ғайрирасмӣ ҷалбгардида иловапулӣ барои кор дар шароити зарарнок (хатарнок, вазнин), кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид, корҳои шабона ва изофакориҳо пардохт карда намешавад;

-бинобар  насупоридани андозҳои иҷтимоӣ ва молумулкӣ ва  андоз аз даромади шахсони воқеӣ корманд наметавонад барои хариди хона, таълим, табобат ва таъмини дигар ниёзҳо аз банк қарз гирад.

-ҳангоми муносибатҳои меҳнатии ғайрирасмӣ корфармо маблағи дахлдорро ба фонди нафақа барои кормандон пардохт намекунад, ки сабаби нафақаи ночиз дар оянда мегардад, чунки ҳангоми шуғли бақайдгирифтанашуда собиқаи корӣ, ҷамъшавии фонди нафақа ташкил наёфта буд;

-ба як гурӯҳ кормандон, аз ҷумла кормандони имтиёздошта, ки барои гирифтани нафақаи пиронсолӣ пеш аз муҳлат имтиёз пешбинӣ гардидааст   собиқаи суғуртавӣ ва имтиёзҳо ба инобат гирифта намешаванд.

Дар сурати бо маслиҳати пешакӣ барқарор намудани муносибатҳои меҳнатӣ, ва аз ҷониби корфармо ба корманд пешниҳод намудани кор бе бастани шартномаи меҳнатӣ ва риоя накардани расмиёти қабул ба кор ин заминаест барои инкишоф ёфтани иқтисоди ғайрирасмӣ ва вайрон гардидани низоми бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

Розигии корманд ба муносибатҳои  меҳнатии барасмиятдароварданашуда, натанҳо ин муносибати беэҳтиромонаи корманд нисбат ба худ, ки аз ҳифзи иҷтимоӣ даст мекашад, балки беэҳтиромӣ ба тамоми аъзоёни оилаи ӯ мебошад. Чунки ба корфармо имконият дода мешавад, ки аз пардохти андозҳои ҳатмӣ саркашӣ намояд ва ё андозҳоро дар ҳаҷми нопурра пардохт намояд.

Корфармоёне(ташкилоту корхонаҳо), ки аз шуғли ғайрирасмӣ истифода менамоянд аз диди аввал манфиат эҳсос намуда, маблағро гайриқонунӣ сарфа менамоянд ва аз ҳисоби напардохтани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ фоидаашон меафзояд. Вале чунин шакли ба даст овардани фоида муваққатӣ буда, ҳангоми ошкор гардидани амалҳои ғайриқонунӣ дар фаъолияти меҳнатӣ масрафи корфармо дучанд меафзояд.

Ёдовар мешавем, ки барои саривақт напардохтани музди меҳнат ва ё пардохтҳои ба музди меҳнат алоқаманд, барои ба таъхирандозии пардохти чунин маблағҳо, риоя накардани талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт ҷавобгарии ҳуқуқӣ  пешбинӣ гардидааст.

Корфармо ҳангоми батаъхирандозии пардохти музди меҳнат уҳдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти музди меҳнат маблағи иловагӣ ҳисобӣ ва пардохт намояд.

Ҳамзамон, дар сурати нисбати ташкилот ё корхона, ва ё шахси воқеии ҳуқуқи ҷалби кормандони кирояро дошта, истифода гардидани чораҳои ҷавобгарӣ (ҷаримаҳо, қатъ намудани фаъолият, бозҳисобӣ намудани маблағҳои музди меҳнати саривақтпардохнагардида ва ноустуворона (пеня) барои батаъхирандозии ин пардохт, пардохтҳои ба музди меҳнат алоқаманд, пардохти дукаратаи изофакориҳо, пардохти якуним каратаи корҳои шабона, бозҳисобии коэфицентҳои ноҳивӣ барои кор дар шароитҳои номусоиди иқлимӣ ва баландкӯҳҳо, ва ғайра) маблағҳои ғайриқонунӣ сарфанамудаи корфармо ба шахсони ба ин маблағҳо ҳуқуқдошта баргардонида шуда, барои батаъхирандозӣ фоизи муайн ба ин маблағҳо зам карда мешавад. Яъне маблағи пардохнагардида барзиёд ҷуброн карда шуда, на боиси сарфа, балкӣ масрафро меафзояд ва ҷавобгарии ҳуқуқии бо қонунгузорӣ пешбинигардидаро нибсти корфармо ба вуҷуд меорад.

Ҳангоми фаъолияти меҳнатии ғайрирасмӣ муносибатҳои меҳнатии байни корфармо ва корманд устувор буда наметавонад, яъне ҳар лаҳза эҳтимолияти ба манфиати корфармо тағйир додани самти фаъолият, иваз намудани корманд бо дигар корманд, бо ташабусси корфармо аз кор озод намудани корманд,  бе ягон мамониат бе нигоҳ доштани музди меҳнат аз ҷониби корфармо муваққатан бекор монондани корманд, пардохт накардани музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба музди меҳнат алоқаманд ба вуҷуд омада, ҳамзамон корманд барои ба фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ розӣ шудан аз ҳуқуқу кафолатҳояш истифода карда наметавонад.

Барои корманди ғайрирасмӣ фаъолиятнамуда, ки дидаю дониста аз корфармо барасмиятдарории муносибатҳои меҳнатиро талаб накардааст ва барои ғайрирасмӣ ҷалб гардидан ба фаъолияти меҳнатӣ ба мақомоти дахлдори самти меҳнат муроҷиат намекунад барои чунин корманд имконияти болоравии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ, таёрии касби ва азнавтаёркунӣ таъмин нагардида, гирифтани таҷрибаи корӣ ва малакаи касбӣ дар самти фаъолият ғайриимкон мегардад.

Ҳоло он, ки дар асоси муқаррароти сархати 20 моддаи 19 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корфармо уҳдадор аст таҷрибаомӯзӣ, тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандонро тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, ба кормандон дар ҳамон як самти фаъолияти меҳнатӣ барои соҳибтаҷриба ва мутахассиси соҳа гардидан имконият ва шароит фароҳам орад.

Дар заминаи қисми 4 моддаи 120 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Корфармо уҳдадор аст, ки касбомӯзӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси иловагӣ ба роҳ монад, барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд. Масъалаи мазкур барои  нигоҳ доштани неруи корӣ ва ҷойҳои амалкунандаи корӣ, аз кор озоднашудани омавии кормандон мусоидат намуда, ба корфармо имконият медиҳад то дар самтҳои мухталифи фаъолияти меҳнатӣ кормандони соҳибтаҷриба дошта бошад.

Масъалаи дигаре, ки метавонад ба корманд таъсири манфӣ расонида, боиси таъмин нагардидани ҳуқуқу кафолатҳои дар қонунгузорӣ барои кормандон пешбингардида гардад, ин дар натиҷаи фаъолияти ғайрирасмӣ бо ташаббуси корфармо аз кор озод намудани корманд аст, ки корфармо метавонад корманди ғайрирасмиро дар дилхоҳ вақти барои корфармо мусоид аз кор озод намояд. Дар ин маврид корманд аз манфиатҳои худ наметавонад ҳимоят кунад, чунки худ ба қонуншиканӣ даст зада, ба фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ бо маслиҳати пешакӣ розӣ шудааст. Ҳангоми аз кор озод гардидан илова ба аз даст додани ҷои корӣ ба корманд кумакпулиҳои аз кор озод гардидан низ пардохт нагардида, аз дигар кафолату имтиёзҳо низ маҳрум мегардад.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои баҳснок ва иҷро нагардидани ваъдаҳои аз ҷониби корфармо додашуда, масалан; оид ба музди меҳнат, напардохтан ё ба таъхирандозии пардохти музди меҳнат, таъмин накардани ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва дигар кафолатҳо гуноҳи корфармо ва барқарор намудани ҳуқуқҳои корманд ғайриимкон мегардад. Дар чунин ҳолат хатари набудани асосҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон барои ба суд муроҷиат намудан  меафзояд.

Муносибатҳои меҳнатии барасмият дароварданашуда чӣ барои корманд ва чӣ барои корфармо оқибатҳи ногувори ҷиддиро ба вуҷуд меоварад

Дар асоси муқаррароти моддаҳои 16- 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додан ба кор бе бастани шарномаи меҳнатӣ, саркашии корфармо аз барасмиятдарории шарномаи меҳнатӣ, бастани шартонма гражданӣ-ҳуқуқӣ ҳангоми  муносибатҳои меҳнатӣ оқибатҳои ҷавобгарии ҳуқуқии дар қонунгузории маъмурӣ пешбинигардидаро ба вуҷуд меоварад.

Насупоридани андозҳо аз даромади шахсони воқеӣ ва маблағи  суғурта низ ҷавобгарии ҳуқуқиро нисбати корфармо ба вуҷуд оварда мақомоти андоз метавонад нигоҳдоштани андоз аз даромади шахсони воқеиро аз кормандоне ки музди меҳнати пинҳонӣ мегиранд  талаб намояд, ҳамчунин, барои маблағе, ки бояд аз кормандон нигоҳ дошта мешуд ё ба буҷет пардохт карда мешуд барои корфармо ҷаримаи маъмурӣ татбиқ намояд. Барои пинҳон намудани андозҳои ҳатмӣ дар Кодекси ҷиноятӣ барои масъулин ҷавобгарии ҳуқуқӣ ё ин, ки ҷарима дар ҳаҷми калон ва ё махсусан калон пешбинӣ карда шудааст. Барои дучор нашудан ба чунин ҳолат риояи талаботи қонунгузорӣ кафили рушд ва самаранокии фаъолияти меҳнатӣ чӣ барои кормандон ва чӣ барои корфармо ба ҳисоб меравад.

Агар ба Шумо ва наздикони Шумо музди меҳнатро дар лифофа пардохт намоянд, ин асоси мавҷуд будани шуғли ғайрирасмӣ буда, корфармо бе бастани шартномаи меҳнатӣ ва хилофи талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат муносибатҳои меҳнатиро ба роҳ мондааст.

Шумо метавонед саривақт оид ба ин масъала ба Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчи Борбад 71 ё бо тариқи телефонӣ ба рақами  2-31-49-19 муроҷиат намоед.

Сардори Хадамот                                           С. Маҳмадзода

 

Яндекс.Метрика