РӮЗИ МОДАР- 8 МАРТ МУБОРАК
Имрӯз 7 -марти соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба “Рӯзи МОДАР- 8 март” чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Хадамот ва дигар кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки санаи мазкур дар тақвими сиёсии давлатӣ соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рӯзи ид ворид шуда, ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯзро ба хотири эҳтироми ин шахси муқаддас- МОДАР хамчун иди ғайрикорӣ таҷлил менамоянд.
Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Маҳмадзода Сафарали Маҳмад занону бонувони Хадамотро ба идашон самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо мукофотҳои хотирмон тақдим намуданд.