ТАҚВИЯТИ САТҲИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ СУБЪЕКТҲОИ МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚӢ — ОМИЛИ АСОСИИ ТАВСЕАИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ (бахшида ба соли маърифати ҳуқуқӣ)
Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи мамлакат чун пайки неку шодӣ ва пайғоми созандагӣ ироа мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибрози дигар нуктаҳо, инчунин пешниҳод намуданд, ки ба хотири истиқбол аз ҷашни сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Дар тули даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти низоми нави идоракунии давлатӣ ва гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозаргонӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро дар соҳаи меҳнат яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Мутобиқи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст”. Ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи асосӣ ва сарчашмаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ буда, дар асос ва заминаи он донишҳои ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии субъектҳои ин раванд ташаккул ёфта истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз соҳаҳои асосии ҳаёти иҷтимоии инсонро фаъолияти меҳнатии ӯ ташкил дода, аз се як ҳиссаи умри инсон пас аз ба балоғат расидан сарфи фаъолияти меҳнатӣ мегардад, ки ин муносибатҳо дар доираи талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат ва шартномаи меҳнатӣ сурат мегирад.
Субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд. Дар ин ҳолат, корманд танҳо шахси воқеӣ (шаҳрванд) ва корфармо бошад шахси ҳуқуқӣ (ташкилот) ё шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ, шаҳрванди дигаре, ки масалан, барои иҷрои кор дар хона кормандро ба кор қабул мекунад) буда метавонанд.
Барои ворид шудан ба муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ, субъектҳои (иштирокчиёни) ояндаи он, бояд дорои сифатҳои ҳуқуқӣ аз қабили қобилияти ҳуқуқдории меҳнатӣ ва қобилияти амалкунии меҳнатӣ бошанд ва ҳангоми расидан ба созиш шартномаи меҳнатӣ баста тавонанд, ки маҳз дар асоси он муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд. Қобилияти ҳуқуқдории меҳнатӣ ва қобилияти амалкунии меҳнатӣ дар соҳаи истифодаи меҳнати кормандон ҳамчун як мафҳуми ягона баррасӣ карда мешаванд, зеро қобилияти меҳнатӣ аз шахсияти инсон (шахс, шаҳрванд) ҷудонопазир аст. Ҳар як меҳнати зинда фаъолияти ихтиёрӣ ва шахсии инсонро (кормандро) талаб мекунад ва мустақиман аз ҷониби ӯ (на аз ҷониби намояндаи ӯ, ки дар ҳуқуқи гражданӣ иҷозат дода мешавад) амалӣ карда мешавад.
Тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КМ ҶТ) (моддаи 21) шаҳрванде, ки ба синни понздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад. Ин маънои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони ба синни 15 расида ҳуқуқи субъективии меҳнатӣ доранд. Инчунин, дар ҳолати истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ расидаанд, инчунин таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ нарасидаанд ва дар театрҳо, ташкилотҳои банаворгирии кино, консертҳо, сиркҳо ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ бе зарар расонидан ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон иштирок менамоянд, бо мувофиқаи падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда бе халалдор кардани раванди таълим метавонад шартномаи меҳнатӣ баста шавад.
Ҳамзамон, кормандони ноболиғ, яъне то синни 18 солагӣ дорои имтиёзҳо ва кафолатҳои иловагӣ мебошанд, масалан, дар бахши ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар бахшҳо, ки дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври мушаххас муқаррар шудаанд.
Бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва инкишофи маънавии ноболиғон Конститутсияи ҶТ дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифода намудани меҳнати ноболиғонро манъ намудааст (қисми 4 моддаи 35). Қонунгузории меҳнат синну соли ҳадди ниҳоиро барои муносибатҳои меҳнатӣ муқаррар намекунад.
Дар баробари синну сол, ҳуқуқи субъективии меҳнатӣ бо шарти иродаи хос тавсиф мешавад, ки ба қобилияти воқеии инсон ба меҳнат вобаста аст. Он ҳамчун қобилияти ҷисмонӣ ва ақлонии шахс ба меҳнат баррасӣ мешавад, ки дар навбати худ наметавонад баробарии ҳамаро ба меҳнат, маҳдуд намояд. Ин маънои онро дорад, ки шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро озодона истифода мебаранд ва фарқиятҳои табиии байни онҳо, ба монанди ҷинс, синну сол, миллат ё моликият, вазъи иҷтимоӣ, вазъи оилавӣ ва дигар ҳолатҳо набояд дар соҳаи меҳнат хусусияти табъиз дошта бошанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табъизро дар меҳнат манъ мекунад (моддаи 35). Ҳамчунин тибқи моддаи 7 КМ ҶТ ҳамаи шаҳрвандон ба меҳнат ҳуқуқи баробар доранд, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, роҳ надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз қабул ба кор қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки баробарии имкониятро дар меҳнат халалдор мекунад, манъ аст.
Фарқият дар меҳнат вобаста ба талаботи махсуси намуди муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба шахсоне, ки муҳтоҷи ҳимояи махсуси иҷтимоӣ мебошанд (аз рӯи ҷинс, синну сол, норасоиҳои ҷисмонӣ, уҳдадориҳои оилавӣ, дараҷаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ), табъиз намебошад.
Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ худро табъизшуда меҳисобанд, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд (моддаи 7 КМ ҶТ).
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар доранд (модаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи соли 2018, № 1471) Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ омадаанд, ба фаъолияти муайяни меҳнатӣ ба шарте машғул шуда метавонанд, ки он бо мақсадҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон мувофиқ бошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро дар асоси иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода мешавад, амалӣ карда метавонанд.
Корфармо ҳамчун субъекти муносибатҳои меҳнатӣ бояд қобилияти ҳуқуқӣ дошта бошад, ки он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешавад.
Ба ғайр аз шахси ҳуқуқӣ (ташкилот), шахси воқеӣ (шаҳрванд) инчунин ҳуқуқ дорад, ки ҳамчун корфармо баромад кунад. Чунин корфармо шахси воқеие буда метавонад, ки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба истифодаи меҳнати кормандон машғул аст. Инчунин, дар баъзе ҳолатҳо, шахси воқеӣ (шаҳрванд) метавонад ба сифати корфармо баромад кунад ва шаҳрвандони дигарро ба кор ҷалб кунад (ба ҳайси кормандони хонагӣ, доя, боғбон ва ғайра).
Агар шахсони воқеӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шаванд пас онҳо «корфармоён — шахсони воқеие, ки соҳибкорони инфиродӣ мебошанд» номида мешаванд. Дар акси ҳол, онҳо ба категорияи дигар, ки «корфармоён шахсоне мебошанд, ки соҳибкори инфиродӣ нестанд» мансуб мешаванд.
Хулоса, ба категорияи корфармоён – мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо, шахси воқеӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё ба сифати корфармо ҳамчун истифодабарандаи меҳнати шахсони дигар ба қайд гирифта шудааст, дохил мешаванд.
КМ ҶТ шартҳоеро муқаррар кардааст, ки дар асоси онҳо шахси воқеӣ бо мақсади хизматрасониҳои шахсӣ ва ё кумак дар хоҷагии хонаводагӣ ба муносибатҳои меҳнатӣ дохил мешавад. Барои чунин корфармоён — шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ нестанд, шартҳои бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманд муайян карда шудаанд. Ин шартҳо аз расидан ба синни муқарраршуда ва доштани қобилитяи амалкунии гражданӣ иборатанд.
Ҳамин тариқ, корфармо қобилияти ҳуқуқии меҳнатӣ дорад, ки дар эътироф кардани ҳуқуқи ӯ барои ба кор ҷалб намудани шаҳрвандон ва аз руи натиҷаҳои кори онҳо пардохт намудани музд ва таъмини ҳифзи меҳнати онҳо ифода меёбад.
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корфармои инфиродӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ мустақиман аз ҷониби корфармо ба амал бароварда мешаванд.
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корфармо — шахси ҳуқуқиро мақомоти роҳбарикунандаи шахси ҳуқуқӣ (ташкилот) ё шахсони ваколатдори онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии локалӣ муқаррар менамоянд.
Ҳуқуқи бастани шартномаи меҳнатӣ бо кормандон аз ҷониби мақоми шахси ҳуқуқӣ ба намояндаи ваколатдори ӯ дода мешавад (масалан, дар филиал, намояндагӣ).
Аммо, дар ҳама ҳолатҳо, корфармо шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ (ташкилот) мебошад, ки дар КМ ҶТ муқаррар гардидааст.
Мӯҳтавои муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъективии корманд ва корфармо мебошад, ки онҳо ҳангоми ворид шудан ба ин муносибатҳо дар асоси шартномаи меҳнатии байни онҳо басташуда ба миён меоянд. Ин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъективӣ мушаххасоти асосиро, ки дар КМ ҶТ муқаррар шудааст, ташкил медиҳанд: мақом, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳам корманд ва ҳам корфармо, ки ба ҳамаи кормандон ва корфармоён хос буда, доираи рафтори онҳоро муайян мекунанд.
Шартномаи (қарордоди) меҳнатии аз ҷониби тарафҳо басташуда имконият фароҳам меорад, ки шартҳои ин шартнома (пеш аз ҳама он шартҳое, ки тарафҳо муайян мекунанд) ва мундариҷаи муносибатҳои меҳнатии бамиёномада муайян карда шаванд.
Маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъективӣ мазмуни ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатиро нишон медиҳад. Ҳуқуқи субъективии корманд ба ӯҳдадории қонунии корфармо ва баръакс, ӯҳдадории корманд ба ҳуқуқи корфармо мувофиқ аст.
Муносибатҳои меҳнатӣ, чӣ тавре ки қайд шудааст, яъне аз маҷмӯи ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои меҳнатӣ иборатанд. Ин як муносибати мураккаб, табиӣ вале ягона мебошад. Ҳамин тариқ, корманд ва корфармо дар сурати мавҷуд будани муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ ва шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки дар асоси он ба вуҷуд омадаанд, ҳамеша ҳуқуқҳои худро истифода мебаранд ва ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунанд.
Ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд ва корфармо дар моддаҳои 18 ва 19 КМ ҶТ мушаххас пешбинӣ шудаанд.
Илова ба моддаҳои зикршудаи КМ ҶТ корманд ва корфармо метавонанд тибқи шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии локалӣ ва шартномаҳои меҳнатӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои иловагӣ дошта бошанд.
Асоси ба миён омадан, тағйир ёфтан ва қатъи муносибатҳои меҳнатӣ шартномаи меҳнатӣ мебошад. Мутаносибан, муносибатҳои меҳнатӣ аз шартномаи меҳнатӣ ҳамчун амали ҳуқуқӣ бармеоянд, яъне ихтиёри озоди корманд ва корфармо, ки шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бастааст ин муносибатро ба миён меорад.
Асоси пайдоиши муносибатҳои меҳнатӣ наметавонанд ҳодисаҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва ягон санади ягонаи маъмурӣ бошанд. Танҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар механизми танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ нақши муҳимро иҷро менамояд ва барои пайдоиш, тағйир ва бекор кардани онҳо ҳамчун асос хизмат мекунад. Аммо, дар баъзе ҳолатҳо, вобаста ба хусусияти кори гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон қонун тартиби махсуси пайдоиши муносибатҳои меҳнатиро пешбинӣ менамояд. Дар КМ ҶТ инчунин дар дигар санадҳои ҳуқуқӣ нишон дода шудааст, ки онҳо ҳамчун як сохтори мураккаби ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо шартномаи меҳнатӣ, боиси пайдоиши муносибатҳои меҳнатӣ мегарданд, мисол қоидаҳои аз ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор фиристодан (масалан, барои маъюбон) ва мутаносибан шартномаи меҳнатии басташуда. Инчунин, қарори суд дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ ва ба кор қабул кардани шахсе, ки ба суд муроҷиат кардааст ва худи шартномаи меҳнатӣ, ки тибқи қарори зикршуда баста шудааст, асоси пайдоиши муносибатҳои меҳнатӣ мебошад.
Одатан, санадҳои ҳуқуқие, ки барои тағйири муносибатҳои меҳнатӣ асос мешаванд, санадҳои дуҷониба мебошанд. Тағйир додани шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки тарафҳо муайян кардаанд, аз ҷумла гузаронидан ба кори дигар танҳо бо розигии хаттии корманд иҷозат дода мешавад.
Ба назари ман барои тақвияти сатҳи огоҳии кормандон ва корфармоён аз ҳуқуқу уҳдадориҳои меҳнатӣ, зарур аст, ки таҳия ва нашри маводи тавзеҳотӣ дар ин хусус бештар карда шавад. Аз ҷумла зарур аст, меъёрҳои боби алоҳидаи Кодекси меҳнати ҶТ шарҳу тафсир шуда барои истифода ба коллективҳои меҳнатӣ дастрас карда шавад. Инчунин, бо назардошти рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва намудҳои нави шуғл ва таъсири он ба сатҳи иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар дастурамалҳои меъёрбандии меҳнат барои кормандони алоҳидаи соҳаҳои гуногуни иқтисод таҳия карда шаванд.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ