СИЁСАТ ВА МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар мақола бо такя ба далелҳои муътамад собит карда мешавад, ки пешравиҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол натиҷаи раванди босуботи сиёсати хирадмандона ва махсусияти мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ҳамзамон, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ҷавоб ба сиёсати созанда ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, бо истифода аз неруи зеҳнии хеш дар рушду нумуи Ватан саҳми бориз гузоранд.

Калидвожаҳо: арзишҳои фарҳангӣ, бедории сиёсӣ, ваҳдат, давлатдории миллӣ, иттиҳод, мактаби давлатдорӣ, маърифати ҳуқуқӣ, роҳбарӣ, сиёсат, худогоҳӣ.

Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ, машҳур ба Низомулмулк, шахсияте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику форс бо эҷод намудани «Сиёсатнома» мавқеи босазое ишғол намудааст, дар сархати аввали ин асари машҳури хеш роҷеъ ба бузург будани мавқеи сарварони донишманд, кордону бомаҳорат ва содиқу вафодор дар кори идораи давлат чунин мефармояд: «Эзиди субҳонаҳу ва таоло дар ҳар рӯзгоре якеро аз миёни халқ баргузинад ва ӯро ба ҳунарҳои подшоҳона ва сиратҳои сутуда ороста гардонад ва масолеҳи ҷаҳону оромии бандагонро бад-ӯ бозбандад ва дари фасоду ошӯб бар ӯ баста гардонад ва имзову ҳашмати ӯ дар қулубу уюни халоиқ бигустаронад, то мардумон дар сояи адли ӯ паноҳи риояти ӯ рӯзгор мегузаронанд ва эмин ҳамебошанд ва бақои давлати ӯ ҳамехоҳанд. Ва чун  алиёзубиллаҳ (худо нигоҳ дорад) аз бандагони исёнию истихфоф бар шариат равад ва ё тақсире андар тоату фармонҳои халқ падид ояд, хоҳад, ки эшонро уқубате расонад ва подоши кори  эшон бирасонад». [1, с.14]

Бо боварии комил метавон изҳор намуд, ки сиратҳои сутуда, ҳунарҳои роҳбарӣ, хираду дониши фавқулода, адолатпарварӣ ва инсондустӣ, майлу рағбат ба рушди иҷтимоии мардум, масъулият ва истиқлолияти фикрии баргузида, маърифат, тадбирандешӣ, одилию хислатҳои наҷиби инсонпарваронаи роҳбари имрӯзаи давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на амри тасодуф, балки бо амри илоҳӣ ороста гардида, чунин Шахсият дар чунин шароит ҳадя ва инояти Холиқи кулли мавҷудоти олам ба миллати фарзона ва тамаддунофари тоҷик аст.

Ваҳдат ва иттиҳод таҳти парчами Тоҷикистон, паҳлӯи Роҳбари оқилу некусиришт, пайгирӣ ва тарафдории сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлати тоҷикон ва Пешвои миллат ягона роҳи расидан ба мақсадҳои волои таърихӣ ва таъмини субот дар кишварамон мебошад.

Рӯйдодҳои бузурги таърихӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва сатҳи байналмилалии мамлакат, пойдории ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсию иҷтимоӣ ва волоияти қонун  аз роҳбарии хирадмандона ва адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.

Маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба бунёди садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ мусоидат намуда, асос ва ибтидо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати кишвар мегардад ва ба ташкили ҷойҳои кории нав барои аҳолии кишвар замина гузошта, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ саҳми босазо ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат дар сиёсати роҳбарияш таҷлили бошукӯҳи дастовардҳои таърихии миллати тоҷик ва бузургдошти фарзандони фарзонаву дар рушду ташаккули миллат саҳмдоштаро ба ҳукми анъана дароварда, қадршиносӣ менамоянд.

Дар шароити имрӯза аз лиҳози иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ рушд бахшидани давлатдории миллии тоҷикон, баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллӣ аз масъалаҳои муҳиму натиҷабахш ба шумор мераванд. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ рушди давлатдориро бе баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ амалӣ намудан имконнопазир мебошад. Бо масъулияти баланд дарк намудани масъалаҳои зикргардида метавонад сабаби расидан ба натиҷаҳои пешрафти илму техника ва технологияҳои замон гардида, давлати моро аз ҳар гуна хатарҳо ба монанди терроризм, ифротгароӣ, радикализм, хавфу моҷароҳои қавмию мазҳабӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳифз намояд.

Масъалаҳои зикргардида пайваста аз ҷониби Пешвои миллат таъкиду ҳидоят гардида, дар фаъолияти кориашон ҳамчун самтҳои асосӣ маҳсуб меёбанд. Яке аз чунин иқдомҳои Сарвари давлат  дар заминаи гуфтаҳои боло, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009,   ташкили ҷашнвораҳои «Бузургдошти 1100 — солагии давлатдории Сомониён», «1150 — солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», эълон намудани соли 2006 «Соли фарҳангу тамаддуни ориёӣ», таҷлили «2700 — солагии шаҳри Кӯлоби бостонӣ», «Гиромидошти 1130  — солагии асосгузори мазҳаби Имоми Аъзам — Абӯҳанифа», «5500 — солагии Саразми Бостонӣ», ҷашни ҳамасола ва бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз, аз нав эҳё намудани ҷашнҳои миллии Сада ва Меҳргон, таҷлили 115 — солагии солгарди фарзанди содиқи миллати тоҷик, сиёсатмадори давлатию сиёсии сатҳи байналмилалӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, таҷлили бошукӯҳонаи солгарди Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи  кишвар ва бисёре аз дигар иқдомҳо ба шумор рафта, дар маркази сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат қарор доранд.

Бо назардошти ин, ба нашр расидани асари Пешвои миллат бо номи «Чеҳраҳои мондагор» асос ва ибтидо барои расидан ба худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, омӯзиши он маърифати худогоҳӣ ва худшиносии ҷавононро дучанд меафзояд.

Дар давраи роҳбарӣ яке аз пешниҳодҳои беназир ва бебаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин нашри такрории китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва ба ҳар як оилаи тоҷик туҳфа намудани ин асари аз лиҳози таърихӣ беназир аз садоқат ба миллату ватан ва сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат дарак медиҳад. Назар кардан ба сафҳаҳои гузаштаи таърих, исботи гиромидошти забон ва мероси фарҳангӣ, таҳкими суннатҳои давлатдорӣ, ташаккули расму оинҳои миллӣ ба шумор меравад.

Пешвои миллат зимни баромади худ иброз доштанд: «Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангияшро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ мутеъи тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Бояд ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ донад, ки дар ин шароити буҳрони иқтисодӣ, маънавӣ ва вазъияти бениҳоят мураккаби сиёсии ҷаҳони имрӯза Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутунҳои давлатдориро мустаҳкам намуда, мардуми Тоҷикистонро ба ҳам овард ва зери парчами ваҳдату ягонагӣ муттаҳид намуд.

Тайи солҳои охир маҳз бо шарофати амалисозӣ ва татбиқи сиёсати байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барпо намудани муносибатҳои дӯстонаву манфиатбор бо шарикони стратегӣ, аз ҷумла  бо як қатор давлатҳои Осиёю Аврупо робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва рушд ёфтани ҳамкориҳо дар масоили мухталиф барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи боэътимод гардид.

Масъалаҳои зикргардида ва дастовардҳо дар ҷодаҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, дастовардҳои муҳими дипломатияи ҳамкорӣ, иқдомҳои созандаи Сарвари давлат собит месозанд, ки сиёсати хориҷии кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба самти натиҷабахш ва рушду нумӯи кишвар нигаронида шудааст.

Иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар Форум ва Конфронсҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ, Мизҳои мудаввари сатҳи баланди Саммитҳои ҷаҳонӣ, пешниҳодҳои мушаххас оид ба тағйирёбии иқлим дар Созмони Милали Муттаҳид иқдомҳои бесобиқа дар раванди амалишавии бомароми ташаббусҳои оламшумули Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим ба шумор рафта, бори дигар собит сохтанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон ба нафъи аҳли башар метавонад шарики боэътимод бошад.

Ширкати фаъолонаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалии самитҳои гуногун, аз ҷумла; сиёсӣ, амниятӣ, иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ эътибору нуфузи кишвари моро баланд бардошта, аз шарики боэътимоди минтақавӣ будани он шаҳодат медиҳад, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ гардидаанд.

Айни замон аз ҷониби баъзе аз давлатҳои абарқудрат пешбурди сиёсати духура роҳандозӣ гардидааст, ки ин омил ба шиддат ёфтани муборизаҳои мухталиф барои дар минтақаҳои алоҳида ҳукмрон шудан ва даст ёфтан ба захираҳои моддии кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва неруи ҳарбӣ заифтар замина гузошта, ба зиёд шудани амалҳои террористиву ғайриинсонӣ ва тағйир ёфтани вазъи сиёсию амниятӣ, инчунин доман паҳн намудани нооромию низоъҳо дар миқёси ҷаҳон гаштааст.

Сар задани чунин зуҳуроти номатлуби аср ба рушду нумӯи давлатҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва ҳудудӣ хурду бузург садди роҳ гашта, сабаби коҳиш ёфтани ҳамдигарфаҳмӣ, суботу оромӣ, танзими тартиботи ҳуқуқӣ гардидааст.

Рушди устувори давлату ҷомеа, низоми устувори ҳуқуқӣ ва волоияти қонунгузорӣ, рушд бахшидани низоми ҳуқуқии ватанӣ, мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба шароити муосир, қабули қонунҳои нав бо назардошти манфиатҳои миллӣ, воло донистани қонуният, риояи бечунучарои тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои мутташакилона, терроризм ва ифротгароӣ, бедории сиёсии мардум, худшиносӣ ва худогоҳию садоқат ба ватану сиёсати давлатӣ, иттиҳод ва ваҳдат зери як парчаму як Роҳбар суботу амнияти миллӣ ва осоиштагии моро таъмин менамояд.

Бояд ҳар як мақомоти давлатӣ, бахшҳои хусусӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва  ҳар як фарди бо нангу номуси ҷумҳурӣ дар таъмини волоият ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, гиромидошти муқаддасот ва арзишҳою  музаффариятҳои миллӣ, дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва тарбияи ахлоқии ҷамъият саҳмгузор бошад.

Дар шароити муосир омилҳои таъсиррасонӣ ба тафаккури ҷомеа, хусусан ҷавонон, ба равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо афзоиш ёфтани технологияҳои компютерӣ ва мобилӣ зиёд гашта, аз тамоми табақаҳои аҳолӣ фикру андешаҳои созанда, ташвиқу тарғиби андешаҳои солим, баёни ақидаҳои фарҳангпарвару омӯзиши илму маърифатро тақозо намуда, дур буданро аз андешаҳои носолим, бадахлоқӣ ва амалҳои зиддидавлатию зиддиинсонӣ талаб менамояд.

Ҳар фарди имрӯзаи ҷумҳурӣ вазифадор аст, ки дар назди ҷомеа ва давлат масъулияти баланди шаҳрвандиро эҳсос намуда, дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон, дар рӯҳияи ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз ватану арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги худ ва  тарбия намудани онҳо саҳмгузор буда, ахлоқи ҳамида дошта бошад ва дар ҳурмати падару модар, дӯст доштани табиати Тоҷикистон ва дар  ободонии  кишвари маҳбубамон саҳми босазо дошта бошад.

Барои баланд бардоштани сатҳи тафаккур ва расидан ба ҳадафҳои олӣ Роҳбари давлат рушд бахшидани соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиро пайваста сармашқи баромадҳои худ қарор додаанд. Дар ин радиф Пешвои миллат ба соҳаи туризм аҳамияти махсус дода, онро яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ, давлатӣ ва соҳаи даромаднок ҳисобида, таъкид намудаанд, ки ташкили чунин соҳа барои бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ ва муаррифӣ намудани арзишҳою муқаддасоти миллӣ аҳамияти муҳими иҷтимоӣ дорад.

Иқдоми Сарвари давлат дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018 ва дар ҳамин замина «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021 ба бунёди инфрасохтори сайёҳии кишварамон мусоидат намуд.

Дар ин замина ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шуданд, ки онҳо барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва ташрифи шаҳрвандони ватанӣ ба кишварҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оварда истодаанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 Сарвари давлат иброз намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад». [2, с.16]

Ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки самти маориф дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ба шумор меравад.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дастовардҳои мардуми шарафманди тоҷик таҳти Сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тамаддунофари мо бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди миллӣ сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, арзишҳои миллии онро гиромӣ медорад, забону таърихи миллат ва Ватани худро ҳифз мекунад, баҳри ободӣ ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол тамоми имкониятро истифода менамояд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати мукаммали сиёсии илмӣ ва амалии фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаётан муҳими кишвар дар роҳи расидан ба арзишҳои волои мардуми Тоҷикистон мебошад.

Меҳвари асосии Паём ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳалли мушкилоти имрӯзаи мардум, фароҳам овардани шароити мувофиқ ба талаботи даврони муосир, ташкили шароити мусоиди фаъолияти корӣ ва шуғли арзанда дастури муҳим ва роҳнамои арзишманд ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 № 668  ба имзо расид, ки татбиқи он ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани доираи дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, ширкати шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеаи Тоҷикистони навин мусоидат менамояд.

Дар ин радиф, бояд тамоми неруямонро ба омӯхтани илму маърифат, донишу таҷриба самаранок сарф намуда, зери Парчами Тоҷикистон ва паҳлуи Роҳбари некӯсиришт, созандаю бунёдкор ба ҳам оем ва баҳри расидан ба қуллаҳои баланди илму маърифат, худшиносиву худогоҳӣ тамоми ҳастиямонро дареғ надорем.

Замоне фаро расидааст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, шароити пешрафти илму техника, рушди технологияҳои муосир, дастовардҳои аз аҷдодон ба мо меросгузошташуда, суботу осоиштагии иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии  имрӯзаи ватани азизамон, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Роҳбари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, шукргузорӣ намуда, дар самти ихтирооту эҷодиёт, кашфи ҷодаҳои мухталифи илму донишҳои гуногун, ҳамсони  гузаштагонамон чун Сино, Рӯдакӣ, Балъамӣ, Берунӣ, Фирдавсию дигарон бори дигар дунёро аз илму дониш ва фарҳангу маданияти тоҷикӣ мунаввар намоем.

Воқеан, таҷрибаи сулҳофарӣ ва мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудаву мавриди омӯзишу амал қарор дорад, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мост.

Адабиёт:

  1. Низомулмулки Тӯсӣ «Сиёсатнома». Ба чоп тайёркунандагон А. Девонақулов ва муҳаррир А. Султонова. – Душанбе: Нашриёти «Адиб», 1989. – 200 с.
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 23 декабри соли 2022.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023. — Душанбе: «Шарқи озод». 2023. — 64с.
  4. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, 9 марти соли 2024. president.tj. Санаи муроҷиат: 09.03.2024.
  5. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668.

Маҳмадзода С. М.,

сардори Хадамоти назорати давлатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Тел.: +992 37 231 09 59. info@khnm.tj   www.nozirot.tj

Яндекс.Метрика