Коррупсия — зуҳуроти хавфноки ҷомеа.
Коррупсия – ба идоракунии корҳои давлатию ҷамъиятӣ, истеҳсолу тақсимоти неъматҳои моддӣ, алоқаҳои байни одамон, расму русум ва анъанаҳои ба миён омада робитаи зич дорад, вобаста ба ин хусусияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, фархангиро дорад.
Коррупсия (калимаи лотинӣ corruptio – бо пора ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан) – зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ дар соҳаи сиёсат ё идоракунии давлатӣ мебошад, ки дар истифодаи қасдонаи вазъи хизматии худ аз ҷониби намояндагони ҳокимият барои ғайриқонунӣ ба даст даровардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ ва имтиёзҳо дар шакли дилхоҳ, ҳамчунин харида гирифтани ин шахсон ифода мегардад.
Коррупсия имрӯз яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.
Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад.
Коррупсия – табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад.
Оид ба мафҳуми коррупсия ақидаҳо гуногунанд:
- Коррупсия – сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ мебошад, ки бо мақсади ғаразнок содир мешавад.
- Коррупсия – сӯистифода аз вазъи хизматӣ, ки ба манфиатҳои шахсӣ содир мешавад, ҳамчунин сӯистифодаи ғаразнок аз вазъи хизматӣ, ки дар харида гирифтани хизматчиёни давлатӣ ифода мегардад.
- Коррупсия – унсури ҷинояткории муташаккил аст. Коррупсия – тарзи дилхоҳи қасдона вайрон кардани ваколатҳои хизматӣ аз ҷониби шахси мансабдор мебошад. Коррупсия – ин порагирӣ аст.
Коррупия ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои оламро фаро гирифта, дар ҳар макону замон дар сатҳи мухталиф намоён мешавад. Ҳам дар мамлакатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои сустинкишоф-ёфта ба таври хоса коррупсия зоҳир мегардад.
Пӯшида нест, ки коррупсия чун унсури манфии ҷамъият, новобаста аз дараҷаи тараққиёти он, мисли худи ҷомеа хеле куҳан буда, заминаҳои пайдошавӣ ва рушди худро дорад.
Аз ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ноил шудан ба соҳибихтиёрӣ ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ин падидаи номатлуб, ки обурӯи давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ доғдор менамояд ва ҷиҳати аз байн бурдани он пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои навабатии худ (24 апрели соли 2010) қайд намудааст, ки «Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад».
Инчунин бори дуюм ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад. Стратегияи мазкур ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дар он вазифаҳои вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ ва роҳҳои мубориза бо коррупсияро ба тариқи мушаххас менамояд.
Барои амалисозии Стратегияи мубориза ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст, Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон барои дуруст ба роҳ мондани назорати истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳо ва дигар қонуншиканиҳои коррупсионӣ, ошкор ва рафъ намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва тозагии сафҳои мақомот ва ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) пешбинишуда Барнома ва Нақшаи чорабиниҳо барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) таҳия ва тасдиқ намудааст, ки барои аз байн бурдани ҳолатҳои ҷойдоштаи коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иҷроиши бандҳои Нақшаи тадбирҳои иҷрои Стратегияро ҳамчун вазифаи асосии худ дар раванди амалӣ намудани Барномаи зиддикоррупсионӣ барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) ба нақша гирифта, барои дар доираи Консепсияи музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баланд бардоштани музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда давра ба давра таклифҳои заруриро ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла мақоми ҳамоҳангсози пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ҳамасола ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ”, пешниҳод менамояд. Бо ин мақсад аз ҷониби Раёсат дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Консепсияи ислоҳоти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ” ва “Ҷадвали ягонаи тарифӣ оид ба пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ” дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳи дархост намудани таклифу пешниҳодҳои онҳо вобаста ба соҳаи фаъолияти худ, дигар мақомоту муассисаҳои давлатӣ ворид намудани тағиротҳои зарурӣ ба роҳ монда мешавад.
Мо кормандони Раёсат итминони комил дорем, ки қонунҳо, фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд, дар татбиқ намудани қонунгузорӣ, назорати давлатии молиявӣ, барои пешравии давлату миллат саҳми арзанда мегузорад.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ