30 СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК
Имрӯз 5 ноябри соли 2024 дар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Сардори Хадамот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ширкат варзиданд.
Чорабинии тантанавиро сардори Хадамот муҳтарам Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад баъди садои Суруди миллии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, тамоми кормандони Хадамотро ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.
Иброз доштанд, ки 30 сол қабл аз ин, 6 ноябри соли 1994, аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳия ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, ки он дар таърихи навини давлатдории кишварамон яке аз қадамҳои сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Итминони комил дорем, ки бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи муқаррароти ин санади муҳими тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар дар ҳамдастию ҳамфикрӣ пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшида, бобати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ҷаҳду талош мекунанд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва назорат Ҷумъазода П.М. маъруза намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, нақш ва ҷойгоҳи Конститутсияи кишварро дар давоми 30 соли қабули он ба таври возеҳу равшан ба ҳозирин манзур намуд.
Дар охири чорабинӣ сардори Хадамот иброз доштанд, ки дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини мо пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни халқи тоҷик аст, ки ин ҳама маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст.
Бо назардошти ин, ҳар як шаҳрванди бедордилу баору номуси кишварро зарур аст, ки ин бахтномаи миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, меъёрҳои онро бечуну чаро иҷро намоянд.
Матни маърузаи сардори Хадамот дар поён оварда мешавад.
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲИЯ, ҚАБУЛ
ВА ТАТБИҚИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар таърихи ҳар як давлати соҳибистиқлолу рушдёфта Конститутсияи он ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ маҳсуб ёфта, ифодакунандаи ормонҳои миллӣ ва муайянкунандаи дурнамои давлат мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин раванд истисно нест. Мутаассифона, баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби мухолифатҳои дохилӣ афтод ва ин ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид.
Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ коре буд басо мушкил ва аз ин лиҳоз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ касе зимоми давлатдориро ба зимма гирифтан намехост. Дар ҳамин вазъи басо тақдирсоз ва ноором Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии ҷомеаро ба ӯҳда гирифтанд. Ҳамзамон, вазифаи таърихии таҳияи Конститутсияи давлат низ ба дӯши Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Сарвари ҳақиқатпарасти давлат ин вазифаи ниҳоят муҳимро бо дарки масъулияти бузург дар пеши наслҳои имрӯз ва ояндаи Ватан иҷро намуданд.
Бо дарназардошти муҳиммияти таҳияи Конститутсияи нав, Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия ташкил намуд, ки дар муддати шаш моҳ бо назардошти дастовардҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва анъанаҳои миллӣ ду лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуд, ки яке хусусиятҳои ҷумҳурии президентӣ ва дигаре парлумониро ифода менамуд. Дар асоси масъулияти баланди таърихӣ, таҳлили воқеии воқеияти ҷорӣ, набудани омилҳои асосии идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ, аз ҷумла набудани ҳизбҳо ва созмонҳои таҷрибадор ва ба инҳо монанд, таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди бевоситаи ӯ ба муҳокимаи умумихалқӣ лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ пешниҳод гардид, ки он шакли идоракунии президентиро пешбинӣ мекард.
Ҷоизи зикр аст, ки дар раванди муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1,2 миллион нафар шаҳрвандони мамлакатамон ширкат варзиданд. Моҳи ноябри соли 1994, лоиҳаи Конститутсия ба раъйпурсии умумихалкӣ пешниҳод шуд ва аз истиқболи мардум бархӯрдор гардид.
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита натиҷаи заҳмату талошҳои пайгирона ва ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад, роҳи ояндаи мамлакатамон, ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян гардида, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ҳамчун меҳвари сиёсати давлатии мамлакати мо муайян гардид.
Халқи тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли худро якдилона пазируфт. Пешвои муаззами миллат дар ин бора зикр намудаанд: «Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд».
Воқеан ҳам, кишвари мо, асосан, баъд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз лиҳози ҳуқуқӣ ба ҷаҳониён истиқлоли комили худро муаррифӣ намуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати мо расман давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи навини тоҷикон гузошта шуд
Нақши Пешвои миллат дар раванди амалӣ намудани меъёрҳои конститутсионӣ низ хеле барҷаста ва назаррас мебошад. Маҳз, бо ташаббусҳои пайвастаи Сарвари давлат фаъолияти мақомоти конститутсионии кишварамон танзим ва батадриҷ устувор гардида, дар пешрафти давлату давлатдорӣ саҳми бештару арзишмандтари худро мегузоранд.
Бояд зикр намуд, ки Конститутсия маҳсули тафаккури инсонӣ мебошад ва ногузир дар давраҳои муайян ба тағйиру иловаҳо эҳтиёҷ пайдо мекунад. Бо ташаббус ва ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони бесарусомонӣ ва нооромиҳои мамлакат қабул гардида буд, бо гузашти давраи муайян се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба устувортар гардидани волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона шуданд.
Маҳз, марҳила ба марҳила ташаббус нишон додани Пешвои муаззами миллат ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳоти конститутсионӣ дар солҳои мазкур бо мақсади таъмин намудани пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистон, дигаргунсозиҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, мутобиқгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ нақши муассири Сарвари давлатро дар такмилу таҳкими асосҳои конститутсионии давлати муосири тоҷикон бараъло нишон медиҳад.
Вазъи риояи меъёру талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи қабул гардидани он инҷониб, инчунин муассиртар гардонидани нақши он дар тарбияи худшиносии аҳли ҷомеа, ки барои баланд бардоштани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун иқдоми басо муҳим ва амри зарурӣ мебошанд, пайваста таҳти назари бевоситаи Пешвои миллат қарор доранд.
Дар ин робита, бо дастури Пешвои миллат эълон шудани “2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ” тадбири басо саривақтӣ ва муҳим мебошад.
Бояд эътироф намуд, ки дар ҷомеаи суннатии мо, ки давоми чандин асрҳо таҳти таъсири анъанаҳои гуногуни динию идеологӣ шакл гирифта буд, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ кардан кори саҳлу содда набуд. Маҳз бо талошҳои пайвастаю хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси санади асосӣ тавассути риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худро, яъне ба танзим даровардани муносибатҳои суннатию муосири ҷомеаи моро иҷро намуда истодааст. Он дар оянда низ барои пешрафту шукуфоии давлату миллати тоҷик мусоидат менамояд. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсия роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат мебошад. Он чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва ба сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебарад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯ ва илҳоми тоза мебахшад.
Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар
соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
С.Маҳмадзода