ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Субҳи рӯзи 22 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши тантанавӣ бо танинандоз гардидани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт ва Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳозиринро аз номи худ ва аз номи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба ифтихори ҷашни мазкур табрику таҳният гуфта, қайд намуданд, ки  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳувияти миллии мардуми кӯҳанбунёду фарҳангдусти тоҷик буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро тавассути ҷилои рангҳои худ инъикос менамояд. Ҳамзамон муаррифгари давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Баъдан Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолӣ, муҳтарам Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад сухани табрикотиро ба мутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират Ҳакимзода Саида Раҳмоналӣ дода, номбурда дар бораи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он баромади пурмӯҳтаво намуданд.

Дар охир Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолӣ, муҳтарам Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад таъкид намуданд, ки мо хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки аҳамияти идҳои давлатиро дар корхона, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто дар муҳити оила ташвиқу тарғиб намоем.

01

02

03

Яндекс.Метрика