Ҷаласа доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Санаи 31 декабри соли 2024 дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” таҳти роҳбарии сардори Хадамот Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад ҷаласа баргузор гардид.
Маҳмадзода С. М. бо сухани ифтитоҳӣ қайд намуданд, ки зимни баромади худ Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ, мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот, 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар беш аз 4,1 миллион ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шудааст. Бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст. Бо ин хотир соҳаҳои калидӣ аз ҷумла масъулинро зарур аст, ки дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дарк кардан ба маврид аст, ки вобаста ба паҳлуҳои муҳими Паём, Роҳбари давлат Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҷойҳои сераҳолии кишвар таъсис додани марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ ва рушди малакаҳоро бо мақсади соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва рақобатнок гардонидани қувваи корӣ, дастур доданд.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон ва аз байн бурдани шуғли ғайрирасмӣ, ҳамкориро бо шарикони иҷтимоӣ (Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоён, Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат ва воситаи ахбори омма) дарҷ намуда, дар ин самт ҳамкориҳо тақвият дода шавад.
Дар фарҷоми ҷаласа сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бори дигар таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки пайваста дар баромадҳояшон ёдовар мешаванд, ҳурмати шахсони муқаддас алалхусус падару модар, хоҳару бародар, инчунин эҳтироми кормандон ва дигар ашхосро баҷо оранду, пайваста сармашқи корӣ худ донанд.
Бо истифода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки иҷрои босифат ва саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро саривақт таъмин намояд.