Ҷаласаи васеи Шӯрои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2024 ва вазифахо барои соли 2025»

Ҷаласа таҳти роҳбарии сардори Хадамоти назорат давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Маҳмадзода Сафарали Маҳмад оғоз гардида, дар кори он муовини сардори Хадамот, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва маҳаллии Хадамот иштирок доштанд.

Дар ҷаласа нахуст маърӯзаи  муовини Сардори Хадамот Имомзода Б.И., «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар соли 2024 шунида шуд. Дар маърӯзаи ҳисоботӣ тамоми самтҳои фаъолияти Хадамот дар  соли 2024, дастовардҳо, пешравиҳо, камбудиҳо, роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби раёсат, шуъба ва бахшҳои Хадамот мавриди муҳокима қарор гирифта, барои андешидани чораҳои зарурӣ, дастуру супоришҳо дода шуд.

Инчунин, музокираи маърӯза сардорон ва мудирони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории Хадамот дар маҳал шунида шуд.
Баъд аз музокира аз ҷониби сардори Хадамот Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад саволу ҷавобҳо оид ба самтҳои  фаъолият, аз ҷумла  ошкорсозии саривақтӣ ва бартарафсозии қарзи музди меҳнат, пешгирӣ ва рафъи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ), пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ, тартиби гузаронидани санҷишҳо, рушди шарикии иҷтимоӣ, бастан ва риояи шартномаҳои коллективӣ, бештар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ёрии амалию методӣ расонидан ва дигар супоришу тавсияҳои дахлдор барои пешравии кори Хадамот доир гардида, баҳри  беҳтар намудани фаъолият дар соли 2025 бо назардошти таъмини иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 бармеоянд, инчунин таъмини иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

03

01

02

05

Яндекс.Метрика