Таъмини зиндагии шоистаи мардум — ҳадафи олии сиёсати давлати навини Тоҷикистон (Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 28.12.2024)
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба мақоми қонунгузории кишвар тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ҳама бахшҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки “дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон”.
Воқеан ҳам тибқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Ин ҳадафи олии давлати Тоҷикистон ҳануз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муқаррар шуда, инъикосгари давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон аст.
Бо ҷидду ҷаҳди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи олӣ барномаву стратегияҳои зиёде таҳия ва амалӣ шуданд. Аз ҷумла, яке аз аломатҳои асосии зиндагии шоистаи инсон ин таъмини эҳтиёҷоти аввалиндараҷаи зиндагӣ: манзили зист, низоми маорифу тандурустии фарогир, таъмини шуғли муносиб ва даромадҳо аз қабили музди меҳнат, нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд. Зикраш ба маврид аст, ки новобаста аз имкониятҳои маҳдуди молиявии давлат, аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ин масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтанд.
Дар ин муддат бо татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ: Стратетегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратетегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи тавсеаи шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавии соҳавӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва зина ба зина расидан ба таъмини субботи иҷтимоӣ мусоилдат намуданд.
Тавре, ки Президенти мамалакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд “дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт”.
Афзалияти маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва афзоиши ҳамасолаи он яке аз омилҳои муҳими тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб мешавад. Аз ҷумла зикр гардид, ки “соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар ин зимн, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст”.
Вобаста ба ин, бо дастури Пешвои муаззами миллат аз Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз; маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз; музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд. Инчунин, дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешаванд.
Мавриди зикри хос аст, ки иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки дорои аҳамияти муҳими иҷтимоӣ мебошад ин баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони як қатор соҳаҳои иқтисоди кишвар аст, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дарҷ гардид. Тадбири мазкур барои коҳиш додани тафриқаи байнисоҳавии музди меҳнат, баробарсозии сатҳи андозаи онҳо ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Паёми роҳбари давлат ҳамчун дастур ва сарчашма барои пешрафти ҷоддаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ пазируфта шуда, сармашқи кору фаъолият қарор доданинуқтаҳои асосӣ ва иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар ва кормандони мақомоти мухталифи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Мутахассиси пешбари шӯъбаи
назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнати
Хадамоти назорати давлатӣ дар
соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
А. Маҳмадуллозода