ТАҶЛИЛИ РУЗИ МОДАР ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Санаи 6 — уми марти соли 2025 дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба таҷлил ва бузургдошти Рузи Модар бо иштироки васеи занону бонувони дастгоҳи марказӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлиси идонаро сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад оғоз намуда, бо сухани муқаддимавӣ бонувони хадамотро хайрамақдам ва бо ин санаи муқаддасу таърихӣ муборакбод намуд.
Сардори Хадамот зикр намуданд, ки бо шарофати соҳибистиқлолй Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастгирии занону бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар симои зан, модар, хоҳар ва ҳамсар, тарбиятгари насли башар, сиёсатмадори шинохта, олими муваффақ, соҳибкори саховатпеша, корманди мақомоти қудратӣ, бинокор, мураббия ва роҳбари соҳибэҳтромро тарбия намудааст. Мавқеи занону бонувон дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат назаррарс буда, саҳми онҳо хело арзишманд эътироф гардидааст.
Аслан занону модарон бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад. Ин аст, ки имрӯз мавқеи Зан — Модар дар Тоҷикистони азизи мо ҷойгоҳи хос дорад ва роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳамияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст.
Дастгирии занону духтарон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки “занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.
Дар фарҷом сардори Хадамот бонувонро бо фарорасии фасли зебои сол, баҳори нозанин ва таҷлили Рӯзи Модар бори дигар муборакбод намуда, ба ҳар яке аз онҳо хонаи обод, бахту иқболи наку дар иҷрои вазифаҳои муҳими давлатй комёбиҳо таманно намуд.