НАВРӮЗ-ҶАШНИ НИЁГОНИ МО ҶАҲОНИ ШУД

 

Барои миллати тоҷик ва кулли кишварҳои вориди тамаддуни Наврӯз боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди бузургу арзишманд натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар ба ҳисоб меравад.

Қайд намудан зарур аст, ки дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» таъкид гардидааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд дар бораи Наврӯз сатҳи маълумотнокиашонро баланд бардошта, бо мақсади ташвиқу тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои Наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор намоянд.

Бо назардошти ин гуфтаҳо, мавқеи географии таҷлили Наврӯз аз қисми ғарби сарзамини Чин оғоз гардида, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Кавказу Россия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман парокандааст. Ин маънои онро дорад, ки  Наврӯз ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфт, ки дар ин асно саҳми бевоситаи Пешвои миллат басо арзанда ва бузург мебошад.

Аҳамияти таърихӣ ва миллии ин ҷашни бузургро ба инобат гирифта, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нишони ҷашни Наврӯз таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Ин Нишони Наврӯз, ки бо назардошти ба инобат гирифтани аҳамияти илмҳои табиатшиносию ситорашиносӣ таҳия гардидааст, дар айёми ҷашнгириҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ин идди саршор аз ифтихорот аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва нишони сарисинагии ҳар як фарди худогоҳу худшинос бошад.

Нишони наврӯз, шаклан шабеҳи курраи замин буда, дар он қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми киштукори донаҳои умед ва фасли баҳору шукуфоӣ ва ҳамчунин тоҷи заррини Нишону Парчами Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.

Ҷашни Наврӯз  аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, аз қадимтарин ва муҳимтарин идҳои халқи тоҷик ба шумор меравад. Чи тавре, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум мегардад, аввалин касе, ки ҷашни Наврӯзӣ асос гузоштааст, шоҳ Ҷамшед буд.

Мувофиқи тақвими аждодиамон дар мутобиқат ба низоми ҳаракати саёраҳо баробаршавии шабу рӯз 21-уми март ба амал омада, сароғози баҳор, рӯзи оғози киштукори деҳқонон ба ҳисоб меравад.

Бо ҳамин назардошт, ва муҳиммияти ин ҷашн, идди Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи баланд пазируфта шуда, ба шумораи идҳои ҷаҳонӣ боз як ид илова шуда, Наврӯз ҷаҳонӣ шуд.

Дар ҷумҳурии азизи мо қариб тамоми халқияти сокини он соли нави худро аз Наврӯз оғоз мекунанд.

Наврӯз ҳамчун иди баҳорӣ ва бедоршавию эҳёи табиат дар тамоми кишварҳои ҳудуди Осиёи Марказӣ бо шукуҳу шаҳомот ҷашн гирифта мешавад. Идди Наврӯзӣ дар Тоҷикистон бо як рӯҳияи  сиёсӣ ва ифтихору самимият ҷашн гирифта мешавад. Иди Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 21 март ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад.

Аз нигоҳи муҳаққиқон Наврӯз аз ҷониби кишварҳои туркзабони Осиёи марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекҳо, Қирғизҳо, Қазоқҳo ва Туркменҳо аз он хотир ҷашн гирифта мешавад, ки дар гузашта ин мардумон бо халқи тоҷик равобити хуби таърихӣ доштанд, байни онҳо мардуми тоҷик сукунат доштанд ва бевосита ҷашни Наврӯз дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст.

Равобитҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳангию иҷтимоӣ сабаб гардидаанд, ки суннат ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда, аз ҷониби дигар халқиятҳои Осиёи марказӣ, хусусан узбекҳо таҷлил ба амал оварда шавад. Яке аз рамзҳои Наврӯз ин Суманак мебошад, ки он дар манотиқи гуногуни Узбекистон низ дар аёми Наврӯз омода карда мешавад ва онро мардуми Ӯзбекзабон  сумалак ном мебаранд.

“Наврӯз” маънои “Рӯзи нав”-ро дошта, ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробарии Баҳор, рӯзҳои асосии ид 21 ва 22-юми март мебошад. Аммо дар  ҳар як манотиқ ин ид бо расму русуми гуногун ҷашн гирифта мешавад. Айни замон дар Тоҷикистон асосан Наврӯз аз 21 то 24-уми март ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзҳо ҳамчун рӯзи истироҳатӣ эълон гардидаанд.

Сарчашма ва асосии  иди Наврӯз– ин китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” мебошад, ки ба давраи то 6000 сол пеш аз милод рост меояд.

Дар «Наврӯзномаи»- и Умари Хайём таърихи гузаштаи Нарӯз ба давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён, дар «Шоҳнома» таърихи ин ид ба давраи шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорд.

Оғоз аз 21 март шабу рӯз ба ҳам баробар шуда, ҳар яки он 12 соатиро ташкил медиҳад.

Такя ба сарчашмаҳои таърихӣ,  замоне, ки шоҳ Ҷамшед тахти тилоии худро сохт, аз рӯи маълумотҳои достонҳо ин якумин тахт дар таърихи инсоният буд ва  ҳангоми тулуъи офтоб ба кӯҳи баланд бардошта мешуд ва тахти тиллогин бо таъсири нӯрҳои офтоб нӯрафшон гардида,  ба мисли офтоб нурфишонӣ мекард. Ин рӯз ба 21 март рост омада, онро Наврӯз номиданд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи аввали соли нав ҷашн гирифта мешуд.

Тавре, ки дар «Наврӯзнома» дарҷ гардидааст шоҳ Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида, ба расму оин ворид намуд. Наврӯз минбаъд аз ҷониби шоҳону мардумон ҷашн гирифта мешуд. Дар давраи маросими Наврӯз ҳамчун иди халқӣ чорабиниҳои мухталиф, аз қабили бузкашӣ,, буҷулбозӣ, пойга, гуштингирӣ байни паҳлавонон, тухмзанак, арғамчикашӣ ва як қатор чорабиниҳои дигар ташкил карда мешуданд. Илова бар ин, ороиши дастархони идона, ва дар дастархон гузоштани хӯрокҳои гуногуни миллӣ ба қатори суннатҳои ҷашни Наврӯзи дохил мешуд. Воқеан, дар дастархон таомҳое гузошта мешуданд, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешуданд. Бо назардошти расму оин, чун қоида дар маросими ид  ду дастархон оро дода мешавад: Ин дастархони “Ҳафт Син” ва “Ҳафт Шин” мебошад, ки  дар алифбои форсӣ “Син” ва “Шин” ҳарфҳои “С” ва “Ш” алифбои моро офода мекунад. Аз қадим дар дину оини зардуштӣ ва дини ислом адади 7 ҳамчун адади муқаддас шуморида мешавад. Бинбар дар динни ислом манъ будани шароб Ҳафт Син-ро арабҳо дохил карданд аз сабабе, ки дар ислом нӯшидани шароб манъ аст, лекин Ҳафт Синро аз байн бурда натавонистанд.

Ҳафт Син ва Ҳафт Шин дар Наврӯз.

Ҳафт Син -яке аз анъанаҳои иди Наврӯз ин Ҳафт син мебошад. Ҳафт Син ин ҳафт номгӯи маҳсулотест, ки ҳарфи аввали номи онҳо бо ҳарфи – С (Син) сар мешаванд ва ба ин номгӯ маҳсулоти зерин ворид мешавад: Сир, Себ, Сабзӣ, Сунҷид, Сирко, Суманак ва Сипанд.

Бояд қайд намуд, ки  дар дастархон баъзан вақт китоби муқаддаси Қуръон ва Шоҳнома низ чун эҳтиром ба ин китобҳои муқаддас дида мешавад, ки ин масоил аз урфу одати миллатҳо вобастагӣ дорад.

Ҳар як халқу миллат расму оинҳои худро дорад, бинобар ин баъзан ба ҷои Ҳафт Син -и зикргардида дигар чизҳоро низ дар дастархони Наврӯзӣ дидан мумкин аст.

Ҳафт Шин,

Ҳафт Шин бошад, маҳсулоти рӯи дастархониест, ки ҳарфи аввали  номи онҳо бо Ш (Шин) оғоз меёбад, аз ҷумла; Шакар, Шона, Шамъ, Ширини, Шарбат, Ширбиринч ва Шир.

Дар айёми Наврӯз орзую ниятҳои мардум натанҳо бо хондани суруду таронаю рӯбоиҳо, балки бо иҷрои суннатҳои Наврузӣ, риояи расму оинҳо, ҳамзамон, дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғиззо, рангу дигар унсурҳои табиат ҳамчун рамз баён мегардад.

Ҳамагуна маросимҳои тоҷикон саршор аз розу рамзу маъниҳои нуҳуфтаи таърихӣ, ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ гузашта мебошанд.

Рамз – ин як навъ як навъ баёни соҳаи  иҷтимоӣ мебошад, ки шаклҳои  мухталиф, лафзӣ, хаттӣ, тасвирӣ ва моддӣ, унсурҳои табиию мазҳабӣ, адабӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, аз фард ба фарди дигар ва аз як насл ба насли оянда ҳамчун мероси иҷтимоию фарҳангӣ интиқол ёфтаанд.

Аз қадиммуллаём миллати тоҷик ба ранги сафед аҳамияти хос зоҳир намуда, онро  ҳамчун рамзи покиву назокат, сулҳу субот, осмони мусаффо ва кушоиши кор шуморида, дар ҳамагуна кор, чӣ интихоби либос, ороиши мухталиф, интихоби ашё, ва ҳатто ғизои истеъмоли  ба ранги сафед афзалият медоданд ва кӯшиш менамуданд, дар ҷашнҳо ранги сафед бисёртар ба назар расад.

Мардуми тоҷик ҳангоми таҳвили сол либосҳои сафед ба бар намуда, дар руйи суфраи наврӯзӣ шакар, шир ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшударо муҳайё месохтанд ва  аз гӯшти ҳайвонот, асосан гушти мурғ ва моҳиро дар рӯи дастархон бинобар саферанг буданашон оро медоданд.   Инчунин, себу сир ва сунҷид ҳам бинобар сафед будан аз дарун ба дастархони идона ҷойгир карда мешуданд.

Интихоби ранги сафед ҳамчун рамз дар замонҳои қадим низ маъмул ва қобили пазироӣ будааст.

Дар давраи шоҳони сосонӣ саҳари субҳи Наврӯз, Бози сафед парвоз дода шуда, субҳи аввали Наврӯз бо нӯшидани шири тозадушида ё ин ки хурдани порае аз панири тоза оғоз мегардид. Дар рӯзи аввали Наврӯз ба худи шоҳ дар зарфи сафеди нӯкрагин об дода мешуд.

Наврӯз, ки  рӯзи аввал ва оғози  фасли баҳор аст, мардуми кишоварзи манотиқи гуногун  дар ин айём ба корҳои кишоварзӣ ва зироаткорӣ шуруъ мекарданд. Баракату фаровонӣ ҳамчун рамз дар шаклҳои мухталиф дар фарҳанги мардуми тоҷик инъикос гаштааст. Занони  тоҷик дар вақти  омода намудани хӯроки наврӯзӣ ҳамчун рамзи фаровонӣ ва файзу баракат ба дег сангчаҳо меандохтанд. Ба деги суманак бошад, ба ҷои сангчаҳо  7 дона чормағз андохта мешуд. Дар маросими ҷашни Наврӯзӣ хурокҳои анъанавии мардуми тоҷик аз анвои ғалладона омода карда мешуд. Масалан дар водии Ҳисор аз гандуми кӯфта, нахуд, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкӯча мепазанд, ки онро дар дигар минтакаҳо бо номҳои гуногун, дар Кӯлоб далда, дар Яғноб кашк, дар Бадахшон бон, дар Панҷакент гуча меноманд. Хӯроки мазкур, ки аз ғалладона ва гиёҳҳо омода гардида, рамзи фаровонии ҳосили кишоварзии соли нав ва инчунин, ғизои солимро ифода мекунад.

Ҳамзамон, дар Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишин оши палав ва гандумкӯча пухта, дегҳо аз чунин хурокҳо пур карда мешавад ва ин ифодагари соли пурфайзу баракат ва серию пурӣ мебошад.

Бо омад омади Наврӯз  пеш аз ҳама кӯдакон бо иҷрои маросими гулгардонӣ аз омадани Наврӯз хабар медиҳанд. Кӯдакон як чанд рӯз қабл аз омадани Наврӯз ба кӯҳу пуштаҳо рафта, гулҳои баҳорӣ аз қабили; гули сиёҳгӯш, ва гӯлҳои зарди баҳориро чида ба деҳаҳо меоранд ва бо гаштани хона ба хона ба мардум суруди наврӯзӣ мехонанд ва муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд.

Аҳли деҳа ва мардумон гӯлҳои тару тозаи баҳориро бӯй кашида, ба чашмон мемоланд ва барои муждаи баҳорро овардан ба бачаҳо кулча, қанд, мавиз ва дар баъзе ҷойҳо ба онҳо зироатҳо, гандум, нахуд ва дигар маҳсулотҳо медиҳанд.

Наврӯз иди аждодии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, омад омади Наврӯз барои ҳар як фарди тоҷик аҳамияти бузурги миллӣ ва таърихӣ дорад.

Наврузи хуҷастапай ба кулли мардуми Тоҷикистон муборак бошад.

 

ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ

ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ,

МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

 

Яндекс.Метрика