Паёми Пешвои муаззами миллат – дастур ва роњнамо барои расидан ба ҳадафҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва илмиву маънавӣ

Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои Миллат, ки дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари азизи мо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, саршор аз панду ҳикмат ва ҳидоятҳо дар роҳи расидан ба истиқлолияти комил, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, адои рислоати таърихӣ буда, арҷгузорӣ ба хизмати шоистаи фарзандони фарзонаи миллат, ки дар бунёд ва рушди маданию фарҳангӣ,  маънавию таърихии миллат саҳми босазо гузоштаанд, дар Паёми Пешвои миллат мавқеи хосса дорад.

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ ироа гардид.

Роҳбари давлат суханро аз истиқболи 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,   давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон оғоз намуда, баён доштанд, ки маҳз Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки бо саъю талоши хурду бузурги кишвар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар зарфи ҳафт соли охир ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар ин радиф, Сарвари давлат ёдовар гардиданд, ки дар соли 2024-ум ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар панҷ соли охир бошад, суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил додааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомониро равона кардааст.

Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ ҳиссагузорӣ гардидааст.

Дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуда, баҳри расидан ба талаботи замони муосир ва таъмини зиндагии арзанда барои мардуми кишвар, иҷрои дастуру супоишҳо ва асоси кор қарор додани ҳидоятҳои Пешвои миллат  роҳи расидан ба мақсадҳои волои таърихӣ мебошад.

Роҳбари хирадманд ва қадршиноси давлат махсуса таъкид намуданд, ки дар ҳамаи ин корҳои хайру ободсозӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат ниҳоят бузург мебошад ва ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.

Боиси сарфарозӣ ва шукргузорист, ки бо саъю талоши Сарвари раиятпарвару созанда сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ бефосила ва мунтазам баланд мегардад. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне, нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, андозаи музди миёнаи меҳнати кормандон беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шудааст.

Вобаста ба ин, бо дастури Пешвои муаззами миллат аз Паём ба маҷлиси олӣ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии командони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои бӯҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд. Инчунин, дар баробари ин аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 ҚҶТ “ Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат, ки дорои аҳаммияти муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мебошад дар баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони як қатор соҳаҳои иқтисоди кишвар зоҳир гардида,  дар Паём ба маҷлиси Олӣ ифода ёфтааст. Тадбири мазкур барои коҳиш додани тафриқаи байнисоҳавии музди меҳнат, баробарсозии сатҳи андозаи онҳо ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа нақши калидӣ дорад.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки масъалаи таъмини ҳуқуқи мардуми кишвар ба зиндагии шоистаи баробар ба талаботи муосири замон, ҳамзамон, баробар намудани рушди ҳамаи соҳаҳои мухталифи кишвар ба сатҳи тараққиёти  мамлакатҳои аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ, технологию фарҳангӣ пешрафтаи  дунё ҳадафи  олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои расидан ба ин ҳадаф Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати давра ба давра беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми шарафманди Тоҷикистон нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ менамояд ва баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо тамоми воситаву имкониятро мавриди истифода қарор медиҳад.

Масъалаҳои зикргардида шаҳодати онанд, ки дар меҳвари Паёми Раҳбари хирадманду дурандеши давлат, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, таъмини амнияти ҷомеа, рушди иқтисодии ватани азизамон қарор дошта, ҳадафи Роҳбари давлат  ба сатҳи рушди давлатҳои муттарақии  дунё баробар намудани Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо мебошад.

Дар суханронии сарвари давлат таъкид карда шуд, ки бо назардошти як қатор падидаҳои номатлуб, аз қабили: шиддатгирии мухолифатҳои сиёсӣ, ривоҷи сиёсати духура миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, тағйирёбии иқлим, тарҳрезӣ гардидани «ҷанги сард», вайрон гардидани низоми таҳвили молу маҳсулот, ки мубодилоти онҳо барои инкишофи робитаҳои иқтисодии ҳар як кишвари дунёи пешрафта зарур аст, чораандешӣ ва тадбирҳои зарурии саривақтӣ роҳи ягонаи пешгирии таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар буда, айни ҳол чун амри ягона ва зарурӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ, худшиносию худогоҳии мардум ва пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат метавонанд ҳамчун заминаи амалисозии ҳадафҳои миллӣ сатҳу сифати зиндагии мардумро такони ҷиддӣ бахшад.

Дар ин радиф Пешвои дурандеши миллат, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муваззаф гардониданд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.

Муҳимияти Паёми Раҳбари давлатро ба инобат гирифта, бояд қайд намуд, ки дар Паём сарвари давлат дастур доданд, ки дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.

Бо назардошти амалисозии ҳадафҳои пешбинигардида, Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазифадор гардонида шудаанд, ки то охири соли 2025-ум лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 – 2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Аз ҷониби Сарвари давлат дастур дода шуд, ки дар ҳуҷҷати мазкур ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар бораи он дар Паёми Сарвари давлат аҳамияти махсус дода шуд, он аст, ки аз ҷониби Раҳбари хирадманди давлат роҳу усулҳои ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, ҳамчун омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ нишон дода шудаанд.

Дар ин радиф, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуаанд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд ва то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.

Ҳамзамон, Сарвари давлат ба хусус қайд намуданд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Тибқи дастури Раҳбари давлат, бо мақсади пешбурди иқтисоди рақамӣ дар панҷсолаи минбаъда бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи таълим ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар раванди пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, татбиқи тадбирҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди тиҷорати электронӣ.

Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, Хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуданд.

Дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ дар ин  самт қадами нахустин ба ҳисоб меравад.

Ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода шуда, супориш дода шудааст, ки  илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

Боиси қайди махсус аст, ки дар Паёми Раҳбари давлат ба масъалаи расидан ба чор ҳадафи стратегӣ диққати махсус дода шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш таъкид бар он доштанд, ки ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад. Аз ин лиҳоз, сарвари давлат қайд намуданд, ки “Бароямон зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем”.

Дар паём дастовардҳои назаррасу ифтихорангез дар ҳама соҳаҳо мавриди зикри Роҳбари дурандеши давлат қарор гирифта, барои ислоҳ ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳо беҳтарин дастуру пешниҳодҳо дода шуданд, ки бешак барои кормандону мутахассисон ва роҳбарону масъулини ҳама соҳаҳои мухталиф барномаи амал ва сармашқи кор хоҳад гашт.

Дар паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба некӯаҳволӣ ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар диққату таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки “Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Дастур ва сармашқи кору фаъолият қарор додани Паёми Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили рушд ва инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвари азизу маҳбубамон мебошад.

 

Сардори Хадамоти назорати давлатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират

ва шуғли аҳолӣ 

С. Маҳмадзода    

 

Яндекс.Метрика