ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ АСТ!

Ваҳдати миллӣ барои миллати сарафрозу тамаддунсози мо – ин ҳикмати бузургест, ки бо ташаббус ва заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат, ба миллати сарбаланд ва тамаддунофари тоҷик бори дигар  муяссар гардид.

Худ маҳфуми Ваҳдат ин якдилӣ, суботу оромӣ, рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, сулҳи пойдор, хушбахтӣ, ягонагӣ, сарфарозӣ, комёбӣ, таҳким ва ташаккулдиҳандаи давлату давлатдорӣ барои ҳар як миллат ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои ниҳоят муҳиму муқаддастарини миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши калидиро дар сарҷамъ намудани миллат ва мустаҳкам намудани пояҳои  давлату давлатдорӣ  гузоштааст. Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми паҳлуҳои зиндагӣ таҷассум ёфта, асоси суботу оромӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ифода меамояд. Таърих гувоҳ аст, ки 28 сол қабл, (27 июни соли 1997) Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷаҳду талошҳои пайваставу натиҷабори худ ба нофаҳмиҳо ва ҷанги таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашиҳо хотима гузоштанд. Аз лаҳзаи ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 28 сол сипарӣ шуд. Ин санади  тақдирсоз хотимаёбии ҷанги шаҳрвандиро ифода намуда,  оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос намуд.  Дар ин самт маҳз заҳмати фарзанди фарзона ва ҷонфидои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир ва беандоза мебошад.

Ваҳдати миллӣ  барои миллати тамаддунофари тоҷик  сарвати бебаҳоест, ки мардуми кишвари мо онро бо ҳисси баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳамасола 27-уми июн бо самимияти хоса ҷашн гирифта, он аз ҷониби хурду бузурги ҷомеаи Тоҷикистони навини соҳибистиқлол бузургтарин дастоварди таърихӣ ва сароғози марҳалаи навин дар рушди давлатдории тоҷикон дониста мешавад.

Имрӯз на фақат ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли илму адаб, олимону коршиносони ҷумҳурӣ, балки сиёсатшиносону ҷомеашиносони сатҳи дунявӣ ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳонӣ эътироф  мекунанд, ки ин дастоварди бузургтарини таърихӣ воқеан ҳам бо ташаббус ва ҷаҳду талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Хурду бузурги миллати тоҷик ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки аз саҳифаҳои таърихи тозаэҷоди  Тоҷикистони  соҳибистиқлол огаҳӣ доранд, мефаҳманд, ки маҳз сиёсати дурбинона, созанда, ва хирадмандонаю хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит фароҳам овард, ки дар мамлакати бар асари дасисаҳои душманони дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтодаи мо сулҳу субот ва амнияти сиёсию иҷтимоӣ абадан пойдор гарданд.

Ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузашта гувоҳи он аст, ки  бар асари  ҷанги таҳмилӣ тақрибан ҳаёти беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрванд ба коми аҷал кашида шуда, зиёда аз як миллион нафар сокинони кишвари моро  гуреза гардонид.

Таъсири ҷанги таҳмилӣ, ки аз ҷониби душманони хориҷию дохилӣ тарҳрезӣ гардида буд, соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва соҳахои  фарҳангиву маърифатиро фалаҷ гардонида, ба кишвари азизи мо хавфи аз даст додани истиқлолият ва тамомияти арзиро ба вуҷуд оварда буд.

Боиси хушбахтӣ ва сарфарозист, ки чунин вазъияти нобасомон мардуми кишвари моро гумроҳ насохта, мардуми бедордил ва худогоҳи кишвар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо умеду орзӯҳои нек ба ояндаи дурахшон ва ба ин вазифаи басо муҳиму масъулиятнок интихоб намуданд.

Баъди бар душ гирифтани ин рисолати барои халқу миллат ниҳоятдараҷа муҳим Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ, ки асрҳо дар хотири миллат ба некӣ боқӣ хоҳад монд,  ваҳдати миллиро пойдор созанд.

Аз нигоҳи хирадмандонаи Сарвари муаззами давлат, ки бо хирад, дурандешӣ ва сифати раиятпарваронаи хеш назир надорад:  «Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад».

Дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Сарвари ҷонфидо ва дурандеши давлат як силсила мулоқоту музокиротро бо намояндагони гурӯҳҳои мухолифин ва мусаллаҳу  тундгаро ба анҷом расонидаанд, ки натиҷаи он сулҳу субот ва оромии кишвари азизамонро ба бор овард.

Дар натиҷаи  саъю кӯшишҳои собитқадамонаи Пешвои муаззами миллат якдигарфаҳмӣ ва ваҳдат ба даст омада, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид ва ин иқдоми беназири Пешвои муаззами миллат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид.

Бо итминони комил метавон изҳор намуд, ки маҳз бо шарофат ва азму талошҳои пайгирона ва иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат — Пешвои маззами миллат дар саросари кишвари азияткашидаи мо сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад.

Айни замон истиқлолияти давлатии моро зиёда аз 192 мамлакати дунё пазируфтааст ва хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардид. Кишвари азизи мо саргузашти вазнинеро паси сар намуд. Солҳои 1992-1997 дар сарнавишти халқи тоҷик чун замони пурфоҷиа ёдовар мегардад. Дар ҳамон замони пурфоҷиа ва давраи оҷизии давлат, фарзанди фарзона ва худогоҳу худшиноси миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфта буд: «Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихи хешро аз сар мегузаронад. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гардиданд. Дар натиҷа будан ё набудани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо зери хатар монд. Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ зада, шаҳри худро ба харобазор табдил дода бошад». «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Пешвои миллат  ҳамон вақт хишти аввали бинои давлатии  «Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ»- ро ҷиҳати бунёд намудан шурӯъ намуд.

Аввалин маротиба Пешвои миллат аз номи Тоҷикистони соҳибистиқлол 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид бо забони ширини тоҷикӣ дар бораи даҳшатҳои ҷанги дохилӣ, баргардонидани гурезаҳо ва нақши ин Созмон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ муфассал суханронӣ намуданд.

Боиси сарафрозист, ки аксарияти созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро мавриди омӯзиш қарор дода, онро дар ҳалли муноқишоти дохилии давлатҳои мухталифи ҷаҳон истифода мекунанд, ки ин ба тарғиби сулҳу осоиш дар саросари олам мусоидат менамояд. Таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба сулҳи тоҷикон аз он далолат мекунад, ки миллати тоҷик дар масири таърих сулҳофар буд ва чунин боқӣ хоҳад монд. Вобаста ба ин хислати миллати тоҷик, собиқ котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Анон чунин иброз дошта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишоти дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам ин саҳми Тоҷикистон дар роҳи эҷоди сулҳ беназир мебошад».

Ҳатто орзӯи мардумони кишварҳои ҷангзадаю гирифтори кашмакашиҳои дохилӣ  он аст, ки ба мисли Пешвои муаззами мо роҳбар дошта бошанд, то ба рӯзгори нек ва сулҳу субботу оромӣ бирасанд.

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистони азизи мо  борҳо аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид суханронӣ намуда, миллати тоҷик ва фарҳангу тамаддуни мо тоҷиконро ба ҷаҳониён дар сатҳи баланд муаррифӣ намудааст.

Такроран ҷоизи таъкид аст, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст ва дар мамолики ҷаҳон мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифтааст.

Тавре ки Пешвои муаззами миллат қайд мекунанд: “Ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳуввияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад.”

Роҳбари дурандешу хирадманди мамлакат ҳамзамон таъкид менамоянд: “Вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон, талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои аз нав тақсим кардани дунё, раванди яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», вусъати рӯзафзуни ҷангҳои иттилоотӣ, таҳоҷуми фарҳангиву ғоявӣ ва дигар раванду ҳодисаҳои номатлубу хатарноки замони муосир моро водор месозанд, ки беш аз ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.

Таъкид месозам, ки дар чунин шароити ҳассос ҳар яки мо бояд ба хотири пояндагиву бақои миллатамон ва устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, иродаи қавӣ дошта бошем ва манфиатҳои милливу давлатиамонро содиқона ҳимоя намоем.”

Дар баробари гуфтаҳои боло, Пешвои муаззами миллат хотирнишон менамоянд: “Ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст”.

Бо пайравӣ аз гуфтору амалҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, мо — шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки бо истифода аз нерӯи ақлонию зеҳнӣ, кирдори некбинона ва ахлоқи ҳамида ватани хешро дуст дорем, худшиносу худогоҳ бошем, пайрави сиёсати хирдмандонаи Пешвои миллат буда, сулҳу суботу оромӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем.

Сардори Хадамоти назорати далатӣ

дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират

 ва шуғли аҳолӣ      С. Маҳмадзода

Яндекс.Метрика