Ситоди кории оид ба бартарафсозии қарздории музди меҳнат

Санаи 2 июли соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷаласаҳои Ситоди кории вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди кори оид ба қарздории музди меҳнат, мутахассисони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба муайян, пешгирӣ ва бартарафсозии қарздорӣ аз музди меҳнат бо иштироки бевоситаи раисони ситодҳои шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаҳои қарздор баргузор гардид.

Сар аввал ҷаласаро муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди корӣ оид ба қарздории музди меҳнат ифтитоҳ намуда, чиҳати карздорӣ аз музди меҳнати кормандон баромад намуда, иброз намуданд, ки масъалаи бартараф намудани қарздории музди меҳнат дар баъзе корхонаву ташкилот ташвишовар мебошанд. Дар баъзе аз корхонаҳо қарзи музди меҳнат аз солҳои пешин то ба имруз омада расида, руз ба руз меафзояд. Аз ҳамин хотир ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳое, ки аз музди меҳнати кормандон карздорӣ доранд дастур дода шуд, ки ҳарчӣ зудтар онро бартараф намоянд.

Баъд аз баромади муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди корӣ оид ба қарздории музди меҳнат сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Сайфуллозода Ҷамшедхон баромад намуда, вазъи қарздории музди меҳнати кормандонро дар корхонаву ташкилотҳои вилояти Суғд маълумот дод.

Дар охир ба шахсони масъул, аз ҷумла сохторҳои вазорат ҷиҳати таъмини шаффофияти нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба карздорӣ аз музди меҳнат ошкор, пайгирӣ ва бартараф намудани қарздории ташкилоту муассисаҳо аз пардохти музди меҳнат супоришҳои мушаххас дода шуд, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки аз музди меҳнат карздорӣ доранд, ӯҳдадорӣ гирифтанд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҳарчи зудтар қарздориро бартараф намоянд.

WhatsApp Image 2025-07-04 at 11.30.49

WhatsApp Image 2025-07-04 at 11.30.50

WhatsApp Image 2025-07-04 at 11.30.49 (1)

Яндекс.Метрика