ВОХӮРИИ НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Санаи 4 уми сентябри соли 2025 дар асоси Нақша-чорабиниҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои нимсолаи дуюми соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои зиддикоррусионии кормандон вохурӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ муовинони сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Имомзода Бадриддин., кормандони дастгоҳи марказии хадамот, ва кормандони воҳидҳои сохтории маҳаллии хадамот иштирок намуданд.
Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Раҳмонзода Фаромарз иштирок ва доир ба мавзуи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бар зидди коррупсия” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маърӯза намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух дод.
Дар маърӯза ҳолатҳои гуногуни даст задан бо коррупсия ва оқибатҳои он, пешгирии ҳолатҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, аз ҷумла масъалаҳои пешгирӣ ба амалҳои коррупсионӣ ҳангоми иҷрои уҳдариҳои мансабӣ ҳангоми назорати риояи қонунгузории меҳнат, меъёрҳои бехатарии меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, баргузор намудани озмунҳои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ, ҳамчунин хатарҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, хурофотпарастӣ ва дигар амалҳои номатлуб фаҳмонида шуд.