Ташаббус ва пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат — заминаи асосии ҳуқуқӣ дар таҳия ва қабули Конститутся дар таҳрири нав
Дар таърихи ҳар як давлате, ки ба истиқлоияти комил ноил гардидааст, қонуни асосӣ, яъне Конститутсияи он ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ эътироф гашта, муқаррароти он ифодакунандаи манфиатҳои миллӣ, сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ ва муайянкунандаи дурнамои давлат ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолият Конститутсияи худро таҳия ва сатҳи ҳуқуқии онро бо беҳтарин конститутсияхои давлатҳои муттарақии дунё баробар намуда, ҳадяи мардуми шарифу маърифатпарвари худ намудааст. Боиси таассуф аст, ки баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсири душманони хориҷӣ ва дохилӣ ба гирдоби мухолифатҳои дохилӣ афтод ва ватани азизи мо ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ рӯ ба рӯ гардид.
Натиҷаи мухолифатҳои дохилӣ, таъсири беназмию беқонунӣ, дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ сабаби маҷбуран ба истеъфо рафтани панҷ Ҳукумат гардида, бесарусомонӣ саросари кишвари азизамонро фаро гирифта буд.
Замоне фаро расид, ки аз даҳшати оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ба мушкилоти бузурге рӯ ба рӯ гашт, чунки коре буд басо мушкил ва барои наҷоти миллат ва Ватан садоқати фавқулода ва ҷонфидоӣ тақозо мешуд. Даҳшати ҷанг ва бесарусомонӣ ба афкори масъулини ҳамон замон то андозае таъсир гузошта буд, ки ҳангоми баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ касе ҷуръати ба зимма гирифтани зимоми давлатдориро надошт. Дар чунин вазъи ноорому даҳшатбор шахсияти ҷонфидое аз ҷомеъа тақозо мегардид, ки ба ивази ҷону тан тамоми ҳастияшро баҳри наҷоти ватану миллат мебахшид. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар то андозае ба мушкилӣ дучор гардида буд, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва сарҷамъ намудани мардуми ба таҳлукаафтодаи кишвар шахсияти дорои хираду дониши сиёсӣ, иқтисодӣ, сиёсатмадору давлатшиноси ба миллату ватан содиқ ва ҷонфидою дорои ҷуръати фавқулода амри зарӯрӣ гардида буд.
Хушбахтона, бахти миллати тоҷик баландӣ намуд, инояти офаридгори кулли мавҷудот ба миллат насиб гашт ва дар арсаи сиёсат марде ворид гашт, ки боиси наҷот ва оромию суботи кишвари азизамон гардида, ба ҷароҳатҳои мардум дармон шуд ва дар дили мардуми тоҷик шуълаи умед ба ояндаро шуълавар намуд.
Яъне, дар ҳамин вазъи басо хатарнок ва тақдиршикану ноором фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба зимма гирифта ҷон ба каф нииҳоданд, тану ҷон ва тамоми ҳастияшонро ба хомуш намудани оташи ҷонгудози ҷанги таҳмилӣ бахшиданд.
Ҳамзамон, аз ҳамин вақт оғоз намуда, вазифаи таърихии эҷод ва таҳияи Конститутсия- ро низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯши худ гирифта, дар эҷоди он дастуру супориш ва тавсияву маслиҳатҳои манфиатбор ва беназир пешкаш намуданд.
Роҳбари хирадманду раиятпарвари давлат дар иҷрои ин масъулияти басо муҳим бо дарки оқибатҳо вазифаи худро дар назди наслҳои имрӯз ва фардои Ватан дар сатҳи баланди касбӣ ва садоқати беназир ба миллат иҷро намуданд.
Бо маслиҳат ва тавсияҳои шахсияти нотакрори таърихӣ, бо назардошти дарк ва муҳиммияти таърихии таҳияи Конститутсияи нав, Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис дод. Гурӯҳи корӣ дар муддати шаш моҳ бо назардошти дастовардҳои илмӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва анъанаҳои миллӣ ду лоиҳаи Конститутсияро омода намуд. Як лоиҳаи Конститутсия хусусиятҳои ҷумҳурии президентӣ – ро ифода намуда, лоиҳаи дуюм хусусиятҳои ҷумҳурии парлумониро дар бар мегирифт. Бо дарки масъулияти баланди таърихӣ, таҳлили дақиқи воқеияти ҷорӣ, набудани таҷрибаи ниҳоӣ, омилҳои асосии идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ, аз ҷумла набудани ҳизбҳо ва созмонҳои таҷрибадор ва монанди инҳо, таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои манфиатбори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди бевоситаи Ӯ ба муҳокимаи умумихалқӣ лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ пешниҳод гардид, ки он шакли идоракунии президентиро пешбинӣ намуда буд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ҷараёни муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1,5 миллион нафар шаҳрвандони кишвари азизамон бо дарки масъулият иштирок намудаанд.
Боиси сарфарозист, ки дар моҳи ноябри соли 1994, лоиҳаи Конститутсия ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуда, аз истиқболи мардуми тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик бархӯрдор гардид.
Аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита натиҷаи заҳмату талошҳои хастанопазир ва ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, роҳи ояндаи кишвари азизи Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян гардида, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дар меҳвари сиёсати давлатии ҷумҳурии мо мавқеи хос пайдо намуд.
Мардуми Тоҷикистон Конститутсия- ро ҳамчун санади тақдирсоз ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ якдилона пазируфт.
Пешвои муаззами миллат дар бораи якдилона пазируфтани ин санади тақдирсоз чунин иброз намудаанд: «Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд».
Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 ба вуқӯъ пайваст, бори дигар мардуми тоҷик аз лиҳози ҳуқуқӣ ба ҷаҳониён истиқлолияти комили худро муаррифӣ намуд. Дар ин санади аз лиҳози ҳуқуқӣ бениҳоят муҳим ва тақдирсоз мамлакати мо расман давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи навини тоҷикон гузошта шуд.
Бо камоли эҳтиром ва эътирофи заҳматҳои хастанопазири шахсияти нотакрори таърихӣ, фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоем, ки Нақши Пешвои муаззами миллат дар ҷараёни амалӣ намудани меъёрҳои конститутсионӣ низ бениҳоят бузург ва беназир мебошад. Маҳз, бо ташаббусҳои пайгирона ва пайвастаи Пешвои муаззами миллат фаъолияти мақомоти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ҳуқуқӣ танзим гардида, мавқеи он устувор гардид ва дар рушду суботи кишвар, дар пешбурди сиёсату давлатдорӣ мақомоти конститутсионӣ саҳми арзишманди худро гузошта истодааст.
Конститутсия ин маҳсули тафаккури инсонӣ маҳсуб ёфта, вобаста аз тақозои замон ва рушди сатҳи сиёсӣ ва иҷтимоии давлат ногузир дар давраҳои муайян ба тағйиру иловаҳо эҳтиёҷ пайдо менамояд.
Дар тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, ки давраҳои мухталифро дар бар мегирад саҳми босазо ва беназири Роҳбари давлат, Пешвои миллат басо бузург буда, ҳамрадифи тақозои замон саривақтӣ ва зарурӣ буданд ва бевосита бо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат рӯи кор омадаанд.
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони бесарусомонӣ ва нооромиҳои мамлакат қабул гардида буд, марҳила ба марҳила се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин тағйирот ба устувор гардидани таъмини волоияти қонун, таъмини низому тартиботи ҷамъиятӣ, афзалият ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардуми кишвар мусоидат намуданд.
Ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ба амал баровардани ислоҳоти конститутсионӣ дар ин давраҳо бо мақсади таъмини рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон, мутобиқсозиҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ бо меъёрҳои ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ, таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ нақши бевосита ва муассир доштани Пешвои муаззами милат дар такмил ва таҳкими асосҳои сохтори конститутсионии давлати тозабунёди тоҷикон бараъло инъикос мегарданд.
Боиси ифтихору сарафрозӣ ва таскини ҳамаҷонибаи кулли мадуми кишвар аст, ки вазъи риояи меъёру талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи қабул гардидани он то инҷониб, инчунин муассиртар гардонидани нақши он дар тарбияи худшиносии аҳли ҷомеа, ки барои баланд бардоштани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун иқдоми басо муҳим ва амри зарурӣ мебошанд, пайваста таҳти назари бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор доранд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки ин иқдоми Роҳбари давлат ҳамчун тадбири зарурӣ, саривақтӣ ва муҳими замон ба ҳисоб рафта, барои дар амал татбиқ гардидани муқаррарот ва меъёрҳои Конститутсия, инчунин риоя ва иҷрои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсия сарашма мегиранд, аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Бо дарки эъироф бояд қайд намуд, ки дар ҷомеаи суннатии мо, ки давоми муддатҳои тулонӣ, яъне асрҳо таҳти таъсири анъанаҳои гуногуни динию идеологӣ шакл гирифта буд, таъмин ва ташкили низоми наву одилона ва устувору муосир, инчунин устувор намудани пояи меъёрҳои ҳуқуқии баробар ба сатҳи байналмилалӣ кори осону содда набуд. Маҳз бо талошҳои пайвастаю хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси санади асосӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худро, яъне ба танзим даровардани муносибатҳои суннатию муосири ҷомеаи моро иҷро намуда истодааст. Конститутсияи наву тозаиншо барои наслҳои оянда барои рушду субот, сулҳу оромӣ пешрафту шукуфоии кишвару миллати тоҷик мусоидат хоҳад намуд. Аз ҳама муҳим, Конститутсия роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат буда, ҳамчун санади тақдирсоз, чун бахтномаи сарнавиштсоз кафили ҳуқуқу кафолатҳои мардум буда, моро ба сӯйи ояндаи неку дурахшони роҳнамоӣ мекунад, истиқлолияти ҷовидонии Тоҷикистони азизи моро таъмин менамояд.
Бо боварии комил метавон изҳор намуд, ки 31-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неру ва илҳоми тоза мебахшад.
Ҳамватанони гиромӣ, мо ҳамагон дар арафаи ҷашни 31- мин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Бо сарфарозӣ ва ифтихор аз ин ҷашни бузурги миллӣ, якояки мардуми Тоҷикистонро ба ин рӯзи мубораку муқаддас, рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо самимияти хос табрику таҳният гуфта, ба кулли мардуми Тоҷикистон тансиҳатӣ, рӯзгори хуш, суботу оромии кишвари азизамон ва сулҳи пойдору истиқлолияти ҷовидониро таманно дорам.
Ҳамзамон, бо боварии комил изҳор менамоям, ки дастгирӣ ва пайравӣ аз сиёсати пешгирифта ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили сулҳу амнияти миллӣ, суботу оромии кишвар, рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷавъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷумҳурии азизамон ба шумор меравад.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад ҳамватанони азиз.
Сардори Хадамоти назорати
давлатӣ дар соҳаи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
С. Маҳмадзода









