31 СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК

Имрӯз 5 ноябри соли 2025 дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба 31-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори Хадамот, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ширкат варзиданд.

Чорабинии тантанавиро сардори Хадамот муҳтарам Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад баъди садои Суруди миллии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, тамоми кормандони Хадамотро ба 31-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Иброз доштанд, ки аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита натиҷаи заҳмату талошҳои хастанопазир ва ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, роҳи ояндаи кишвари азизи Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян гардида, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дар меҳвари сиёсати давлатии ҷумҳурии мо мавқеи хос пайдо намуд.

Мардуми Тоҷикистон Конститутсия- ро ҳамчун санади тақдирсоз ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ якдилона пазируфт.

Пешвои муаззами миллат дар бораи якдилона пазируфтани ин санади тақдирсоз чунин иброз намудаанд: «Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд».

Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 ба вуқӯъ пайваст, бори дигар мардуми тоҷик аз лиҳози ҳуқуқӣ ба ҷаҳониён истиқлолияти комили худро муаррифӣ намуд. Дар ин санади аз лиҳози ҳуқуқӣ бениҳоят муҳим ва тақдирсоз мамлакати мо расман давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи навини тоҷикон гузошта шуд.

Итминони комил дорем, ки бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи муқаррароти ин санади муҳими тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар дар ҳамдастию ҳамфикрӣ пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшида, бобати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ҷаҳду талош мекунанд.

Дар идомаи чорабинӣ корманди Хадамот Назарова Дилноза маъруза намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, нақш ва ҷойгоҳи Конститутсияи кишварро дар давоми 31 соли қабули он ба таври возеҳу равшан ба ҳозирин манзур намуд.

Дар охири чорабинӣ сардори Хадамот қайд намудан, ки дастовардҳои бузургтарини мо пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни халқи тоҷик аст, ки ин ҳама маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои муаззами миллат,Президенти  кишварамон  Ҷаноби  Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ва заҳмату кӯшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардидааст.

Бо назардошти ин, ҳар як шаҳрванди бедордилу баору номуси кишварро зарур аст, ки ин бахтномаи миллатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, меъёрҳои онро бечуну чаро иҷро намоянд.

Хадамоти назорати давлатӣ  дар соҳаи 

меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

CRFB7924

IMG_E5784

Снимок экрана 2025-11-07 115623

IMG_E5799

IMG_5817

 

Яндекс.Метрика