Баргузории семинари машваратӣ бо кормандони масъули ташкилоту корхонаҳо дар шаҳри Душанбе
Санаи 13 ноябри соли 2025 дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинари машваратӣ ҷиҳати иҷрои банди 8 ва 9-уми Нақшаи чорабиниҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026, инчунин вобаста ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқаманд мебошад баргузор гардид. Дар семинари мазкур сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳоли Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад муовини якуми Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, муовини Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 138 нафар кормандони масъули ташкилоту корхонаҳои аз музди меҳнат қарздор аз ҷумла, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷагии таҷрибавии “Сумбула”-и шаҳри Ҳисор, ҶСК “Турсунзодагаз”-и шаҳри Турсунзода, Муассисаи давлатии “Хоҷагии манзилию каммуналӣ ва сохтмони”-и шаҳри Ваҳдат, КДФ “Кони ангишти Назарайлоқи”-и ноҳияи Рашт, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр”, ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Шоҳмансур ва соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Семинари машваратӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2026, оид ба қарздорӣ аз музди меҳнат ва дигар муносибатҳои бевосита ба онхо алоқаманд, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муқаррар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат равона гардидааст, инчунин пешгирии нобаробарии андозаи музди меҳнати кормандон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар корхонаҳои муштарак ва хориҷиҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ бо намояндагони ташкилоту муассисаҳо сардори Хадамот оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии қарздорӣ аз музди меҳнат, тафриқабандии музди меҳнати кормандони хориҷӣ ва ватанӣ, фарқиятгузорӣ ва табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ, андозаи музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба музди меҳнат алоқамандро қайд намуда, таъкид намуданд, ки масъалаи мазкур доимо дар зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин, сардори Хадамот таъкид намуданд, ки қарздорӣ аз музди меҳнат, ин риоя накардани талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат буда, барои чунин кирдор андешидани чораҳо дар шакли ҷазои интизомӣ, ҷазои маъмурӣ ва ҷазои ҷиноятӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ пешбини гардидааст. Дар семинари мазкур мутахассисони шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, шӯъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ва намояндагони Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, моҳияти бастани шартномаи коллективӣ шартномаи меҳнатӣ ва инчунин нақши иттифоқҳои касаба дар раванди муносибатҳои меҳнатӣ суханронӣ намуданд. Дар семинари мазкур, қисме аз намояндагони корхонаву муассисаҳо вобаста ба мушкилиҳои марбут ба ин мавзӯъ суханронӣ намуда, ба саволҳои худ оид ба, танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқаманд, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муқаррар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат оид ба пардохти музди меҳнати иловагӣ, вақти корӣ, изофакорӣ, рухсатии меҳнатии иловагӣ, рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ва дигар ҳолатҳое, ки ба муносибатҳои меҳнатӣ алоқамандӣ доранд, аз ҷониби кормандони Хадамот посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд. Дар фарҷоми семинар якқатор масъалаҳо аз қабили батанзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми қабул ба кор, моҳияти бастани шартномаи меҳнатӣ, моҳияти бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, расмиёти бо қонунгузорӣ муқарраршудаи қабул ба кор, тартиби амалӣ намудани рухсатиҳои меҳнатӣ ва рухсатиҳои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, баинобатгирии вақти кории кормандон, тартиби пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, тартиби пардохт ва муқаррар намудани иловапулиҳо барои кор дар шароити зарарнок ва хатарноки меҳнат, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандон, риояи стандартҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, аҳамияти қонунигардониии муносибатҳои меҳнатӣ, пурра бартараф намудани шуғли ғайрирасмӣ таъмини ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо ва кормандон ва дигар масъалаҳои марбут ба муносибатҳои меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Семинари мазкур дар доираи саволу ҷавобҳои сершумор дар мавзӯъҳои дар болозикргардида ҷараён гирифта, ҳозирин аз рафти он изҳори қаноъатмандӣ намуданд.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ









