НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ СУБОТИ ДАВЛАТ ВА САОДАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

 

«Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ, ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд».   Эмомалӣ Раҳмон.

Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳои барҷасте зуҳур мекунанд, ки тамоми ҳастии худро ба миллат бахшида, чеҳраи миллатро аз лиҳози фарҳангиву маърифатӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир дода, маънавиёти онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд. Бо боварии комил метавон изҳор намуд, ки барои миллати тоҷик чунин шахсият  Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Суханони дар боло зикргардида, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар китобашон “Чеҳраҳои мондагор” оварда шудаанд, нишонаи садоқат ва муҳаббат ба ватану миллат мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ба ҳисоб мераванд, ки дар як лаҳзаи барои миллат даҳшатбор, авҷи хушунатҳои дохилӣ, вазъи ноҳамвори иқтисодӣ, системаи фалаҷгаштаи сохти сиёсӣ ва иҷтимоии  даврони шуравӣ ба арасаи сиёсат қадам гузошта, бори гаронеро бар души худ гирифтаанд. Дар он лаҳзаҳои пуризтироб касе зимоми далатдориро ба уҳда гирифтан намехост ва ҷуръати ба майдони сиёсат баромадан марди ҷонифидоеро тақозо менамуд.

Таърих гувоҳ аст, ки ба хатарҳои дохилӣ ва хориҷӣ нигоҳ накарда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф ниҳода, барои наҷоти ватану миллат ба арсаи сиёсат баромаданд. Ин иқдоми наҷотбахши Пешвои миллат дар дили хурду бузурги миллати баизтиробафтодаи тоҷик шуълаи умедро шуълавар намуд. Иқдоми сафобахшандаи Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон нафаронеро, ки  ба ояндаи нек бовариашонро гум карда, шуълаи умед ба оянда дар дилашон хомуш гардида буд, руҳу илҳоми тоза бахшида, теъдоди мардони худогоҳу худшиносеро, ки он лаҳзаҳо дар паҳлуи Пешвои миллат буданд, пурра намуд.

Дар ҳамин радиф, дар саҳифаи аввали китоби «Дурахши саодати миллат» омадааст: «Дар раванди таърихи навини давлатдории тоҷикон санаҳои саъди тақвимие, ки бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд, хеле зиёданд ва ҳар кадоме ин рӯзҳои хотирмони таърихӣ аҳамияти хоси худро дошта, нишона аз саодату комёбӣ, пешрафт, муваффақият ва ин амсол дастовардҳои миллӣ дониста мешаванд. Дар ин қатор яке аз хотирмонтарину дурахшонтарин санаҳои саъди ҳамасола аз тарафи давлату миллат дар сатҳи баланд таҷлилшаванда, рӯзи саъду мубораки барпошавии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки 16 ноябри соли 1992 дар вазъияти басо мураккабу тақдирсози миллат дар Касри  Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, воқеан ба ҳайси рӯйдоди бузурги таърихӣ дар таърихи миллат саҳифаи нав боз намуд. Ин рӯзи пуранвори таърихи миллат боиси умеду боварии миллион қалбҳо ба ояндаи дурахшон гардида, ба ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистониён пайки саодату нур овард, аз анҷоми ҷанги дохилии таҳмилӣ ва оғози сулҳи тоҷикон дарак дод ва муҳимтар аз ҳама, сарвари боқудрату тавонои миллату давлат, фарзонафарзанди тоҷикон, шахсияти пурмеҳру баор, Поягузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомали Раҳмонро рӯи кор овард».

Маврид ба таъкид аст, ки ҳамаи талошу кӯшишҳои ин шахсияти нотакрору бузурги таърихӣ дар ибтидои оғози рисолати таърихияшон ва дар марҳилаи бештар аз се даҳсолаи даврони соҳибистиқлолӣ хусусияти созандагию бунёдкорӣ дошта, ҳадаф аз ҳамаи тадбирҳои андешидаи Пешвои миллат ба таъмини сулҳу субот, амнияти миллӣ, рушди соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ,  истиқлолияти комил ва ба талаботи замони муосир баробар намудани сатҳи рушди ҳамаи соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла  ҳаёти ҷамъиятии мардум  нигаронида шуда аст.

Ҳамзамон, дар ҳамин радиф дастовадҳои зерин, аз қабили  ташкили низоми ҷавобгӯй ба ниёзҳои мардум, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу субот, таҳияи низоми нави ҳуқуқӣ, бунёди таҳкурсии иқтисоди миллӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ, таҳкими иқтидори энергетикӣ, қадами устувор ба самти саноаткунонии мамлакат, пайвастани ҷомеа ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҳамчун миллати сиёсатшинос, сазовор шудан ба эътироф дар арсаи байналмилалӣ оид ба мавқеъ дар ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дастовардҳои нодири ҳалқи тоҷик ба шумор мераванд, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат ба даст омада, дар марҳилаҳои гуногун ташаккул ва такмил ёфта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудаанд.

Мунсифона, мавриди зикри хос аст, ки ҳануз дар ҳамон рӯзҳои нахустини баргузории Иҷлосияи 16 — ум, пас аз якдилона ба вазифаи пурмасъули давлатӣ-Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳазор умеду таманно ба он кас ваколати Сарвари давлат дода шуд. Ҳамин минвол, ба ӯҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмину волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ва муҳимтар аз ҳама, хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, таъмини  сулҳу суботи сартосарӣ, устуворсозии пояҳои давлатдории миллӣ ва таъмини суботи давлат вогузор гардиданд.

Ҳамин тариқ, пас аз интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозатаъсисе ба фаъолияти густурда  шуруъ намуда, нахустин қадамҳои амалкардаашро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон шуруъ намуд.

Бо назардошти ҳамин нуктаҳо, ҳамаи дастовардҳо ва натиҷаҳои дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бадастомада, натиҷаи  саъю талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ, натиҷаи хирад ва заковати фавқуллодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Маҳз интихоби дурусти шакли идоракунии давлат, дар асоси меъёрҳои Конститутсия ташкили низоми ҳуқуқии кишвар, мақоми қонунии худро пайдо намудани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, эътироф гардидани парчам, нишон ва суруди миллӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ, муайян гардидани дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон, моликияти истисноии давлат будан  ва имкони истифодаи озоди сарватҳои фарҳангиву маънвӣ ва эътибори олӣ пайдо намудани Конститутсия заминаи ҳуқуқӣ барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гашта, бевосита тавассути иродаи оҳанини Пешвои миллат ба даст омадаанд.

Интихоби Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 16 ноябр амри тасодуф набуда, ба тақдири имрӯзаву ояндаи халқи тоҷик пайвастагии тақдиру қисмат аст ва ин дастовард бевосита иродаи мардуми шарафманду маърифатпарвари тоҷик мебошад.

Ҳамчунин, 15-уми ноябри соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар заминаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” баррасӣ ва қабул карданд ва дар асоси он ҳамасола 16-уми ноябр ба унвони Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Ба ибораи дигар, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни давлатдории миллие мебошад, ки ба шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбари сиёсӣ ва пешвои миллӣ алоқамандии бевосита дорад.

Ҳар як фарди соҳибмаърифат ва дорои сатҳи баланди тафаккуру маънавиёт эҳсос менамояд, ки давлатсозӣ ва бархурдорӣ аз илми давлатшиносӣ кори саҳлу соддае нест.

Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тӯсӣ, машҳур бо номи Низомулмулк, шахсияте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику форс бо эҷод намудани «Сиёсатнома» мавқеи босазое ишғол намудааст, дар сархати аввали ин асари машҳури хеш роҷеъ ба бузург будани мавқеи сарварони донишманд, кордону бомаҳорат ва содиқу вафодор дар кори идораи давлат ба таври возеҳу равшан ишора намудааст. Сифатҳои зикргардидаи донишманд имрӯз дар симо ва фаъолияти Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ таҷассуми худро ёфтаанд.

Ҷомеашиносони ватаниву хориҷӣ чунин мешуморанд, ки  барои бунёд ва суботи давлат, махсусан давлати миллӣ, арзи вуҷуди шахсиятҳои асилу роҳнамо ва дорои маҳорати сиёсӣ басо муҳим ва амри зарурист. Аз ҷониби дигар, шахсиятҳои бузурги сиёсӣ бо талошҳои шабонарӯзӣ ва мунтазаму содиқонаи худ сохтмони давлату давлатдориро маҳак ва меъёри фаъолияти худ қарор дода,  баҳри рушду пешрафти давлату миллат аз ҳама гуна манфиат даст кашида, баҳри расидан ба мақсадҳои волои таърихӣ ҷоннисорӣ менамоянд.

Бо такя ба хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини Тоҷикистони азизамон, комёбӣ дар таъмини суботу оромии кишвар, рушди эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ҳамаи ин дар маҷмӯъ  бевосита аз самараи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.

Сиратҳои сутуда, ҳунари волои роҳбарӣ, хираду дониши фавқулодда, адолатпарварӣ ва инсондӯстӣ, майлу рағбат ба рушди иҷтимоии аҳли ҷомеа, масъулият ва истиқлолияти фикрии баргузида, маърифат, тадбирандешӣ, одилию хислатҳои наҷиби инсонпарваронаи роҳбари имрӯзаи давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суботи давлати тоҷик ва саодати миллати тоҷикро таъмин намуданд.

Пиру барнои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона ва бо самимияти хоса мегуяд, ки рӯйдодҳои бузурги таърихӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсию иҷтимоӣ маҳсули роҳбарии хирадмандона ва адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар шаҳрванди Ватани маҳбубамон Ҷумҳурии Тоҷикистон нурафшон бошад ва фазои Тоҷикистони азизи мо ҳамеша беғубор бод!

Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад,

сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар

соҳаи меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Яндекс.Метрика