Вобаста ба баргузории Ситоди корӣ оид ба қарздории музди меҳнат дар вилояти Суғд
Санаи 2-уми декабри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаҳои Ситоди кории вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди кори оид ба қарздории музди меҳнат дар вилояти Суғд, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мутахассисони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба муайян, пешгирӣ ва бартарафсозии қарздорӣ аз музди меҳнат бо иштироки бевоситаи раисони ситодҳои шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаҳоие, ки аз музди меҳнати кормандон карздорӣ доранд баргузор гардид. Сар аввал ҷаласаро муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди корӣ оид ба қарздории музди меҳнат ифтитоҳ намуда, чиҳати карздорӣ аз музди меҳнати кормандон баромад намуда, иброз намуданд, ки масъалаи бартараф намудани қарздории музди меҳнат дар баъзе корхонаву ташкилот ташвишовар мебошанд. Дар баъзе аз корхонаҳо қарзи музди меҳнат аз солҳои пешин то ба имруз омада расида, руз ба руз меафзояд. Аз ҳамин хотир ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳое, ки аз музди меҳнати кормандон карздорӣ доранд дастур дода шуд, ки ҳарчӣ зудтар онро бартараф намоянд. Баъд аз баромади муовини Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди корӣ оид ба қарздории музди меҳнат, сардори Хадамот Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад баромад намуда, вазъи қарздории музди меҳнати кормандонро дар корхонаву ташкилотҳои вилояти Суғд маълумот дода иброз намудаанд, ки масъалаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии қарздори аз музди меҳнат, фарқиятгузорӣ ва табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ, андозаи музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба музди меҳнат алоқаманд доимо дар зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Инчунин, сардори Хадамот таъкид намуданд, ки қарздори аз музди меҳнат, ин риоя накардани талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меҳнат буда, барои чунин кирдор андешидани чораҳо дар шакли ҷазои интизомӣ, ҷазои маъмурӣ ва ҷазои ҷиноятӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ пешбини гардидааст. Дар охир ба шахсони масъул, аз ҷумла сохторҳои вазорат ҷиҳати таъмини шаффофияти нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба карздорӣ аз музди меҳнат ошкор, пайгирӣ ва бартараф намудани қарздории ташкилоту муассисаҳо аз пардохти музди меҳнат супоришҳои мушаххас дода шуд, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки аз музди меҳнат карздорӣ доранд, ӯҳдадорӣ гирифтанд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҳарчи зудтар қарздориро бартараф намоянд.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи
меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ









