Паём: Инъикоси нуқтаҳои меҳварии сиёсати хориҷӣ дар Паёми Сарвари давлат
(Дар ҳошияи Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ)
Дар ҷаҳони мутамаддин аксаран Паёми сарвари давлат хоси давлатҳои низомашон демократӣ мебошад. Баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ба низоми нав – демократӣ рӯ овардан ва дар ин замина ташаккул ёфтани парламенти касбӣ дар кишвар ҳар сол Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад. Паёми Сарвари давлат мустақиман дар тамоми шабакаҳои давлатӣ пахш карда мешавад. Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъана дар Паёми хеш натиҷаи соли сипаришударо ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои соли оянда муайян менамоянд.
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гувоҳи дастовардҳои ҷадид ва рушди босуботи Ватани азизамон мебошад. Махсусан, аз Паём бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикстон дар соли 2025 дар самти сиёсати хориҷии худ таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба дастовардҳои саршор аз манфиат ва мондагор ноил гаридидааст. Албатта, дар фазои имрӯзи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамон давлате мавқеашро устувор ҳифз карда метавонад, ки пеш аз ҳама қудрати зеҳнӣ ва ваҳдати миллииаш таҳким ва вобаста аз тақозои замон такмилёфта бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала махсус таъкид намуданд, ки «Вазъи мураккаб дар манотиқи мухталифи дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно боиси нигаронӣ боқӣ мемонад».
Вобаста аз ин, дар чунин шароити бисёр мураккаб моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогирро боз ҳам тақвият бахшем.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод.
Дар ин радиф, ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву маориф тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар маҷмуъ, Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад кард. Таҳкими мақоми давлат ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз иродаи сарвари давалат вобастагии муҳим дорад. Дар айни замон мо ҳамагӣ шоҳид мебошем, ки тавсеаи нуфузи Тоҷикистон аз талошу ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлат боис гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ гомҳои устувор ва самарнок гузорад. Эътирофи ташаббусҳои башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ аз муаррифии шоистаи миллати тоҷик ҳамчун халқи тамаддунофар ва ҳамгиро шаҳодат медиаҳд.
Махсусан, чунин нуктаҳои Паёми Сарвари давлат аз эътироф ва дастгирии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хабар медиҳад:
– Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба саҳнаи сиёсат ворид шудан муносибати неки ҳамсоягиро дар меҳвари сиёсати хориҷии давлат қарор дода, бо кишварҳои ҳамсоя ба роҳ мондани чунин муносибатро омили муҳимми рушди устувори Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Махсусан, ба роҳ мондани чунин муносибат бо кишварҳои ҳамҷавору дӯст – Қирғизистон ва Узбекситон дар мадди назар қарор дошт ва дар ин самт Пешвои миллат ташаббусҳо ва ибтикороти зиёде аз худ нишон доданд. Имзои шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлати самараи сиёсати муваффақ ва инсондӯстонаи сарварони ду кишвари ҳамҷавор мебошад. Пешвои миллат бо ташаббус ва дигар ибтикороти инсондӯтонаи хеш бори дигар собит намуд, ки на танҳо ташаббускори сулҳ дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Дар ин замина шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозад. Акнун, дар заминаи ин ташаббусҳои мондагори Сарвари давлат заминаи рушди устувори ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар гузошта шуд. Ба ҳам овардани мардум ва таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон ва минтақа аз рӯзҳои нахуст принсипи меҳварии мактаби давлатдории Пешвои миллат маҳсуб меёфт.
– Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Дар доираи ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат соли 2025 қалби тоҷикони ҷаҳон – шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сатҳи баланди ҷаҳонӣ гардид. Конфронси мазкур рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардида, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ, сиёсатмадорон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ҷамъ оварад. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо на танҳо як чорабинии илмию экологӣ, балки як воситаи муҳимми сиёсӣ ва башардӯстона низ буда, он ба муттаҳидсозии глобалии кӯшишҳо барои ҳифзи пиряхҳо, таъмини ояндаи устувори миллионҳо инсоният ва экосистемаҳо мусоидат менамояд. Мақсади меҳварии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо мебошад.
– 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Қабули қатъномаи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳсор» далели эътирофи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор ва пешоҳанги ҳалли масоили марбут ба об, иқлим ва пиряхҳо буда, нақши бузурги Ватани моро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳифзи муҳити зист ва таъмини ояндаи устувори башарият нишон медиҳад. Иқдоми мазкур идомаи мантиқии ташаббусҳои қаблии байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим буда, аз ҳамаи давлатҳои аъзо ва шарикони рушд даъват ба амал меорад, ки саъю талошҳои худро дар самтҳои андешидани тадбирҳои саривақтӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани устувории экологӣ тақвият бахшанд. Дар ин хусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ доранд».
– Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Қатъномаи мазкур ҳолати нодирии Осиёи Марказӣ – иқтисодиёти гуногун, мероси фарҳангии бой ва мавқеи ҷуғрофии стратегӣ – ва потенсиали зеҳни сунъиро барои ҳалли мушкилот дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, тиҷорат, молия, тандурустӣ ва ғайра эътироф мекунад. Он аз давлатҳои узв ва ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунад, ки дар ҳамкорӣ ширкат варзанд. Қатъномаи A/79/L.94 бо дастгирии кулли давлатҳо қабул шуда, ба истифодаи бехатар, масъулиятнокӣ ва ахлоқ асосёфтаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ менамояд. Дар Қатънома муқаррароти зерин дарҷ гардидаанд: Механизмҳои худтанзимкунӣ: Таъсиси стандартҳои минтақавӣ барои идоракунии зеҳни сунъӣ, ки мувозинати байни танзим ва навоварӣро таъмин мекунад, Рушди устувор: Истифодаи зеҳни сунъӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар Осиёи Марказӣ, Ҳамкорӣ: Пешбурди барномаҳои муштарак дар самтҳои омӯзиш, таҳқиқот ва инфрасохтор.
– Қабули қатънома зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Имрӯз, дар замони ҷаҳонишавӣ, афзоиши низоъҳои сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ, арзишҳои башардӯстонаи «Устувонаи Куруш» беш аз ҳарвақта муҳим ба назар мерасанд. Эъломияи Куруши Кабир, ки беш аз 2500 сол қабл навишта шудааст, на танҳо хотираи таърихӣ, балки оинаест, ки ҷомеаи имрӯз метавонад дар он арзишҳои инсониро бозёбад: эҳтироми ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон, ҳамзистии осоишта ва баробарии миллатҳо.
Қатъномаи ЮНЕСКО, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қабул гардид, далели он аст, ки ғояҳои башардӯстонаи гузашта то ҳол қудрати илҳомбахш доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо таъкиди ҳифз ва муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон, рӯҳияи Куруши Кабирро ба замони муосир пайванд доданд. Имрӯз, ҳангоме ки ҷаҳон ба таҳаммул, адолат ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад, «Устувонаи Куруш» метавонад ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангҳо ва пойдории сулҳ хидмат кунад. Ин санад моро ба он омӯзиш медиҳад, ки қудрати ҳақиқӣ дар меҳрубонӣ, хирад ва эҳтиром ба инсон аст – арзишҳо ҳамон тавре дар аҳди қадим барои башарият муҳим буданд, имрӯз низ меҳвари давлатдории муосир ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд.
– Бо ташаббуси Пешвои миллат ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж.
Дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардид, ки соли 2025 бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад: Дайри Буддоии Аҷинатеппа, Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа. Яке аз мавзеҳои асосии номинаи мазкур маҷмааи бостоншиносии «Қалъаи Хулбук» – боқимондаҳои қасри пойтахти Хуттали Қадим, ки мероси он ба шарофати маҷмуаи чораҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё гардид, нақши махсус дорад. Тибқи гузориши ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали Қадим, як давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои VII то XVI-и милодӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд. Ин давлат ҳамчун маркази фаъоли истеҳсолии Роҳи бузурги Абрешим ба мубодилаи арзишҳои фарҳангии минтақавӣ низ таъсири манфиатбор расонидааст.
– 12-уми декабри соли 2025 бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» талошҳои ҷаҳониро ҷиҳати пешбурди ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии таълими ҳуқуқӣ аз ҷумла, фарогирии фанҳои ҳуқуқӣ дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ; таҳкими дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ ба мақсади он ки занон, кӯдакон ва ашхоси осебпазир тавонанд ҳуқуқҳои худро беҳтар дарк ва амалӣ намоянд; дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаббусҳои маҳаллӣ, ки ба рушди огоҳии ҳуқуқӣ ва омӯзиши ҳуқуқи инсон бахшида шудаанд; ҳамчунин ташвиқи ҳамкории ниҳодҳои СММ, кишварҳои узв, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубодилаи таҷрибаи беҳтарин ва таҳкими дарки ҳуқуқ дар сатҳи глобалӣ, равона намояд. Санади мазкур соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон менамояд, ки ин рӯйдод қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ташвиқи ҷомеаҳои огоҳ, адолатпеша ва масъулиятпазир ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, қатънома нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуд, эътироф менамояд.
Ҳамин тавр, Паёми Сарвари давлат сиёсати хориҷии Тоҷикистонро бо дарназардошти ташаббусҳои байналмилалӣ ва эътирофӣ онҳо ба таври шоиста инъикос намуда, бори дигар аз мавқеи рӯзафзуни кишвар ва миллати мо хабар медиҳад. Имрӯз ҳар яке моро зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам тавсеа ёфтани мақоми байналмилаии Ватани маҳбубамон дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, дар иҷрои кор ва масъулият аз ҳарвақта дида бештар ҷиддӣ ва пурмасъул бошем. Таҳкими истиқлол ва мақоми миллату давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ аз фаъолияти бенуқсон ва содиқонаи ҳар яки мо сарчашма гирифта, пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузории бо садоқат ва самимии бевоситаи ҳар як сокини кишвар кафили рушди устувор, суботу амнияти кишвар ва рушди соҳаҳои фарҳангиву сиёсии кишвари азизамон ба ҳисоб меравад.
Заҳматҳои хастанопазир ва шабонарӯзаи Пешвои миллат дар самти рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоии кишвар, рушди устувор ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ натанҳо ба манфиати миллати тоҷик, балки бо назардошти манфиати мардуми саёра ва дар умум ба манфиати башарият саҳми беандоза муфид ва беназири Савари давлат ба ҳисоб рафта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузӣ ҷаҳонӣ пазируфта шудааст ва маҳз бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мардуми тоҷик бори дигар ҳамчун миллати созандаю бунёдгар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар
соҳаи меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад










