ҲУҚУҚИ КОРМАНДОНИ ДАР ДУ (ЯКЧАНД) ҶОЙ КОРКУНАНДА БА РУХСАТИИ МЕҲНАТӢ
Қонунгузории меҳнат муносибатҳои меҳнатӣ, шарикии иҷтимоӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро байни корманд ва корфармо ба танзим дароварда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои корманд ва корфармо, муқаррар намудани кафолату имтиёзҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат равона карда шудааст. Таъмини ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ бевосита бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дарбаргирандаи меъёри ҳуқуқи меҳнат мебошанд, ба танзим дароварда мешаванд.
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи асосии танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷумла танзимкунандаи масъалаи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ва хусусияти танзими меҳнати онҳо ба шумор рафта, бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст ва асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи меҳнат муқаррар мекунад, инчунин ба таъмини риояи манфиатҳои қонунии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ равона шудааст.
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баробари дигар масъалаҳо ҳуқуқи кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунанда ба рухсатии меҳнатӣ ба таври фарогир ба танзим дароварда, ба ҳисоб меравад. Дар заминаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар санадҳои зерқонуние амал мекунанд, ки масъалаи таъмини ҳуқуқҳои кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаро ба рухсатии меҳнатӣ ба танзим медароранд. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, №122 “Дар бораи шароити пардохти музди меҳнати кори кормандони соатбаъӣ ва дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007, №451 «Дар бораи Номгӯйи касбу вазифаҳо дар ташкилоту муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки кор дар онҳо ба рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда ҳуқуқ медиҳад», мебошад.
Дар сархати 20, моддаи 1-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми “Дар ду (якчанд) ҷой кор кардан – тибқи шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд дар баробари кори асосӣ ва ё берун аз он иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии музднок” пешбинӣ шудааст.
Дар сархати 1 моддаи 230-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки корманд ба ғайр аз ҷойи кори асосиаш, ки аллакай бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, ҳуқуқ дорад бо якчанд корфармо оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан шартномаи меҳнатӣ бандад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки корманд ҳуқуқ дорад ба ғайр аз ҷойи кори асосиаш, ки алакаи дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад, бо ду (якчанд) корфармои дигар шартномаи меҳнатӣ баста, дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор гирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян намудааст. Дар давраи дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доштани корманд ҳатман давомнокии вақти корӣ ба инобат гирифта мешавад, чунки баинобатгирии давомнокии вақти корӣ яке аз шартҳои асосии шартномаи меҳнатӣ ба шумор меравад.
Дар моддаҳои 91 ва 92-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки кормандон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар кодекси меҳнат пешбинишуда ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. Кормандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд.
Корманде, ки ба ғайр аз ҷойи кори асосиаш дар ду (якчанд) ҷой кор карда, бо корфармоён дар муносибати меҳнатӣ қарор дорад, баробари кормандони асосӣ ҳуқуқи баромадан ба рухсатии меҳнатӣ ва рухсатии иҷтимоиро дорад. Кормандони асосӣ агар тибқи ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ҳамасола ба рухсатии меҳнатӣ бароянд, пас кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунанда бошанд дар мувофиқа ба ҷойи кори асосӣ дар як вақт мебароянд.
Сархати 53 моддаи 1-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ки рухсатӣ – вақте, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти нигоҳ доштани ҷойи кору мансаб аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро бо хоҳиши худ барои фароғат, барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ ва қонеъ гардонидани дигар талабот бояд истифода намояд.
Корманд ҳуқуқ дорад ҳангоми истифодаи рухсатии меҳнатӣ аз ҷойи кори асосӣ ҳамчунин ба ҷойи кори ду (якчанд) расман муроҷиат намуда, маълумотномаи ҷойи кори асосиашро оиди дар давраи рухсатии меҳнатӣ дар ҷой кори асосиаш қарор доштан пешниҳод намояд.
Корфармо бошад уҳдадор аст, ки ҳуқуқи кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаро ба рухсатии меҳнатӣ таъмин намояд. Чунки, агар корфармо ҳуқуқи кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаро ба рухсатии меҳнатӣ таъмин накунад, рухсатии меҳнатӣ моҳияти худро аз даст дода, корманд дар як вақт дар ҷойи кории дуюм кор карда, дар ҷойи кори асосӣ истироҳат карда наметавонад.
Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 104-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандон баъди ёздаҳ моҳи фаъолияти меҳнатӣ рухсатии меҳнатӣ дода мешавад. Дар заминаи қисми 2, сархати 5-и моддаи 104-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад то ба итмом расидани 11 моҳи корӣ корфармо уҳдадор аст бо хоҳиши корманд ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асосӣ дар давраи то 11 моҳи корӣ аз рӯи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд, рухсатии меҳнатӣ диҳад.
Ҳамчунин, тибқи талаботи қисми 3, сархати 2 моддаи 107 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муайян намудани вақт ва навбати пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ дар давраи муайян ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд — дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асосӣ бояд таъмин карда шавад.
Корфармоёнро зарур аст, ки ҳангоми таъмин намудани ҳуқуқҳои кормандони дар ду (якчанд) ҷой коркунанда ба рухсатии меҳнатӣ пеш аз ҳама меъёрҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба меҳнат дар мади аввал ба инобат гиранд.

МИРЗОЗОДА ШАҲРИЁР МУНАВАР
Н.и.ҳ, мудири бахши дастгоҳи марказии
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ









