Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Таҷлили Рӯзи Модар -8 март дар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Санаи 6 марти соли равон, дар толори Хадамоти назорати давлатӣ дар сохаи мехнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар -8 март бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Хадамот дар маҳал  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро Маҳмадзода Сафаралӣ Маҳмад – сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оғоз намуда, ҳозирин, аз ҷумла бонувони Хадамотро бо фарорасии санаи муборак — Рӯзи Модар -8 март табрику таҳният гуфтанд. Мавсуф бо ибрози сипоси беандоза ва самимона иброз намуданд, ки Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол- расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд.  Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид  мегардад.

Дар идомаи чорабинӣ Сайдаҳмадзода Тоҷиддин Сайдаҳмад -сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ маъруза намуда, дар бораи нақши Зан -Модар суханҳои волою арзишмандеро ёдовар шуданд, аз ҷумла қайд намуданд, ки  дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар худ гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарону бонувони азизи мо дар ҷомеа ва нишонаи вусъат ва азамати фарҳангии таърихии миллии мост, ки ғунҷонидани  анвои арзишҳои волои инсонӣ ва маънавиро дорад.

05

04

рузи Модар 8 март

Яндекс.Метрика