Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон
« Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар ҳазораи охир аст, бо шарофати ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дубора эҳё мегарданд. Ҷашну маросимҳои мардумӣ зинда ва ғанитар гардида, худшиносиву худогоҳии миллӣ тақвият меёбад.
Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иди фархундаи Меҳргон таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд ва он ҳамчун иди миллии мардуми эронитабор бо суруру нишот ҷашн гирифта мешавад.
Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
Рӯзгори куҳани мардуми ориёӣ аз худ ба мо ду ҷашни бузурги миллиро ба мерос гузоштааст, ки онҳо ба ду баробарии сол – баҳорию тирамоҳӣ рост меоянд. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, Наврӯзу Меҳргон ду давраи калидии як соли комилро ташкил медиҳанд, ки бозтоби сохтории онҳо як давраи комили ҳаёти кайҳониро таҷассум мекунад. Тақсими сол ба ду қисми баробар, ки оғози яке ба ҷашни Наврӯзу оғози дигаре ба ҷашни Меҳргон марбут аст, аз қадимулайём дар достонҳои асотирию ҳамосаҳои дури таърихи ниёгони мо баръало ба чашм мехӯрад. Ин масъала дар оини меҳрпарастӣ ва дар Авесто, хусусан дар бахши «Меҳряшт» сабт гардидааст. Бостоншиносон низ дар ин росто корҳои ҷолиберо анҷом додаанд ва ҳайкалчаҳои гуногуни Меҳрро зимни ҳафриёт пайдо намудаанд. Меҳр ба маънои Хуршед барои табиат ва инсон ду неъмати азим – гармию равшаноӣ офарид, ки манбаи асосии зиндагии онҳо ба шумор мерафт. Партавафшонию таҷаллии нури Хуршедро инсон мазҳари офариниши олами моддӣ талаққӣ кард. Хуршедро ба падидаҳои олами моддӣ ва ҳодисаҳои иҷтимоӣ марбут сохт, фурӯғи онро мазҳари ишқ ва пайванди муҳаббат арзёбӣ намуд ва дар тулӯъу ғуруби Офтоб мазмунҳои растохезу маргро дар тафаккури инсон ба вуҷуд овард.
Меҳргон яке аз ҷашнҳои миллии ниёгони ориёии мо мебошад, ки дар гузашта мардуми мо онро дар нимаи дуюми сол ҳамчун ҷашни шукӯҳманди ҳосилғундорӣ, бардоштани самараи меҳнати кишоварзон таҷлил мекарданд. Мо ҳуқуқи комили маънавӣ дорем, ки ҷашни Меҳргонро баробари Наврӯзи хуҷастапай ҳамчун натиҷаи фаъолияти киштукори баҳории кишоварзон ва бардошти ҳосил аз Модар-Замин ба унвони намод ё рамз аз суннати дерини фарҳанги кишоварзии ориёӣ ҳар сол ҷашн бигирем.
— Абурайҳони Берунӣ дар «Осол-ул-боқия» ҷашни Меҳргонро шонздаҳумин рӯзи моҳи Меҳр ба қалам додаст. Вале чун ҳоло панҷ моҳи аввали сол дар тақвими кунунии Эрон 31 рӯзӣ эълон шудааст, ҷашни Меҳргон мувофиқи он 10-уми меҳрмоҳ- 2 октябр баргузор мегардад, таодули тирамоҳӣ бошад, ба 22 сентябр рост меояд. Ӯ ба мисли Наврӯз ҷашни Меҳргонро ба Меҳргони омма (хурд) ва Меҳргони хосса (бузург) ҷудо намуда, Меҳргони бузургро Рамрӯз номидааст.
Муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ — Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид.
Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳ Яздигурдӣ Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣ буд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад.
Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд.
Иди Меҳргон ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рӯзгор ва хушии мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон аст.
Мардум Ҷашни Меҳргонро бо нияте баргузор менамоянд, ки ҳамасола ҳосили деҳқониашон фаровон гардад, рӯзгорашон осудаю молу ҳолашон бегазанд бошад, хайру баракат аз хонадонашон канда нашавад .
Хадамоти назорати давлатӣ дар сохаи меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.